Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir

external-link copy
21 : 2

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ

21. Аллоҳ барои тамоми мардум нидо карда мегўяд: Эй мардум, Парвардигоратонро бо тавҳид ибодат кунед, ки шуморо бо неъматҳои худ тарбия намуд. Ва аз Ў битарсед ва дини Ўро мухолифат макунед; ҳароина шуморо аз нестӣ ва касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба вуҷуд овард, то ин ки шумо аз парҳезгороне бошед, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Аллоҳ розӣ ҳастанд. info
التفاسير: