Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki- Byasobanuwe n'ikigo Rowad Translation Center.

numero y'urupapuro:close

external-link copy
109 : 3

وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ

Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва [ҳама] корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад info
التفاسير:

external-link copy
110 : 3

كُنتُمۡ خَيۡرَ أُمَّةٍ أُخۡرِجَتۡ لِلنَّاسِ تَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَتَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِۗ وَلَوۡ ءَامَنَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۚ مِّنۡهُمُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ

[Эй уммати Муҳаммад] Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум падидор шудаед: Ба кори нек фармон медиҳед ва аз кори нописанд бозмедоред ва ба Аллоҳ таоло имон доред; ва агар аҳли китоб [низ] имон меоварданд, ҳатман, барояшон беҳтар буд; бархе аз онон муъминанд ва [аммо] бештарашон [фосиқу] нофармонанд info
التفاسير:

external-link copy
111 : 3

لَن يَضُرُّوكُمۡ إِلَّآ أَذٗىۖ وَإِن يُقَٰتِلُوكُمۡ يُوَلُّوكُمُ ٱلۡأَدۡبَارَ ثُمَّ لَا يُنصَرُونَ

[Фосиқони аҳли китоб] Ҷуз озори андак [ҳамчун таъна ва тамасхур] ҳаргиз зиёне ба шумо нахоҳанд расонд ва агар бо шумо биҷанганд, [шикаст мехӯранд ва] ба шумо пушт мекунанд; он гоҳ [низ аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд info
التفاسير:

external-link copy
112 : 3

ضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلذِّلَّةُ أَيۡنَ مَا ثُقِفُوٓاْ إِلَّا بِحَبۡلٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَحَبۡلٖ مِّنَ ٱلنَّاسِ وَبَآءُو بِغَضَبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَسۡكَنَةُۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ يَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقّٖۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ

[Яҳудиён] Ҳар куҷо ёфт шаванд, [доғи нангу] хорӣ бар онон зада шудааст; магар он ки дар паноҳи амони Аллоҳ таоло ва мардум бошанд; ва онон ба хашме аз Аллоҳ таоло гирифтор шудаанд ва [доғи] дармондагӣ бар онон зада шудааст. Ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд; [ва низ] ин [сазо] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва аз ҳудуд [-и илоҳӣ] таҷовуз менамуданд info
التفاسير:

external-link copy
113 : 3

۞ لَيۡسُواْ سَوَآءٗۗ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ أُمَّةٞ قَآئِمَةٞ يَتۡلُونَ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ وَهُمۡ يَسۡجُدُونَ

[Вале ҳамаи онон] Яксон нестанд. Гурӯҳе аз аҳли китоб ҳастанд, ки дурусткоранд, [ва] дар дили шаб, дар ҳоле ки ба намоз истодаанд, оёти Аллоҳро мехонанд info
التفاسير:

external-link copy
114 : 3

يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَيَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

[Бархе аз] Онон ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд ва [мардумро] ба некӣ амр мекунанд ва аз бадӣ бозмедоранд ва дар [анҷоми] корҳои нек мешитобанд ва ононанд, ки аз шоистагонанд info
التفاسير:

external-link copy
115 : 3

وَمَا يَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَلَن يُكۡفَرُوهُۗ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلۡمُتَّقِينَ

Ва ҳар кори неке, ки анҷом диҳанд, ҳаргиз дар бораи он носипосӣ нахоҳанд дид; ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност info
التفاسير: