पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : रव्वाद अनुवाद केन्द्र ।

رقم الصفحة:close

external-link copy
45 : 21

قُلۡ إِنَّمَآ أُنذِرُكُم بِٱلۡوَحۡيِۚ وَلَا يَسۡمَعُ ٱلصُّمُّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا مَا يُنذَرُونَ

Бигӯ: “Ман фақат шуморо ба василаи ваҳй [аз азоби илоҳӣ] бим медиҳам” ва [-ле] чун ба карон бим дода шавад, даъвати [ҳақ]-ро намешунаванд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 21

وَلَئِن مَّسَّتۡهُمۡ نَفۡحَةٞ مِّنۡ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ

Агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онон бирасад, ҳатман, мегӯянд: “Эй вой бар мо [ки], яқинан, ситамгор будаем!” info
التفاسير:

external-link copy
47 : 21

وَنَضَعُ ٱلۡمَوَٰزِينَ ٱلۡقِسۡطَ لِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ فَلَا تُظۡلَمُ نَفۡسٞ شَيۡـٔٗاۖ وَإِن كَانَ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٍ أَتَيۡنَا بِهَاۗ وَكَفَىٰ بِنَا حَٰسِبِينَ

Рӯзи қиёмат Мо тарозуҳои адлро [барои ҳисобрасӣ дар миён] мениҳем, пас, ба ҳеҷ кас [камтарин] ситаме намешавад ва агар [кирдорашон] ҳамсанги донаи хардале бошад, онро [ба ҳисоб] меоварем ва кофист, ки Мо ҳисобрас бошем info
التفاسير:

external-link copy
48 : 21

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٱلۡفُرۡقَانَ وَضِيَآءٗ وَذِكۡرٗا لِّلۡمُتَّقِينَ

Ба ростӣ, Мо ба Мӯсо ва Ҳорун китоб [Таврот] додем ва [ин китоб] барои парҳезкорон равшанӣ ва андарзе аст info
التفاسير:

external-link copy
49 : 21

ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ وَهُم مِّنَ ٱلسَّاعَةِ مُشۡفِقُونَ

[Ҳамон] касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд ва аз қиёмат бимноканд info
التفاسير:

external-link copy
50 : 21

وَهَٰذَا ذِكۡرٞ مُّبَارَكٌ أَنزَلۡنَٰهُۚ أَفَأَنتُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ

Ва ин [Қуръон] панди мубораке аст, ки онро нозил кардем. Оё [боз ҳам] инкораш мекунед? info
التفاسير:

external-link copy
51 : 21

۞ وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ إِبۡرَٰهِيمَ رُشۡدَهُۥ مِن قَبۡلُ وَكُنَّا بِهِۦ عَٰلِمِينَ

Ва бе тардид, пеш аз он Мо ба Иброҳим [рушди фикрӣ ва] ҳидояташро ато кардем ва ба [шоистагиҳои] ӯ доно будем; info
التفاسير:

external-link copy
52 : 21

إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا هَٰذِهِ ٱلتَّمَاثِيلُ ٱلَّتِيٓ أَنتُمۡ لَهَا عَٰكِفُونَ

Он гоҳ ки ба падари худ ва қавмаш гуфт: “Ин муҷассамаҳо чист, ки ба парастиши онҳо истодаед?” info
التفاسير:

external-link copy
53 : 21

قَالُواْ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا لَهَا عَٰبِدِينَ

Онон гуфтанд: “Мо падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд” info
التفاسير:

external-link copy
54 : 21

قَالَ لَقَدۡ كُنتُمۡ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمۡ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

[Иброҳим] Гуфт: “Ҳатман, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкор будаед” info
التفاسير:

external-link copy
55 : 21

قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا بِٱلۡحَقِّ أَمۡ أَنتَ مِنَ ٱللَّٰعِبِينَ

Онон гуфтанд: “Оё [сухани] ҳақ бароямон овардаӣ ё шухӣ мекунӣ?” info
التفاسير:

external-link copy
56 : 21

قَالَ بَل رَّبُّكُمۡ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلَّذِي فَطَرَهُنَّ وَأَنَا۠ عَلَىٰ ذَٰلِكُم مِّنَ ٱلشَّٰهِدِينَ

Ӯ гуфт: “Балки [суханам ҳақ аст] Парвардигоратон парвардигори осмонҳо ва замин аст, ҳамон ки онҳоро падид овардааст ва ман бар ин [сухан] гувоҳам” info
التفاسير:

external-link copy
57 : 21

وَتَٱللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصۡنَٰمَكُم بَعۡدَ أَن تُوَلُّواْ مُدۡبِرِينَ

Ва [бо худ гуфт] “Ба Аллоҳ таоло савганд, пас аз он ки пушт кардед ва [ба ҷашн] рафтед, барои [нобудии] бутҳоятон тадбире меандешам” info
التفاسير: