ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ-ߕߊ߬ߙߑߖߡߊ ߝߊ߲ߓߊ

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
52 : 15

إِذۡ دَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَقَالُواْ سَلَٰمٗا قَالَ إِنَّا مِنكُمۡ وَجِلُونَ

Ҳангоме ки бар ӯ ворид шуданд, салом гуфтанд, [аммо чун даст ба ғизо набурданд, Иброҳим] гуфт: «Мо аз шумо ҳаросонем» info
التفاسير:

external-link copy
53 : 15

قَالُواْ لَا تَوۡجَلۡ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ

Онон гуфтанд: «Натарс, мо туро ба писаре доно мужда медиҳем» info
التفاسير:

external-link copy
54 : 15

قَالَ أَبَشَّرۡتُمُونِي عَلَىٰٓ أَن مَّسَّنِيَ ٱلۡكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ

[Иброҳим] Гуфт: «Оё бо ин ки солхӯрда шудаам, мужда [-и таваллуди фарзанд] ба ман медиҳед? Ба чи [далел инчунин] башорат медиҳед»? info
التفاسير:

external-link copy
55 : 15

قَالُواْ بَشَّرۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡقَٰنِطِينَ

Онон гуфтанд: «Мо туро ба дурустӣ башорат додем, пас, ноумед набош» info
التفاسير:

external-link copy
56 : 15

قَالَ وَمَن يَقۡنَطُ مِن رَّحۡمَةِ رَبِّهِۦٓ إِلَّا ٱلضَّآلُّونَ

[Иброҳим] Гуфт: «Ва ҷуз гумроҳон чи касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мегардад»? info
التفاسير:

external-link copy
57 : 15

قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ أَيُّهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ

[Он гоҳ ба фариштагон] гуфт: «Эй фиристодагон, кор [-у маъмурият]-и шумо чист»? info
التفاسير:

external-link copy
58 : 15

قَالُوٓاْ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمٖ مُّجۡرِمِينَ

Онон гуфтанд: «Дар ҳақиқат, мо ба сӯйи қавми гунаҳгор [-и Лут] фиристода шудаем [то ҳалокашон кунем] info
التفاسير:

external-link copy
59 : 15

إِلَّآ ءَالَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمۡ أَجۡمَعِينَ

Ба ҷуз хонаводаи Лут, ки мо яқинан, ҳамаи ононро наҷот хоҳем дод info
التفاسير:

external-link copy
60 : 15

إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَآ إِنَّهَا لَمِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ

Магар ҳамсараш, ки муқаддар кардаем, ки аз бозмондагон [дар азоб] бошад» info
التفاسير:

external-link copy
61 : 15

فَلَمَّا جَآءَ ءَالَ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلُونَ

Пас, ҳангоме ки фариштагон [-и Аллоҳ таоло ба шакли инсон] назди хонадони Лут омаданд info
التفاسير:

external-link copy
62 : 15

قَالَ إِنَّكُمۡ قَوۡمٞ مُّنكَرُونَ

[Ӯ] Гуфт: «Шумо гурӯҳе ношинос ҳастед» info
التفاسير:

external-link copy
63 : 15

قَالُواْ بَلۡ جِئۡنَٰكَ بِمَا كَانُواْ فِيهِ يَمۡتَرُونَ

[Фариштагон] Гуфтанд: «Балки мо ҳамон чизеро бароят овардаем, ки [ин мардуми гунаҳгор] дар борааш тардид мекарданд [нузули азоб] info
التفاسير:

external-link copy
64 : 15

وَأَتَيۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

Ва мо бароят [хабари ҳақиқӣ ва] рост овардаем ва ҳатман, мо ростгӯем info
التفاسير:

external-link copy
65 : 15

فَأَسۡرِ بِأَهۡلِكَ بِقِطۡعٖ مِّنَ ٱلَّيۡلِ وَٱتَّبِعۡ أَدۡبَٰرَهُمۡ وَلَا يَلۡتَفِتۡ مِنكُمۡ أَحَدٞ وَٱمۡضُواْ حَيۡثُ تُؤۡمَرُونَ

Пас, посе аз шаб [ки гузашт] хонаводаатро бо худ [аз ин ҷо] бибар ва [худат] ба дунболашон бирав ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад ва ба ҷойе, ки ба шумо фармон медиҳанд, биравед» info
التفاسير:

external-link copy
66 : 15

وَقَضَيۡنَآ إِلَيۡهِ ذَٰلِكَ ٱلۡأَمۡرَ أَنَّ دَابِرَ هَٰٓؤُلَآءِ مَقۡطُوعٞ مُّصۡبِحِينَ

Ва Мо ӯ [Лут]-ро аз ин амр огоҳ кардем, ки субҳгоҳон решаи онон канда хоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
67 : 15

وَجَآءَ أَهۡلُ ٱلۡمَدِينَةِ يَسۡتَبۡشِرُونَ

Ва аҳли шаҳр, дар ҳоле ки [дар бораи омадани афроди ҷадид] бо шодӣ [ба якдигар] хабар медоданд, [ба сӯйи хонаи Лут] омаданд info
التفاسير:

external-link copy
68 : 15

قَالَ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ ضَيۡفِي فَلَا تَفۡضَحُونِ

[Лут] Гуфт: «Инҳо меҳмонони ман ҳастанд, пас, маро расво [ва шармандаи меҳмононам] накунед info
التفاسير:

external-link copy
69 : 15

وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُخۡزُونِ

Ва аз Аллоҳ таоло битарсед ва саршикастаам насозед» info
التفاسير:

external-link copy
70 : 15

قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ نَنۡهَكَ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

[Онон] Гуфтанд: «Магар мо туро аз [мизбонии] афроди [ғариб] наҳй накардем»? info
التفاسير: