Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja

numero y'urupapuro:close

external-link copy
160 : 7

وَقَطَّعۡنَٰهُمُ ٱثۡنَتَيۡ عَشۡرَةَ أَسۡبَاطًا أُمَمٗاۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ إِذِ ٱسۡتَسۡقَىٰهُ قَوۡمُهُۥٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡحَجَرَۖ فَٱنۢبَجَسَتۡ مِنۡهُ ٱثۡنَتَا عَشۡرَةَ عَيۡنٗاۖ قَدۡ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٖ مَّشۡرَبَهُمۡۚ وَظَلَّلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلۡغَمَٰمَ وَأَنزَلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰۖ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡۚ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ

160. Бани Исроилро ба дувоздаҳ сибт (қабила ва шоха) тақсим кардем, ки сабаби пайдоиши насли ҳар қабила марде аз фарзандони Яъқуб буд. Ва чун қавми Мусо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан, пас бар санг зад, ки аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои обхӯриши хешро бишинохт. Ва абрро барояшон соябон сохтем ва барояшон «манна ва салво[745]»нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Аммо ононро малол шуд аз бардавом фуруд омадани он неъматҳо, пас носипосӣ карданд. Ва онон ба мо ситам накарданд, вақте ки шукри неъматро ба ҷо наоварданд, балки ба худашон ситам мекарданд ва худро дар азоб қарор доданд. Ва ин дар вақти дар биёбон монданашон буд.[746] info

[745] “Манна”; навъе аз ҳалво, яъне таъомест, ки маззаи он асалмонанд аст ва “салво”; гӯшти паррандае, ки аз беҳтарин навъҳои паррандагон аст (ва ба қавле бедона аст)
[746] Тафсири Саъдӣ 1\ 306

التفاسير:

external-link copy
161 : 7

وَإِذۡ قِيلَ لَهُمُ ٱسۡكُنُواْ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةَ وَكُلُواْ مِنۡهَا حَيۡثُ شِئۡتُمۡ وَقُولُواْ حِطَّةٞ وَٱدۡخُلُواْ ٱلۡبَابَ سُجَّدٗا نَّغۡفِرۡ لَكُمۡ خَطِيٓـَٰٔتِكُمۡۚ سَنَزِيدُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

161. Ва ба ёд ор эй Расул, нофармонии бани Исроил Парвардигорашонро ва паёмбарашон Мӯсо алайҳиссаломро ва табдил доданашон суханеро, ки ба онҳо фармудашуда буд гуфтанашро ,вақте ки Аллоҳ ба онҳо фармуда буд, ки дар ин шаҳр[747]сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон (бо фурӯтанӣ) аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба подоши некӯкорон аз хайри дунё ва охират бароятон хоҳем афзуд. Пас онҳо аз дастури Аллоҳ фармон набурданд.[748] info

[747] Байтулмуқаддас
[748] Тафсири Табарӣ 13\178

التفاسير:

external-link copy
162 : 7

فَبَدَّلَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡ قَوۡلًا غَيۡرَ ٱلَّذِي قِيلَ لَهُمۡ فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِجۡزٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُواْ يَظۡلِمُونَ

162. Аз миёни онон, он гурӯҳ, ки бар худ ситам карда буданд, суханеро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, дигаргун карданд. (Яъне, ба ҷои омӯрзиш талаб кардан, донаи гандум гуфтанд. Онҳоро мебоист бо таъзиму эҳтиром ба ин шаҳр дохил шаванд, балки Аллоҳро нофармонӣ карданд ва амрашро сабук шумориданд ва бо ҳолати хазидан ва нишаста дохили он шуданд)[749] Пас ба сабаби ситаме, ки мекарданд, барояшон аз осмон азоб фиристодем. info

[749]Тафсири Саъдӣ 1\306

التفاسير:

external-link copy
163 : 7

وَسۡـَٔلۡهُمۡ عَنِ ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِي كَانَتۡ حَاضِرَةَ ٱلۡبَحۡرِ إِذۡ يَعۡدُونَ فِي ٱلسَّبۡتِ إِذۡ تَأۡتِيهِمۡ حِيتَانُهُمۡ يَوۡمَ سَبۡتِهِمۡ شُرَّعٗا وَيَوۡمَ لَا يَسۡبِتُونَ لَا تَأۡتِيهِمۡۚ كَذَٰلِكَ نَبۡلُوهُم بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ

163. Эй Паёмбар, аз яҳудиён дар бораи он шаҳре, ки наздик ба баҳр буд, аз онҳо бипурс. Он гоҳ, ки дар рӯзи шанбе аз ҳад (ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ) таҷовуз мекарданд. Аллоҳ онҳоро дар озмоиши худ қарор дод, то рӯзи шанберо эҳтиром ва таъзим кунанд ва ба шикор напардозанд. Зеро дар рӯзе, ки эҳтироми он мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва дар ғайри рӯзи шанбе намеомаданд. Пас онҳо барои шикор кардан ҳилаеро ба кор бурданд. Чуқуриҳо канданд ва ба онҳо дом монданд. Вақте рӯзи шанбе фаро расид, моҳиён дар ин чуқуриҳо ба домҳо меафтоданд ва он моҳиёнро рӯзи якшанбе бармедоштанд. Онҳоро ба сабаби он, ки гуноҳ мекарданд, ҳамчунин меозмудем![750] info

[750] Тафсири ибни Касир 3\493 ва Тафсири Саъдӣ 1\306

التفاسير: