Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki- Byasobanuwe n'ikigo Rowad Translation Center.

Аҳқоф

external-link copy
1 : 46

حمٓ

Ҳо, мим.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 46

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 46

مَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَأَجَلٖ مُّسَمّٗىۚ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَمَّآ أُنذِرُواْ مُعۡرِضُونَ

Осмонҳо ва замин ва он чиро, ки байни онҳост, ба ҳақ [ва ҳадафманд] ва барои муддати муайяне офаридаем, ва [-ле] кофирон аз он чи ба эшон ҳушдор шуда, рӯйгардонанд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 46

قُلۡ أَرَءَيۡتُم مَّا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُواْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ لَهُمۡ شِرۡكٞ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِۖ ٱئۡتُونِي بِكِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ هَٰذَآ أَوۡ أَثَٰرَةٖ مِّنۡ عِلۡمٍ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё ба бутҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, таваҷҷуҳ кардаед? Ба ман нишон диҳед, чи чиз аз [аҷзои] заминро офаридаанд. Оё дар [офариниши] осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, аз китобҳои осмонии пешин ё бозмондае аз дониш [-и гузаштагон далел] биёваред» info
التفاسير:

external-link copy
5 : 46

وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّن يَدۡعُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَن لَّا يَسۡتَجِيبُ لَهُۥٓ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَهُمۡ عَن دُعَآئِهِمۡ غَٰفِلُونَ

Кист гумроҳтар аз он ки ба ҷойи Аллоҳ таоло афродеро [ба ниёиш] мехонад, ки то рӯзи қиёмат низ посухашро намедиҳанд ва аз дархосташон бехабаранд? info
التفاسير: