पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : रव्वाद अनुवाद केन्द्र ।

رقم الصفحة:close

external-link copy
11 : 21

وَكَمۡ قَصَمۡنَا مِن قَرۡيَةٖ كَانَتۡ ظَالِمَةٗ وَأَنشَأۡنَا بَعۡدَهَا قَوۡمًا ءَاخَرِينَ

Чи бисёр шаҳрҳоеро, ки [сокинонаш] ситамгор буданд, дар ҳам шикастем ва пас аз онон гурӯҳе дигар падид овардем info
التفاسير:

external-link copy
12 : 21

فَلَمَّآ أَحَسُّواْ بَأۡسَنَآ إِذَا هُم مِّنۡهَا يَرۡكُضُونَ

Пас, чун азоби Моро эҳсос мекарданд [ва ба чашм медиданд], ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд info
التفاسير:

external-link copy
13 : 21

لَا تَرۡكُضُواْ وَٱرۡجِعُوٓاْ إِلَىٰ مَآ أُتۡرِفۡتُمۡ فِيهِ وَمَسَٰكِنِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُسۡـَٔلُونَ

[Ба тамасхур гуфтем] «Фирор накунед. Ба сӯйи хонаҳоятон ва неъматҳое, ки дар он осуда будед, бозгардед. Бошад, ки [фақат дар бораи умури дунявӣ] бозхост шавед» info
التفاسير:

external-link copy
14 : 21

قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ

гуфтанд: «Вой бар мо [, ки] ҳатман ситамгор будаем!» info
التفاسير:

external-link copy
15 : 21

فَمَا زَالَت تِّلۡكَ دَعۡوَىٰهُمۡ حَتَّىٰ جَعَلۡنَٰهُمۡ حَصِيدًا خَٰمِدِينَ

Пас, гуфторашон пайваста ҳамин буд, то он ки ононро [чун гиёҳе] даравшуда [ва] беҷон сохтем info
التفاسير:

external-link copy
16 : 21

وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَآءَ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا لَٰعِبِينَ

Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост ба бозича наёфаридаем info
التفاسير:

external-link copy
17 : 21

لَوۡ أَرَدۡنَآ أَن نَّتَّخِذَ لَهۡوٗا لَّٱتَّخَذۡنَٰهُ مِن لَّدُنَّآ إِن كُنَّا فَٰعِلِينَ

Агар [ба фарз] мехостем, ки саргармие [монанди фарзанд ё ҳамсуҳбат барои худ] баргузинем, онро [на аз бутҳои шумо, балки] аз назди хеш бармегузидем info
التفاسير:

external-link copy
18 : 21

بَلۡ نَقۡذِفُ بِٱلۡحَقِّ عَلَى ٱلۡبَٰطِلِ فَيَدۡمَغُهُۥ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٞۚ وَلَكُمُ ٱلۡوَيۡلُ مِمَّا تَصِفُونَ

Балки Мо ҳақро бар ботил меафканем, пас, онро дар ҳам мешиканад ва ногоҳ он [ботил] нобуд мешавад ва [эй кофирон] вой бар шумо аз он чи тавсиф мекунед! info
التفاسير:

external-link copy
19 : 21

وَلَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَنۡ عِندَهُۥ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِهِۦ وَلَا يَسۡتَحۡسِرُونَ

Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва онон, ки назди Ӯ ҳастанд [фариштагон] аз ибодаташ саркашӣ намекунанд ва хаста намешаванд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 21

يُسَبِّحُونَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ لَا يَفۡتُرُونَ

Онон шабу рӯз [илоҳро] ба покӣ меситоянд ва сустӣ намеварзанд info
التفاسير:

external-link copy
21 : 21

أَمِ ٱتَّخَذُوٓاْ ءَالِهَةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ هُمۡ يُنشِرُونَ

Оё [ин мушрикон] маъбудоне аз замин баргузидаанд, ки [мурдагонро] зинда мекунанд? info
التفاسير:

external-link copy
22 : 21

لَوۡ كَانَ فِيهِمَآ ءَالِهَةٌ إِلَّا ٱللَّهُ لَفَسَدَتَاۚ فَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ رَبِّ ٱلۡعَرۡشِ عَمَّا يَصِفُونَ

Агар дар осмон ва замин маъбудоне ба ҷуз Аллоҳ таоло вуҷуд дошт, [дар асари носозгории онҳо] ҳатман, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас, Аллоҳ таоло – Парвардигори Арш – аз тавсифе, ки [мушрикон] мекунанд, поку муназзаҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
23 : 21

لَا يُسۡـَٔلُ عَمَّا يَفۡعَلُ وَهُمۡ يُسۡـَٔلُونَ

Ӯ ба хотири он чи мекунад, бозхост намешавад, вале онон [дар баробари рафторашон] масъуланд info
التفاسير:

external-link copy
24 : 21

أَمِ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗۖ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡۖ هَٰذَا ذِكۡرُ مَن مَّعِيَ وَذِكۡرُ مَن قَبۡلِيۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٱلۡحَقَّۖ فَهُم مُّعۡرِضُونَ

Оё [мушрикон] ба ҷуз Ӯ маъбудоне баргузидаанд? [Ба онон] Бигӯ: «Далелатонро биёваред. Ин [Қуръон] китобест, ки ҳамроҳи ман аст ва [инҳо низ] китобҳоест [мутааллиқ ба паёмбароне], ки пеш аз ман буданд [ва дар ҳеҷ кадом далеле бар ҳаққонияти шумо вуҷуд надорад]», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва [аз он] рӯйгардонанд info
التفاسير: