Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir

Аҳзоб

external-link copy
1 : 33

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ ٱتَّقِ ٱللَّهَ وَلَا تُطِعِ ٱلۡكَٰفِرِينَ وَٱلۡمُنَٰفِقِينَۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمٗا

1. Эй Паёмбар, аз Аллоҳ битарс[2027] ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. Ҳароина, Аллоҳ ба ҳама чиз доно аст ва дар амр ва тадбири халқаш боҳикмат аст![2028] info

[2027]Яъне , фармудаҳояшонро ба ҷо ор ва аз манъкардаҳояш дур бош, то мӯъминон аз ту пайравӣ кунанд, зеро онҳо ба парҳезгорӣ аз ту ҳам эҳтиёҷмандтар ҳастанд
[2028] Тафсири Бағавӣ 6\316

التفاسير:

external-link copy
2 : 33

وَٱتَّبِعۡ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا

2. Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, (яъне, аз Қуръону Суннат) итоъат кун. Албатта, Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва ҳеҷ чизе аз Ӯ пӯшида нест. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 33

وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلٗا

3. Ва бар Аллоҳ таваккал кун ва ҳама умури зиндагиатро ба Аллоҳ супор, зеро Аллоҳ ҳофизу басанда аст барои шахсе, ки бар Ӯ таваккал карда ва ба сӯяш бозгаштааст. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 33

مَّا جَعَلَ ٱللَّهُ لِرَجُلٖ مِّن قَلۡبَيۡنِ فِي جَوۡفِهِۦۚ وَمَا جَعَلَ أَزۡوَٰجَكُمُ ٱلَّٰٓـِٔي تُظَٰهِرُونَ مِنۡهُنَّ أُمَّهَٰتِكُمۡۚ وَمَا جَعَلَ أَدۡعِيَآءَكُمۡ أَبۡنَآءَكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ قَوۡلُكُم بِأَفۡوَٰهِكُمۡۖ وَٱللَّهُ يَقُولُ ٱلۡحَقَّ وَهُوَ يَهۡدِي ٱلسَّبِيلَ

4. Аллоҳ барои ҳеҷ кас ду дил дар дарунаш қарор надодааст. Ва Аллоҳ ҳеҷ гоҳ занонатонро, ки бо зиҳор[2029] модари худ мехонед, модаронатон қарор надод ва писархондагонатонро фарзандатон насохт, зеро ин ду амал[2030] ҳеҷ гоҳ дар таҳрими абадӣ ҳақиқат шуда наметавонад. Инҳо суханонест, ки аз ҳақиқат берун аст, ба забон мегӯед. Ва Аллоҳ ҳақ мегӯяд ва Ӯст, ки барои бандагонаш роҳ менамояд. info

[2029] Дар ҷоҳилият мард занашро мегуфт: "Ту барои ман ҳамчун модарам ҳастӣ" ё мегуфт: "Пушти ту ҳамчун пушти модарам ҳаст" ва ин дар ҷоҳилият ба талоқ ҳисоб мерафт. Аллоҳ таъоло баён кард, ки ҳеҷ гоҳ зан дар баробари модар ба ҳисоб намеравад, ва ин ҳукмро бекор кард.
[2030]Яъне, занонро ба ҷои модар хондан ва писархондагон

التفاسير:

external-link copy
5 : 33

ٱدۡعُوهُمۡ لِأٓبَآئِهِمۡ هُوَ أَقۡسَطُ عِندَ ٱللَّهِۚ فَإِن لَّمۡ تَعۡلَمُوٓاْ ءَابَآءَهُمۡ فَإِخۡوَٰنُكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَمَوَٰلِيكُمۡۚ وَلَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٞ فِيمَآ أَخۡطَأۡتُم بِهِۦ وَلَٰكِن مَّا تَعَمَّدَتۡ قُلُوبُكُمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمًا

5. Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Аллоҳ мувофиқи инсоф аст. Агар дар ҳақиқат падарашонро намешиносед, пас онҳоро ба номи "бародари динӣ", ки байни шуморо ҷамъ меоварад, бихонед, зеро онон бародарони динӣ ва маволии (ғуломҳои озодкардаи) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Аллоҳ омӯрзандаи хатои банда аства ба тавбакунандагон меҳрубон аст! info
التفاسير:

external-link copy
6 : 33

ٱلنَّبِيُّ أَوۡلَىٰ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ مِنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَأَزۡوَٰجُهُۥٓ أُمَّهَٰتُهُمۡۗ وَأُوْلُواْ ٱلۡأَرۡحَامِ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلَىٰ بِبَعۡضٖ فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ إِلَّآ أَن تَفۡعَلُوٓاْ إِلَىٰٓ أَوۡلِيَآئِكُم مَّعۡرُوفٗاۚ كَانَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَسۡطُورٗا

6. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам нисбат ба мӯъминон дар умури дину дунё аз худашон авлотар ва сазовортар аст ва ҳурмати занони ӯ ба монанди ҳурмати модарони мӯъминон ҳастанд, пас баъди вафоти Расули Аллоҳ никоҳ кардани занонаш раво нест ва дар китоби Аллоҳ хешовандони насабӣ дар мерос бурдан аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд[2031], магар он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед ва саҳме аз моли худро ба онон бидиҳед. Ин ҳукм дар китоби Аллоҳ дар Лавҳул Маҳфуз навишта шудааст[2032]. info

[2031]Дар ибтидои Ислом мусалмонон бо василаи ҳиҷрат ва имон мерос мебурданд на хешовандон. Баъд аз он ин кор ба ояти мерос мансух шуд.
[2032]. Ин оят,далолат бар воҷиб будани он мекунад; ки муқаддам доштани муҳаббати Расули Аллоҳ бар муҳаббати банда аз ҷонаш ва низ пурра таслим шудан дар тоъати Ӯ ва низ иззату эҳтиром доштани модарони мӯъминонро, яъне, ҳамсарони Расули Аллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам. Касе онҳоро дашном дод, ба дурустӣ ба ҳалокӣ дучор гашт. Тафсири Табарӣ20\210

التفاسير: