ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - තාජිකී පරිවර්තනය - රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානය

පිටු අංක:close

external-link copy
62 : 18

فَلَمَّا جَاوَزَا قَالَ لِفَتَىٰهُ ءَاتِنَا غَدَآءَنَا لَقَدۡ لَقِينَا مِن سَفَرِنَا هَٰذَا نَصَبٗا

Пас, ҳангоме ки [ба роҳ афтоданд ва аз он ҷо] гузаштанд, [Мӯсо] ба [хидматкори] ҷавони худ гуфт: «Ғизоямонро биёвар, ки аз ин сафар бисёр хаста шудаем» info
التفاسير:

external-link copy
63 : 18

قَالَ أَرَءَيۡتَ إِذۡ أَوَيۡنَآ إِلَى ٱلصَّخۡرَةِ فَإِنِّي نَسِيتُ ٱلۡحُوتَ وَمَآ أَنسَىٰنِيهُ إِلَّا ٱلشَّيۡطَٰنُ أَنۡ أَذۡكُرَهُۥۚ وَٱتَّخَذَ سَبِيلَهُۥ فِي ٱلۡبَحۡرِ عَجَبٗا

[Юшаъ] Гуфт: «Ба ёд дорӣ, ҳангоме ки [барои истироҳат] ба канори он тахтасанг ҷой гирифтем, ман [дар он ҷо достони зинда шудани] моҳиро фаромӯш кардам [ки бо ту бигӯям] ва ҷуз шайтон [касе] маро аз ёдоварии он [достон] ба фаромӯшӣ наандохт ва моҳӣ ба тарзе шигифтовар роҳашро дар дарё пеш гирифт» info
التفاسير:

external-link copy
64 : 18

قَالَ ذَٰلِكَ مَا كُنَّا نَبۡغِۚ فَٱرۡتَدَّا عَلَىٰٓ ءَاثَارِهِمَا قَصَصٗا

[Мӯсо] Гуфт: «Он ҳамон чизест, ки мехостем [ва ҷойгоҳи он бандаи накукор ҳамон ҷост]». Пас, ҷустуҷӯкунон пайи пои худро гирифтанд [ва аз ҳамон роҳ] бозгаштанд info
التفاسير:

external-link copy
65 : 18

فَوَجَدَا عَبۡدٗا مِّنۡ عِبَادِنَآ ءَاتَيۡنَٰهُ رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِنَا وَعَلَّمۡنَٰهُ مِن لَّدُنَّا عِلۡمٗا

Пас, [дар он ҷо] бандае аз бандагони мо [Хизр]-ро ёфтанд, ки аз ҷониби хеш ба ӯ раҳмате дода будем ва аз назди худ ба вай донише омӯхта будем info
التفاسير:

external-link copy
66 : 18

قَالَ لَهُۥ مُوسَىٰ هَلۡ أَتَّبِعُكَ عَلَىٰٓ أَن تُعَلِّمَنِ مِمَّا عُلِّمۡتَ رُشۡدٗا

Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё [иҷозат медиҳӣ] ҳамроҳат биёям, то аз он чи ба ту омӯхта шуда ва мояи ҳидояту иршод аст ба ман биёмӯзӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
67 : 18

قَالَ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرٗا

[Хизр] Гуфт: «Ту ҳаргиз наметавонӣ, [дар итоат ва ҳамроҳӣ] ҳамроҳи ман шикебоӣ кунӣ info
التفاسير:

external-link copy
68 : 18

وَكَيۡفَ تَصۡبِرُ عَلَىٰ مَا لَمۡ تُحِطۡ بِهِۦ خُبۡرٗا

Ва чи гуна бар [анҷоми] коре, ки ба [рози] он огоҳ нестӣ, шикебоӣ мекунӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
69 : 18

قَالَ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ صَابِرٗا وَلَآ أَعۡصِي لَكَ أَمۡرٗا

[Мӯсо] Гуфт: «Иншоаллоҳ шикебо хоҳам буд ва дар ҳеҷ коре аз ту нофармонӣ намекунам» info
التفاسير:

external-link copy
70 : 18

قَالَ فَإِنِ ٱتَّبَعۡتَنِي فَلَا تَسۡـَٔلۡنِي عَن شَيۡءٍ حَتَّىٰٓ أُحۡدِثَ لَكَ مِنۡهُ ذِكۡرٗا

[Хизр] Гуфт: «Пас, агар бо ман ҳамроҳ шудӣ, дар бораи ҳеҷ чиз аз ман суол накун, то худ бо ту дар борааш сухане бигӯям» info
التفاسير:

external-link copy
71 : 18

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا رَكِبَا فِي ٱلسَّفِينَةِ خَرَقَهَاۖ قَالَ أَخَرَقۡتَهَا لِتُغۡرِقَ أَهۡلَهَا لَقَدۡ جِئۡتَ شَيۡـًٔا إِمۡرٗا

Пас, он ду ба роҳ афтоданд, то он ки савори киштӣ шуданд. [Хизр] Киштиро сӯрох кард. [Мӯсо] гуфт: «Онро сӯрох кардӣ, то сарнишинонашро ғарқ кунӣ? Ростӣ, чи кори норавое кардӣ!» info
التفاسير:

external-link copy
72 : 18

قَالَ أَلَمۡ أَقُلۡ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرٗا

[Хизр] Гуфт: «Оё нагуфтам, ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
73 : 18

قَالَ لَا تُؤَاخِذۡنِي بِمَا نَسِيتُ وَلَا تُرۡهِقۡنِي مِنۡ أَمۡرِي عُسۡرٗا

[Мӯсо] гуфт: «Ба хотири он чи фаромӯш кардам, сарзанишам накун ва дар корам бар ман сахт нагир» info
التفاسير:

external-link copy
74 : 18

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا لَقِيَا غُلَٰمٗا فَقَتَلَهُۥ قَالَ أَقَتَلۡتَ نَفۡسٗا زَكِيَّةَۢ بِغَيۡرِ نَفۡسٖ لَّقَدۡ جِئۡتَ شَيۡـٔٗا نُّكۡرٗا

Пас, ба роҳ афтоданд, то ҳангоме ки ба навҷавоне расиданд ва [Хизр] ӯро кушт. [Мӯсо] гуфт: «Шахси [бегуноҳу] покеро куштӣ [он ҳам] бидуни ин ки касеро кушта бошад? Воқеан, кори нописанде кардӣ!» info
التفاسير: