Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja

numero y'urupapuro:close

external-link copy
60 : 4

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ يَزۡعُمُونَ أَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَ يُرِيدُونَ أَن يَتَحَاكَمُوٓاْ إِلَى ٱلطَّٰغُوتِ وَقَدۡ أُمِرُوٓاْ أَن يَكۡفُرُواْ بِهِۦۖ وَيُرِيدُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَن يُضِلَّهُمۡ ضَلَٰلَۢا بَعِيدٗا

60. Оё таъаҷҷуб намекунӣ, аз касоне, ки даъво мекунанд ба он чи бар Паёмбар ва пеш аз ў нозил шудааст, имон овардаанд, аммо бо ин вуҷуд мехоҳанд барои ҳукм кардан ба пеши тоғут бираванд ва ҳар кас ки ба ғайр аз он чи Аллоҳ машрўъ намудааст, ҳукм кунад, тоғут аст, дар ҳоле ки ба онон дастур дода шудааст, ки ба тоғут куфр варзанд. Зеро ҳақиқати имон он аст, ки фарди мўъмин баробари қонуни Аллоҳ таслим шавад. Пас ҳар кас даъво кунад мўъмин аст, аммо ҳукми тоғутро бар ҳукми Аллоҳ бартар ҳисобад, дурўғ мегўяд. Ва шайтон мехоҳад онҳоро гумроҳ ва аз ҳақ бисёр дур намояд.[353] info

[353]Тафсири Саъдӣ 1\164

التفاسير:

external-link copy
61 : 4

وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ وَإِلَى ٱلرَّسُولِ رَأَيۡتَ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يَصُدُّونَ عَنكَ صُدُودٗا

61. Ва чун ба эшон гуфта шавад: “Биёед ба сўи он чи ки Аллоҳ нозил карда ва ба сўи Паёмбар ”, мунофиқонро мебинӣ, ки ба ту пушт мегардонанд ва аз ту боз медоранд. info
التفاسير:

external-link copy
62 : 4

فَكَيۡفَ إِذَآ أَصَٰبَتۡهُم مُّصِيبَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ ثُمَّ جَآءُوكَ يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ إِنۡ أَرَدۡنَآ إِلَّآ إِحۡسَٰنٗا وَتَوۡفِيقًا

62. Пас ҳоли ин гумроҳон чӣ гуна хоҳад буд, вақте ки ба сабаби гуноҳоне, ки бо дасти худ анҷом доданд ва ин ки тоғутро ҳоким қарор доданд, ба мусибат ва балое гирифтор шаванд?! Сипас пеши ту меоянд ва барои коре, ки анҷом додаанд, узр меоранд ва ба Аллоҳ савганд мехўранд, ки мақсади хайрхоҳӣ ва оштӣ додани ду тараф доштанд, дар ҳоле ки онон дурўғ мегўянд.[354] info

[354]Тафсири Саъдӣ 1\164

التفاسير:

external-link copy
63 : 4

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يَعۡلَمُ ٱللَّهُ مَا فِي قُلُوبِهِمۡ فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَعِظۡهُمۡ وَقُل لَّهُمۡ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ قَوۡلَۢا بَلِيغٗا

63. Онҳо касонеанд, ки Аллоҳ медонад дар дилҳояшон чи нифоқ ва нияти баде вуҷуд дорад, пас ба онон таваҷҷуҳ макун ва бо онҳо рў ба рў машав ва пандашон бидеҳ. Ва ононро ба сурати махфиёна ва дар хилват насиҳат кун, зеро насиҳат дар танҳоӣ барои комёбӣ ба мақсуд мувофиқтараст. Ва дар сарзаниш ва берун овардани онҳо муболиға кун ва зиёд бикўш. info
التفاسير:

external-link copy
64 : 4

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن رَّسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَلَوۡ أَنَّهُمۡ إِذ ظَّلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ جَآءُوكَ فَٱسۡتَغۡفَرُواْ ٱللَّهَ وَٱسۡتَغۡفَرَ لَهُمُ ٱلرَّسُولُ لَوَجَدُواْ ٱللَّهَ تَوَّابٗا رَّحِيمٗا

64. Ва Мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ки ба ҳукми Аллоҳ ўро фармонбардорӣ кунанд. Ва агар онҳо ҳангоме ки ба худ ситам мекарданд, пеши ту меомаданд ва ба гуноҳонашон эътироф мекарданд ва пушаймон мешуданд, пас барои гуноҳони худ талаби омўрзиш мекарданд ва Паёмбар барои онҳо омўрзиш мехост, Аллоҳро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд. info
التفاسير:

external-link copy
65 : 4

فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا

65. Сипас Аллоҳ ба Зоти бузургвораш савганд ёд намуд, ки нест амр чунон ки онҳо гумон мебаранд, ки онҳо мўъминонанд ва баъд аз он ба ҳукми ту розӣ намешаванд ва туро дар ҳамаи ихтилофоти худ ҳоким қарор намедиҳанд. Ва бояд малоле аз ҳукми ту дар дили худ надошта ва комилан таслим бошанд. Ихтиёр намудани ҳукми Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва розӣ будан ва таслим шудан ба он чи овардааст аз назди Аллоҳ дар ҳама ҳолатҳои ҳаёт аз нишонаи сидқи имон аст[355]. info

[355] Тафсири ибни Касир 2\349

التفاسير: