Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja

Наба

external-link copy
1 : 78

عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ

1. Аз чи чиз кофирони Қурайш ҳамдигарро мепурсанд? info
التفاسير:

external-link copy
2 : 78

عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ

2. Аз он хабари бузурге суол мекунанд, info
التفاسير:

external-link copy
3 : 78

ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ

3. ки дар он ихтилоф доранд ва он Қуръон аст, ки хабар медиҳад аз рӯзи баъс[3074], ки кофирони Қурайш ба он имон наёварда буданд. info

[3074]Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан

التفاسير:

external-link copy
4 : 78

كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ

4. Оре, мушрикон ба зудӣ хоҳанд донист, ки Аллоҳ ба сабаби бовар надоштанашон ба рӯзи қиёмат, эшонро чӣ хоҳад кард? info
التفاسير:

external-link copy
5 : 78

ثُمَّ كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ

5. Боз ҳам, таъкид менамояд: Оре, ба зудӣ хоҳанд донист! Ин таъкид барои рост ва ҳақиқат будани паёмбарии Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат менамояд ва он чи ки ӯ, аз Қуръон ва аз рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан овардааст. (Дар ин оят ваъид ва таҳдиде аст барои аҳли куффор) info
التفاسير:

external-link copy
6 : 78

أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدٗا

6. Оё Мо заминрро бистаре насохтем? info
التفاسير:

external-link copy
7 : 78

وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادٗا

7. Ва кӯҳҳоро мехҳое нанамудаем, то замин устувор истад?! info
التفاسير:

external-link copy
8 : 78

وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجٗا

8. Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 78

وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتٗا

9. Ва хобатонро мояи оромиш қарор додем, то баданҳоятон роҳат кунад. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 78

وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا

10. Ва шабро пӯшишатон қарор додем, ки бо торикиаш шуморо фаро мегирад, чунон ки дар бар дорандаи либосро мепӯшонад. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 78

وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشٗا

11. Ва рӯзро вақти талоши маъош (касб) қарор додем, то барои ободии ҳаёти худ саъю кӯшиш намоед. info
التفاسير:

external-link copy
12 : 78

وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعٗا شِدَادٗا

12. Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем, ки дар он шикофӣ ва нуқсон нест. info
التفاسير:

external-link copy
13 : 78

وَجَعَلۡنَا سِرَاجٗا وَهَّاجٗا

13. Ва хуршедро чароғи равшане офаридем. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 78

وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءٗ ثَجَّاجٗا

14. Аз абрҳои боронафшон оби фаровоне нозил кардем, info
التفاسير:

external-link copy
15 : 78

لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبّٗا وَنَبَاتٗا

15 то бо василаи он донаву наботот бирӯёнем барои мардумон ва ҳайвонот info
التفاسير:

external-link copy
16 : 78

وَجَنَّٰتٍ أَلۡفَافًا

16. ва ба василаи он низ бӯстонҳои дарҳампечидароато фармоем. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 78

إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتٗا

17. Бегумон рӯзи доварӣ (қиёмат,) рӯзест муъайян, барои аввалину охирин info
التفاسير:

external-link copy
18 : 78

يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجٗا

18. Рӯзе, ки дар сур[3075] дамида шавад ва шумо онгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ меоед. (Яъне, ҳамаи уммат бо ҳамроҳи пешвоёнашон меоянд.) info

[3075] Дар карнай пуф карда шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд ва барои ҳисоб оянд.

التفاسير:

external-link copy
19 : 78

وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبٗا

19. Осмон шикофта шавад ва ҳар сурохӣ даре бошад, то фариштагон аз он дарвозаҳо фуруд оянд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 78

وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا

20. Ва кӯҳҳо, баъди устувор будан равон сохта шаванд ва чун саробе несту нобуд гарданд. info
التفاسير:

external-link copy
21 : 78

إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا

21. Бегумон ҷаҳаннам камингоҳест, дар интизори кофирон ва барои онҳо омода шудааст info
التفاسير:

external-link copy
22 : 78

لِّلطَّٰغِينَ مَـَٔابٗا

22. ва барои саркашон бозгаштгоҳест. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 78

لَّٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابٗا

23. Замонҳои дароз дар он ҷо абадӣ бошанд. info
التفاسير:

external-link copy
24 : 78

لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدٗا وَلَا شَرَابًا

24. Дар он ҷо на ҳавои хунукӣ мечашанду на нӯшиданиҳои фораме менӯшанд, info
التفاسير:

external-link copy
25 : 78

إِلَّا حَمِيمٗا وَغَسَّاقٗا

25. фақат оби ҷӯшону хуну чирк нӯшанд. info
التفاسير:

external-link copy
26 : 78

جَزَآءٗ وِفَاقًا

26. Ин ҷазоест мувофиқи кирдорашон, ки дар ин дунё чунин амал карда буданд. info
التفاسير:

external-link copy
27 : 78

إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابٗا

27. Бегумон, ки онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд ва наметарсиданд info
التفاسير:

external-link copy
28 : 78

وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كِذَّابٗا

28. Ва оёти Моро ба куллӣ дурӯғ мешумурданд ва ба он чӣ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварда буд, онро тасдиқ надоштанд info
التفاسير:

external-link copy
29 : 78

وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبٗا

29. Ва ҳама чизро донистаем ва дар, китобе[3076]сабт кардаем. info

[3076] Яъне, Лавҳи Маҳфуз Тафсири Саъдӣ 1\906

التفاسير:

external-link copy
30 : 78

فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا

30. Пас таъми талхии азобро бичашед, эй кофирон, ки дар ҳаққи шумо ҷуз азобе нахоҳем афзуд. info
التفاسير:

external-link copy
31 : 78

إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا

31. Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
32 : 78

حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا

32. ва барояшон низ бӯстонҳову дарахтони ангур info
التفاسير:

external-link copy
33 : 78

وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا

33. ва духтарони навҷавоне ҳамсинну сол info
التفاسير:

external-link copy
34 : 78

وَكَأۡسٗا دِهَاقٗا

34. ва ҷомҳои пур аз шароб info
التفاسير:

external-link copy
35 : 78

لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا كِذَّٰبٗا

35. Ва онҳо дар он ҷо на сухани беҳуда мешунаванд ва на дурӯғ info
التفاسير:

external-link copy
36 : 78

جَزَآءٗ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابٗا

36. ва ин мукофотест аз сӯи Парвардигорат, подош ва бахшише аз рӯи ҳисоб info
التفاسير:

external-link copy
37 : 78

رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابٗا

37. Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Аллоҳи Раҳмон, дар дунёву охират, ки аз ҳайбати Ӯ сухан гуфта натавонанд, info
التفاسير:

external-link copy
38 : 78

يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابٗا

38. рӯзе, ки Ҷабраил ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар касе ки Аллоҳи Меҳрубон баӯ рухсат диҳад, ва ӯ суханидуруст гӯяд. Ва ҳеҷ касро шафоъат карда наметавонанд, магар ба иҷозати Аллоҳи Меҳрубон info
التفاسير:

external-link copy
39 : 78

ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا

39. Он рӯз, рӯзи ҳақ аст. Дар омадани он рӯз ҳеҷ шакке нест. Пас ҳар касе бихоҳад, наҷот ёфтанро аз азоб, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ бигирад бо амалҳои солеҳ. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 78

إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابٗا قَرِيبٗا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا

40. Мо шуморо аз азоби рӯзи қиёмат, ки наздикаст, бим додем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, аз амали нек ё бад, мебинад ва кофир аз сахтии ҳисоб мегӯяд: Эй кош, ман хок мебудам ва боз зинда намешудам. info
التفاسير: