Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir

Número de página:close

external-link copy
84 : 26

وَٱجۡعَل لِّي لِسَانَ صِدۡقٖ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ

84. Ва то рӯзи қиёмат барои ман дар миёни ояндагон овозаи нек ва зикри хайр қарор бидеҳ. info
التفاسير:

external-link copy
85 : 26

وَٱجۡعَلۡنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ ٱلنَّعِيمِ

85. Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ. info
التفاسير:

external-link copy
86 : 26

وَٱغۡفِرۡ لِأَبِيٓ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ

86. Ва падарамро[1808] биёмурз, ки ҳамоно ӯ аз гумроҳон аст. info

[1808] Ин дуъои Иброҳим барои падараш буд, вақте маълум гашт, ки то дами маргаш ба куфру ширкаш давомат мекунад, пас аз ӯ безорӣ ҷуст.

التفاسير:

external-link copy
87 : 26

وَلَا تُخۡزِنِي يَوۡمَ يُبۡعَثُونَ

87. Ва дар рӯзи қиёмат ,ки мардум аз қабрҳояшон барои ҳисобу ҷазо бармехезанд маро расво масоз, info
التفاسير:

external-link copy
88 : 26

يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٞ وَلَا بَنُونَ

88. рӯзе, ки на мол фоида медиҳад ва на фарзандон, info
التفاسير:

external-link copy
89 : 26

إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٖ سَلِيمٖ

89. магар он кас, ки бо қалби салим (холӣ аз ширк, куфр ва нифоқ) ба назди Аллоҳ биёяд! info
التفاسير:

external-link copy
90 : 26

وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ

90. Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон[1809] наздик оранд. info

[1809] Ононе ки аз куфру маъсият дурӣ ҷустанд ва фармонҳои Аллоҳро иҷро намуданд. Тафсири Табарӣ 19\366

التفاسير:

external-link copy
91 : 26

وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِلۡغَاوِينَ

91. Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд. info
التفاسير:

external-link copy
92 : 26

وَقِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ

92. Ба онҳо сарзаниш карда гӯянд: «Чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастидед, куҷоянд? info
التفاسير:

external-link copy
93 : 26

مِن دُونِ ٱللَّهِ هَلۡ يَنصُرُونَكُمۡ أَوۡ يَنتَصِرُونَ

93. Маъбудҳое, ғайр аз Аллоҳ ёриатон мекунанд дар баробари азоби Аллоҳ ё худ ёрӣ меҷӯянд?» info
التفاسير:

external-link copy
94 : 26

فَكُبۡكِبُواْ فِيهَا هُمۡ وَٱلۡغَاوُۥنَ

94. Пас онҳо (бутҳо) ва кофиронро сарнагун дар ҷаҳаннам андозанд. info
التفاسير:

external-link copy
95 : 26

وَجُنُودُ إِبۡلِيسَ أَجۡمَعُونَ

95. Ва низ андохта шавад ҳамаи лашкари Иблисро, ки барои мардум амали бадро зинат медоданд. info
التفاسير:

external-link copy
96 : 26

قَالُواْ وَهُمۡ فِيهَا يَخۡتَصِمُونَ

96. Онон дар дӯзах бо касоне, ки онҳоро ба залолат бурда буданд ба кашмакаш мепардозанд ва мегӯянд: info
التفاسير:

external-link copy
97 : 26

تَٱللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ

97. «Ба Аллоҳ савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем, info
التفاسير:

external-link copy
98 : 26

إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

98. он гоҳ, ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем. info
التفاسير:

external-link copy
99 : 26

وَمَآ أَضَلَّنَآ إِلَّا ٱلۡمُجۡرِمُونَ

99. Ва ба ҷуз ин бадкорон касе моро гумроҳ накард. info
التفاسير:

external-link copy
100 : 26

فَمَا لَنَا مِن شَٰفِعِينَ

100. Пас акнун моро ҳеҷ шафоаткунандае нест info
التفاسير:

external-link copy
101 : 26

وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٖ

101. ва моро дӯсти меҳрубоне нест. info
التفاسير:

external-link copy
102 : 26

فَلَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةٗ فَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

102. Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем». info
التفاسير:

external-link copy
103 : 26

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

103. Ба таҳқиқ, дар ин (қиссаи Иброҳим) ибратест ва аксари онҳо бо шунидани ин қисса ҳам имон наёварданд. info
التفاسير:

external-link copy
104 : 26

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

104. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! info
التفاسير:

external-link copy
105 : 26

كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

105. Қавми Нӯҳ ҳамаи паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. info
التفاسير:

external-link copy
106 : 26

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ

106. Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед, (яъне, наметарсед)? info
التفاسير:

external-link copy
107 : 26

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

107. Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам. info
التفاسير:

external-link copy
108 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

108. Аз Аллоҳ битарсед дар он чи шуморо ба он фармон медиҳад ва ё аз он наҳй мекунад [1810] ва ба ман итоъат кунед. info

[1810] Тафсири Саъдӣ 1\594

التفاسير:

external-link copy
109 : 26

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

109. Ман аз шумо дар муқобили даъвати худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. info
التفاسير:

external-link copy
110 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

110. Пас аз Аллоҳ битарсед ва маро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва бо парҳез кардан аз манъкардашудаҳояш итоъат кунед!» info
التفاسير:

external-link copy
111 : 26

۞ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لَكَ وَٱتَّبَعَكَ ٱلۡأَرۡذَلُونَ

111. Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу бемақом) пайрави ту ҳастанд?» info
التفاسير: