ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - තාජිකී පරිවර්තනය - රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානය

පිටු අංක:close

external-link copy
16 : 15

وَلَقَدۡ جَعَلۡنَا فِي ٱلسَّمَآءِ بُرُوجٗا وَزَيَّنَّٰهَا لِلنَّٰظِرِينَ

Ва ба ростӣ, мо дар осмон ситорагоне [бузургу дурахшон] қарор додем ва онҳоро барои тамошогарон оростем info
التفاسير:

external-link copy
17 : 15

وَحَفِظۡنَٰهَا مِن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٍ

Ва онро аз [вуруду дастбурди] ҳар шайтони рондашуда ҳифз кардем info
التفاسير:

external-link copy
18 : 15

إِلَّا مَنِ ٱسۡتَرَقَ ٱلسَّمۡعَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ مُّبِينٞ

Магар он ки [аз малакутиён] дуздона сухане бишнавад, ки [дар он сурат] шиҳобе равшан ӯро дунбол мекунад [ва месӯзонад] info
التفاسير:

external-link copy
19 : 15

وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَيۡءٖ مَّوۡزُونٖ

Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои устуворе афкандем ва аз ҳар гиёҳи санҷида [ва муносибе] дар он руёнидем info
التفاسير:

external-link copy
20 : 15

وَجَعَلۡنَا لَكُمۡ فِيهَا مَعَٰيِشَ وَمَن لَّسۡتُمۡ لَهُۥ بِرَٰزِقِينَ

Ва дар он барои шумо ва барои касе, ки рӯзирасонаш нестед [соири мардум ва мавҷудоти зинда], асбоби зиндагӣ падид овардем info
التفاسير:

external-link copy
21 : 15

وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا عِندَنَا خَزَآئِنُهُۥ وَمَا نُنَزِّلُهُۥٓ إِلَّا بِقَدَرٖ مَّعۡلُومٖ

Ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки ганҷинаҳояш назди Мост ва Мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем info
التفاسير:

external-link copy
22 : 15

وَأَرۡسَلۡنَا ٱلرِّيَٰحَ لَوَٰقِحَ فَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَسۡقَيۡنَٰكُمُوهُ وَمَآ أَنتُمۡ لَهُۥ بِخَٰزِنِينَ

Ва бодҳоро борваркунанда [-и абрҳо] фиристодем, сипас аз осмонҳо обе нозил кардем ва бо он серобатон сохтем, дар ҳоле ки шумо захиракунандааш нестед info
التفاسير:

external-link copy
23 : 15

وَإِنَّا لَنَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَنَحۡنُ ٱلۡوَٰرِثُونَ

Ва яқинан, моем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва Мо [бозмондаи ҷовиду] ворис [-и ҳамаи ҷаҳониён] ҳастем info
التفاسير:

external-link copy
24 : 15

وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَقۡدِمِينَ مِنكُمۡ وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَـٔۡخِرِينَ

Ва бе тардид, [таваллуду марги] гузаштагони шуморо донистаем ва яқинан [таваллуду марги] ояндагонро [низ ба хубӣ] медонем info
التفاسير:

external-link copy
25 : 15

وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحۡشُرُهُمۡۚ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٞ

Ва [эй паёмбар] бе гумон, Парвардигорат [ҳамаи] ононро [дар қиёмат] маҳшур мекунад. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакиму доност info
التفاسير:

external-link copy
26 : 15

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ

Ва дар ҳақиқат, Мо [нахустин] инсон [Одам]-ро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта офаридем info
التفاسير:

external-link copy
27 : 15

وَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ

Ва пеш аз он ҷинро аз оташе сӯзон офаридем info
التفاسير:

external-link copy
28 : 15

وَإِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّي خَٰلِقُۢ بَشَرٗا مِّن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ

Ва [ёд кун] аз ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: «Ҳамоно ман башареро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта хоҳем офарид info
التفاسير:

external-link copy
29 : 15

فَإِذَا سَوَّيۡتُهُۥ وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُۥ سَٰجِدِينَ

Пас, чун [ӯро офаридем ва] ба ӯ сомон додем ва аз рӯҳи хеш дар вай дамидем, [ба нишонаи итоат аз фармони Ман ҳамагӣ] бар ӯ саҷда кунед» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 15

فَسَجَدَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ كُلُّهُمۡ أَجۡمَعُونَ

Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд info
التفاسير:

external-link copy
31 : 15

إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰٓ أَن يَكُونَ مَعَ ٱلسَّٰجِدِينَ

Магар Иблис, ки аз он ки бо саҷдакунандагон бошад, сарпечӣ кард info
التفاسير: