ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
65 : 19

رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا فَٱعۡبُدۡهُ وَٱصۡطَبِرۡ لِعِبَٰدَتِهِۦۚ هَلۡ تَعۡلَمُ لَهُۥ سَمِيّٗا

65. Ӯст Парвардигор ва холиқи осмонҳову замин ва он чӣ миёни он ду ҳаст. Пас Ӯро ибодат кун ва дар ибодаташ босабр бош. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест на дар зот ва асмову сифоташ ва на дар корҳояш.[1566] info

[1566] Тафсири Табарӣ 18/226

التفاسير:

external-link copy
66 : 19

وَيَقُولُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَءِذَا مَا مِتُّ لَسَوۡفَ أُخۡرَجُ حَيًّا

66. Ва одамикофир[1567] мегӯяд: «Оё замоне, ки бимирам, боз зинда аз қабр берун оварда хоҳам шуд?» info

[1567]Ҳар як кофире, ки ба зинда шудани баъд аз марг бовар надорад. Тафсири Саъдӣ 1/ 498

التفاسير:

external-link copy
67 : 19

أَوَلَا يَذۡكُرُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَنَّا خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ وَلَمۡ يَكُ شَيۡـٔٗا

67. Оё одами кофир ба ёд надорад, ки ӯро пеш аз ин офаридаем ва ӯ ҳеҷ чизе набуд? info
التفاسير:

external-link copy
68 : 19

فَوَرَبِّكَ لَنَحۡشُرَنَّهُمۡ وَٱلشَّيَٰطِينَ ثُمَّ لَنُحۡضِرَنَّهُمۡ حَوۡلَ جَهَنَّمَ جِثِيّٗا

68. Пас қасам ба номи Парвардигорат эй паёмбар, албатта он мункирони баъсро рӯзи қиёмат бо шайтонҳо ҷамъ меоварем , он гоҳ ҳамаро (кофирону шаётинро) дар атрофи ҷаҳаннам ҳозир карда ва ба зону мешинонем[1568] info

[1568]Аз тарси он рӯз наметавонанд рост истанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 498

التفاسير:

external-link copy
69 : 19

ثُمَّ لَنَنزِعَنَّ مِن كُلِّ شِيعَةٍ أَيُّهُمۡ أَشَدُّ عَلَى ٱلرَّحۡمَٰنِ عِتِيّٗا

69. Он гоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки дар баробари Аллоҳи меҳрубон бештар гуноҳ ва саркашӣ кардаанд, ҷудо мекунем ва аввал ононро азоб мекунем.[1569] info

[1569] Тафсири Саъдӣ 1/ 498

التفاسير:

external-link copy
70 : 19

ثُمَّ لَنَحۡنُ أَعۡلَمُ بِٱلَّذِينَ هُمۡ أَوۡلَىٰ بِهَا صِلِيّٗا

70. Ва Мо албатта, онҳоеро, ки сазовортар ба дохил шудан дар оташ ва сӯхтан дар он бошанд, беҳтар мешиносем. info
التفاسير:

external-link copy
71 : 19

وَإِن مِّنكُمۡ إِلَّا وَارِدُهَاۚ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ حَتۡمٗا مَّقۡضِيّٗا

71. Ва ҳеҷ як аз шумо эй одамон нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад[1570] ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту. info

[1570] Яъне,бар пули сироте, ки болои ҷаҳаннам аст. Тафсири Саъдӣ 1/ 499

التفاسير:

external-link copy
72 : 19

ثُمَّ نُنَجِّي ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّنَذَرُ ٱلظَّٰلِمِينَ فِيهَا جِثِيّٗا

72. Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону шинонда дар он ҷо вомегузорем. info
التفاسير:

external-link copy
73 : 19

وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ قَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَيُّ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ خَيۡرٞ مَّقَامٗا وَأَحۡسَنُ نَدِيّٗا

73. Чун оёти возеҳу равшани моро бар онон бихонанд, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Кадом яке аз ду гурӯҳ ҷойгоҳи беҳтар ва маҷлиси зеботаре доранд?» info
التفاسير:

external-link copy
74 : 19

وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّن قَرۡنٍ هُمۡ أَحۡسَنُ أَثَٰثٗا وَرِءۡيٗا

74. Пеш аз кофирони қавмат эй Паёмбар чӣ басо мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки ба эътибори хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд. info
التفاسير:

external-link copy
75 : 19

قُلۡ مَن كَانَ فِي ٱلضَّلَٰلَةِ فَلۡيَمۡدُدۡ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ مَدًّاۚ حَتَّىٰٓ إِذَا رَأَوۡاْ مَا يُوعَدُونَ إِمَّا ٱلۡعَذَابَ وَإِمَّا ٱلسَّاعَةَ فَسَيَعۡلَمُونَ مَنۡ هُوَ شَرّٞ مَّكَانٗا وَأَضۡعَفُ جُندٗا

75. Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳар кас, ки дар гумроҳӣ бошад, Аллоҳи меҳрубон ӯро мӯҳлат медиҳад», то он гоҳ, он чиро ба ӯ ваъда дода шудааст, бингарад: ё азоби ин дунё ва ё вуқӯъи қиёмат. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чӣ касеро ҷойгоҳ бадтарва лашкараш заифтар ва нотавонтар аст.[1571] info

[1571] Тафсири Бағавӣ 5 /253

التفاسير:

external-link copy
76 : 19

وَيَزِيدُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ٱهۡتَدَوۡاْ هُدٗىۗ وَٱلۡبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيۡرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابٗا وَخَيۡرٞ مَّرَدًّا

76. Ва Аллоҳбар ҳидояти онон, ки ҳидоят ёфтаанд, меафзояд[1572] ва назди Парвардигори ту подош ва оқибати кирдорҳои шоистае, ки боқӣ мондаанд, беҳтар аст. info

[1572] Яъне, имонашон зиёд мешавад. Тафсири Саъдӣ 1/ 499

التفاسير: