ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
12 : 19

يَٰيَحۡيَىٰ خُذِ ٱلۡكِتَٰبَ بِقُوَّةٖۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡحُكۡمَ صَبِيّٗا

12. (Пас чун Яҳё таваллуд шуд ва хитобро мефаҳмидагӣ шуд, Аллоҳ таъоло ба ӯ амр кард ) «Эй Яҳё, китобро (Тавротро) ба қувват ва қасду фаҳми маъонияш ва амал кардан ба ӯ бигир». Ва дар кӯдакӣ ба ӯ доноӣ, нубуввату фаҳми Таврот ато кардем.[1546] info

[1546] Тафсири Табарӣ 18/ 155

التفاسير:

external-link copy
13 : 19

وَحَنَانٗا مِّن لَّدُنَّا وَزَكَوٰةٗۖ وَكَانَ تَقِيّٗا

13.Ва ба ӯ меҳру шафқат кардем ва аз гуноҳҳо покизааш сохтем ва ӯ парҳезгор буд. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 19

وَبَرَّۢا بِوَٰلِدَيۡهِ وَلَمۡ يَكُن جَبَّارًا عَصِيّٗا

14.Ба падару модар бисёр некӣ мекард ва ҷаббору (мутакаббир) гарданкаш аз тоъати Аллоҳу волидайнаш набуд.[1547] info

[1547] Тафсири Табарӣ 18/ 160

التفاسير:

external-link copy
15 : 19

وَسَلَٰمٌ عَلَيۡهِ يَوۡمَ وُلِدَ وَيَوۡمَ يَمُوتُ وَيَوۡمَ يُبۡعَثُ حَيّٗا

15.Салом аз ҷониби Аллоҳ бар ӯ, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки дигар бор зинда гардонида мешавад! info
التفاسير:

external-link copy
16 : 19

وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَرۡيَمَ إِذِ ٱنتَبَذَتۡ مِنۡ أَهۡلِهَا مَكَانٗا شَرۡقِيّٗا

16.Ва ёд кун эй Паёмбар дар ин Қуръон хабари Марямро, он гоҳ, ки аз хонадони хеш ба маконе рӯ ба сӯи баромадани офтоб канора гирифт. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 19

فَٱتَّخَذَتۡ مِن دُونِهِمۡ حِجَابٗا فَأَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرٗا سَوِيّٗا

17. Пас дар баробари онон пӯшише бар гирифт ва онгоҳ Мо Рӯҳи[1548]Худро наздаш фиристодем ва чун инсоне тамом бар ӯ намудор шуд. info

[1548]Ҷабраил алайҳиссаломро. Тафсири Саъдӣ 1/ 491

التفاسير:

external-link copy
18 : 19

قَالَتۡ إِنِّيٓ أَعُوذُ بِٱلرَّحۡمَٰنِ مِنكَ إِن كُنتَ تَقِيّٗا

18.Марям гуфт: «Аз ту ба Аллоҳи меҳрубон паноҳ мебарам, агар аз Аллоҳ тарсӣ ба ман зиёне нарасон ». info
التفاسير:

external-link copy
19 : 19

قَالَ إِنَّمَآ أَنَا۠ رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَٰمٗا زَكِيّٗا

19.Гуфт Ҷабраил: «Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то туро писари поку покиза аз гуноҳ бубахшам». info
التفاسير:

external-link copy
20 : 19

قَالَتۡ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَلَمۡ يَمۡسَسۡنِي بَشَرٞ وَلَمۡ أَكُ بَغِيّٗا

20.Гуфт Марям: “Аз куҷо маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ инсоне ба ман даст назадааст ва ман ҳаргиз зинокору фоҳиша ҳам набудаам”. info
التفاسير:

external-link copy
21 : 19

قَالَ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞۖ وَلِنَجۡعَلَهُۥٓ ءَايَةٗ لِّلنَّاسِ وَرَحۡمَةٗ مِّنَّاۚ وَكَانَ أَمۡرٗا مَّقۡضِيّٗا

21.Гуфт Ҷабраил, ҳамчунон, ки ту гуфтӣ ҳеҷ кас ба ту даст нарасонидааст ва ту зинокор ҳам нестӣ: Ва аммо Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барои ман осон аст. Мо он писарро барои мардум як муъҷизае, ки далолат мекунад бар қудрати Мо ва раҳмату бахшоише созем ва ин кори муқарраркардашуда аст».[1549] info

[1549] Тафсири Табарӣ 18/ 165

التفاسير:

external-link copy
22 : 19

۞ فَحَمَلَتۡهُ فَٱنتَبَذَتۡ بِهِۦ مَكَانٗا قَصِيّٗا

22.Пас аз он, ки Ҷабраил дар остини куртаи ӯ пуф кардМарям ҳомиладор шуд пас ҳамли худро ба маконе дур аз мардум бурд.[1550] info

[1550] Тафсири Табарӣ 18/ 168

التفاسير:

external-link copy
23 : 19

فَأَجَآءَهَا ٱلۡمَخَاضُ إِلَىٰ جِذۡعِ ٱلنَّخۡلَةِ قَالَتۡ يَٰلَيۡتَنِي مِتُّ قَبۡلَ هَٰذَا وَكُنتُ نَسۡيٗا مَّنسِيّٗا

23. Пас овард дарди таваллудӯро ба сӯи танаи дарахти хурмое. Гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва аз ёдҳо фаромӯш мешудам ». info
التفاسير:

external-link copy
24 : 19

فَنَادَىٰهَا مِن تَحۡتِهَآ أَلَّا تَحۡزَنِي قَدۡ جَعَلَ رَبُّكِ تَحۡتَكِ سَرِيّٗا

24. Онгоҳ Ҷибраил аз поёни ӯ нидо дод, ки : «Ғамгин мабош, ба ростӣ Парвардигорат поёнтар аз ту чашмае падид овардааст ».[1551] info

[1551] Тафсири Табарӣ 18/ 173

التفاسير:

external-link copy
25 : 19

وَهُزِّيٓ إِلَيۡكِ بِجِذۡعِ ٱلنَّخۡلَةِ تُسَٰقِطۡ عَلَيۡكِ رُطَبٗا جَنِيّٗا

25. Ва дарахти хурморо биҷунбон, то хурмои тозаи чида шуда бароят фурӯ резад. info
التفاسير: