Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir

Número de página:close

external-link copy
25 : 37

مَا لَكُمۡ لَا تَنَاصَرُونَ

25. Ба онҳо сахт гуфта шавад: «Шуморо чи шуд, киҳамдигарро ёрӣ намекунед?» info
التفاسير:

external-link copy
26 : 37

بَلۡ هُمُ ٱلۡيَوۡمَ مُسۡتَسۡلِمُونَ

26. Балки, имрӯз онҳо ба амри Аллоҳ таслимшавандагонанд ва дар қиёмат барои худ чорае андеша натавонанд. info
التفاسير:

external-link copy
27 : 37

وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ

27. Ва он гоҳ кофирон рӯй ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар маломаткунон бипурсанд. info
التفاسير:

external-link copy
28 : 37

قَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَأۡتُونَنَا عَنِ ٱلۡيَمِينِ

28. Пайравон ба пешвоёни худ гӯянд: «Албатта шумо будед, ки моро гумроҳ мекардед, ва аз ҷониби дину шариъат пеши мо меомадед ва амрҳои динро ба мо нодуруст нишон медодед ва моро аз дин мегурезонидед ва ботилро барои мо зиннат медодед.[2177] info

[2177]Тафсири Бағавӣ 7/38

التفاسير:

external-link copy
29 : 37

قَالُواْ بَل لَّمۡ تَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ

29. Пешвоён ба пайравон гӯянд: «На, чунин нест, балки камбудӣ аз худатон буд, дилҳоятон имонро инкор мекард ва куфру исёнро қабул мекард.[2178] info

[2178] Тафсири ибни Касир 7\11

التفاسير:

external-link copy
30 : 37

وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭۖ بَلۡ كُنتُمۡ قَوۡمٗا طَٰغِينَ

30. Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд, ки шуморо аз имон боздорем. Балки шумо эй мушрикон худ мардумоне нофармону таҷовузкор будед. info
التفاسير:

external-link copy
31 : 37

فَحَقَّ عَلَيۡنَا قَوۡلُ رَبِّنَآۖ إِنَّا لَذَآئِقُونَ

31.Пасгуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷиб шуд. Ҳамоно мову шумо бояд бичашем азобро ба сабаби гуноҳое, ки дар дунё кардаем.[2179] info

[2179] Тафсири Табарӣ 21 / 33

التفاسير:

external-link copy
32 : 37

فَأَغۡوَيۡنَٰكُمۡ إِنَّا كُنَّا غَٰوِينَ

32. Пас мо шуморо аз роҳи Аллоҳ ва имони ба Ӯ гумроҳ кардем ҳамоно худ аз ин пеш гумроҳ будем, пас ҳалокати мо ба сабаби куфрамон буд ва шуморо бо ҳамроҳамон ҳалок кардем. info
التفاسير:

external-link copy
33 : 37

فَإِنَّهُمۡ يَوۡمَئِذٖ فِي ٱلۡعَذَابِ مُشۡتَرِكُونَ

33. Пас, ҳароина, дар рӯзи қиёмат ҳама дар азоб шариканд. Чунон ки дар дунё дар нофармонии Аллоҳ шарик буданд.[2180] info

[2180] Тафсири Саъдӣ 1\702

التفاسير:

external-link copy
34 : 37

إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ

34. Мо бо касоне, ки дар дунё тоъати Аллоҳро ба ҷой наоварда, гуноҳ карданд, чунин рафтор мекунем[2181]. info

[2181] Яъне, онҳоро азоби дарднок мечашонем.

التفاسير:

external-link copy
35 : 37

إِنَّهُمۡ كَانُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ يَسۡتَكۡبِرُونَ

35. Зеро онҳо буданд, ки чун калимаи "Ла илоҳа иллаллоҳ"[2182] ба онҳо гуфта мешуд, такаббур мекарданд. info

[2182] Яъне, даъват карда мешуданд ба маъбуди ягона, ки ба ҷуз Ӯ касе ва чизе сазовори парастиш шуда наметавонад, такаббур мекарданд.

التفاسير:

external-link copy
36 : 37

وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓاْ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٖ مَّجۡنُونِۭ

36. Ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоъири девонае[2183]маъбудонамонро тарк кунем?» info

[2183] Яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Бағавӣ 7/ 39

التفاسير:

external-link copy
37 : 37

بَلۡ جَآءَ بِٱلۡحَقِّ وَصَدَّقَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

37. Дурӯғ гуфтанд. На, Муҳаммад чунин нест , чунон ки онҳо ӯро сифат карданд, балки ӯ Қуръон ва тавҳидро овард ва паёмбарони пешинро аз он чи аз шариъати Аллоҳ хабар дода буданд, тасдиқ намуд.[2184] info

[2184] Тафсири Саъдӣ 1\702

التفاسير:

external-link copy
38 : 37

إِنَّكُمۡ لَذَآئِقُواْ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَلِيمِ

38. Ҳароина, шумо эй мушрикон ба сабаби куфратон азоби дардоварро, ҳатман, хоҳед чашид! info
التفاسير:

external-link copy
39 : 37

وَمَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

39. Ва ҷазо дода намешавед дар охират, магар мувофиқи гуноҳоне, ки дар дунё кардаед. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 37

إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ

40. Магар бандагони мухлиси Аллоҳ,[2185] ки ибодаташро барояш холис сохтаанд info

[2185] Яъне, аҳли тавҳид . Онҳоеро, ки холис сохтааст ба раҳмати худаш, пас онҳо аз азоби дарднок наҷот ёфтагонанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 702

التفاسير:

external-link copy
41 : 37

أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ رِزۡقٞ مَّعۡلُومٞ

41. Барои онҳо дар ҷаннат ризқи муайяне аст, ки ҳамеша бардавом аст. info
التفاسير:

external-link copy
42 : 37

فَوَٰكِهُ وَهُم مُّكۡرَمُونَ

42. Ризқу рӯзиашон аз меваҳои ҳархела ва онҳо гиромӣ шудагонанд, info
التفاسير:

external-link copy
43 : 37

فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ

43. дар биҳиштҳои пур аз нозу неъмат, info
التفاسير:

external-link copy
44 : 37

عَلَىٰ سُرُرٖ مُّتَقَٰبِلِينَ

44. бар тахтҳое[2186] дар рӯ ба рӯи якдигар (нишастаанд). info

[2186] Яъне, нишастгоҳҳои баланду зебо. Тафсири Саъдӣ 1/ 702

التفاسير:

external-link copy
45 : 37

يُطَافُ عَلَيۡهِم بِكَأۡسٖ مِّن مَّعِينِۭ

45. Ва барои ононҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад, info
التفاسير:

external-link copy
46 : 37

بَيۡضَآءَ لَذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ

46. сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш, info
التفاسير:

external-link copy
47 : 37

لَا فِيهَا غَوۡلٞ وَلَا هُمۡ عَنۡهَا يُنزَفُونَ

47. на дар он шароб ақл пӯшида шавад ва на онҳо аз он шароб маст шаванд.[2187] info

[2187] Ибни Касир мегӯяд: "Саҳеҳтарин қавл, қавли Муҷоҳид аст, ки мурод аз (ғавл) дарди шикам мебошад"

التفاسير:

external-link copy
48 : 37

وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ عِينٞ

48. Ва дар наздашон занони фаррохчашм ҳастанд, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд ва ғайри онҳоро намехоҳанд. info
التفاسير:

external-link copy
49 : 37

كَأَنَّهُنَّ بَيۡضٞ مَّكۡنُونٞ

49. гуё ки ҳурони биҳишт, дар сафедӣ монанди тухмҳои пӯшидашудае ҳастанд. (Ин ба хотири зебоӣ ва сафои онҳост ва рангҳояшон зеботарин ва дурахшандатарин рангҳост)[2188] info

[2188]Тафсири Саъдӣ 1/ 702

التفاسير:

external-link copy
50 : 37

فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ

50. Дар ҷаннат рӯ ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар мепурсанд, ки дар дунё чӣ қадар машаққатҳо кашида буданд ва дар баробари он Аллоҳ ба онҳо ҷаннатро арзонӣ кардааст. Ва ин намоёнгари айшу ишрати комили онҳо дар биҳишт аст.[2189] info

[2189]Тафсири ибни Касир 7\15

التفاسير:

external-link copy
51 : 37

قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٞ

51. Яке аз ҷаннатиҳо гӯяд: « Маро дар дунё ҳамнишини кофире буд, info
التفاسير: