ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ-ߕߊ߬ߙߑߖߡߊ ߝߊ߲ߓߊ

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
71 : 15

قَالَ هَٰٓؤُلَآءِ بَنَاتِيٓ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ

[Лут] Гуфт: «Агар мехоҳед, [коре ҳалол] анҷом диҳед, инҳо духтарони [уммати] ман ҳастанд [бо эшон издивоҷ кунед]» info
التفاسير:

external-link copy
72 : 15

لَعَمۡرُكَ إِنَّهُمۡ لَفِي سَكۡرَتِهِمۡ يَعۡمَهُونَ

Савганд ба ҷони ту [эй паёмбар], ки онон дар мастии хеш саргашта буданд info
التفاسير:

external-link copy
73 : 15

فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّيۡحَةُ مُشۡرِقِينَ

Пас, ҳангоми баромадани офтоб бонги [маргбор] ононро фаро гирифт info
التفاسير:

external-link copy
74 : 15

فَجَعَلۡنَا عَٰلِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ حِجَارَةٗ مِّن سِجِّيلٍ

Он гоҳ он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем info
التفاسير:

external-link copy
75 : 15

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡمُتَوَسِّمِينَ

Ба яқин, дар ин [кайфар] барои ҳушёрон ибратҳост info
التفاسير:

external-link copy
76 : 15

وَإِنَّهَا لَبِسَبِيلٖ مُّقِيمٍ

Ва он [шаҳрҳои вайрона ҳанӯз] бар сари роҳи [мусофирон] побарҷост. info
التفاسير:

external-link copy
77 : 15

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ

Яқинан, дар ин [азоб] нишонаҳое барои [ибрат гирифтани] муъминон аст info
التفاسير:

external-link copy
78 : 15

وَإِن كَانَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ لَظَٰلِمِينَ

Ва асҳоби Айка [қавми Шуайб], ҳатман, ситамгор буданд info
التفاسير:

external-link copy
79 : 15

فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ وَإِنَّهُمَا لَبِإِمَامٖ مُّبِينٖ

Пас, [Мо] аз онон интиқом гирифтем ва [шаҳрҳои вайроншудаи] ин ду [қавм] бар сари роҳ ошкор аст info
التفاسير:

external-link copy
80 : 15

وَلَقَدۡ كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡحِجۡرِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Ва бе тардид, аҳли Ҳиҷр [қавми Самуд] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд info
التفاسير:

external-link copy
81 : 15

وَءَاتَيۡنَٰهُمۡ ءَايَٰتِنَا فَكَانُواْ عَنۡهَا مُعۡرِضِينَ

Ва [Мо муъҷизот ва] нишонаҳои худро ба онон додем, ва [-ле] аз онҳо рӯйгардон шуданд info
التفاسير:

external-link copy
82 : 15

وَكَانُواْ يَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتًا ءَامِنِينَ

Ва аз кӯҳҳо хонаҳое [барои худ] метарошиданд, ки дар амон бимонанд info
التفاسير:

external-link copy
83 : 15

فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّيۡحَةُ مُصۡبِحِينَ

Пас, субҳгоҳон бонг [-и маргбор] ононро фаро гирифт info
التفاسير:

external-link copy
84 : 15

فَمَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Ва он чи [аз амволу хонаҳои маҳкам] ба даст оварда буданд, суде ба ҳолашон надошт [ва азоби илоҳиро дафъ накард] info
التفاسير:

external-link copy
85 : 15

وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۗ وَإِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَأٓتِيَةٞۖ فَٱصۡفَحِ ٱلصَّفۡحَ ٱلۡجَمِيلَ

Ва Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наофаридаем ва қиёмат ҳатман, омаданӣ аст, пас, [эй паёмбар аз кофирон] ба накуӣ гузашт кун. info
التفاسير:

external-link copy
86 : 15

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلۡخَلَّٰقُ ٱلۡعَلِيمُ

Бе тардид, Парвардигорат ҳамон офаринишгари доност. info
التفاسير:

external-link copy
87 : 15

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ سَبۡعٗا مِّنَ ٱلۡمَثَانِي وَٱلۡقُرۡءَانَ ٱلۡعَظِيمَ

Ва ба ростӣ, Мо ба ту [сабъу-л-масонӣ» [сураи Фотиҳа] ва Қуръони бузургро додем info
التفاسير:

external-link copy
88 : 15

لَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِلۡمُؤۡمِنِينَ

[Бинобар ин] Ҳаргиз ба он чи [аз неъматҳои дунявие], ки гурӯҳҳое аз онон [кофирон]-ро баҳраманд кардаем, чашм надӯз ва ба хотири [носипосӣ ва ширки] онон андуҳгин мабош ва бо муъминон фурӯтанӣ кун info
التفاسير:

external-link copy
89 : 15

وَقُلۡ إِنِّيٓ أَنَا ٱلنَّذِيرُ ٱلۡمُبِينُ

Ва бигӯ: «Ба ростӣ, ки ман ҳамон бимдиҳандаи ошкорам» info
التفاسير:

external-link copy
90 : 15

كَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَى ٱلۡمُقۡتَسِمِينَ

[Ва ононро аз азоб битарсон] Ҳамон гуна ки [онро] бар тақсимкунандагон [-и оёти илоҳӣ] фиристодем info
التفاسير: