വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ

പേജ് നമ്പർ:close

external-link copy
6 : 60

لَقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِيهِمۡ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَۚ وَمَن يَتَوَلَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ

Мусалламан барои шумо дар [зиндагии] онҳо [Иброҳим ва ёронаш] сармашқи хубе аст, барои касоне, ки умед ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат доранд; ва ҳар кас рӯйгардон шавад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст info
التفاسير:

external-link copy
7 : 60

۞ عَسَى ٱللَّهُ أَن يَجۡعَلَ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَ ٱلَّذِينَ عَادَيۡتُم مِّنۡهُم مَّوَدَّةٗۚ وَٱللَّهُ قَدِيرٞۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Чи басо Аллоҳ таоло миёни шумо ва касоне [аз мушрикин], ки бо онҳо душманӣ доштаед, [пайванди] дӯстӣ [ва муҳаббат] барқарор кунад; ва Аллоҳ таоло тавоност; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 60

لَّا يَنۡهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ لَمۡ يُقَٰتِلُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَلَمۡ يُخۡرِجُوكُم مِّن دِيَٰرِكُمۡ أَن تَبَرُّوهُمۡ وَتُقۡسِطُوٓاْ إِلَيۡهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ

Аллоҳ таоло шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар [амри] дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, наҳй намекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло адолатпешагонро дӯст медорад info
التفاسير:

external-link copy
9 : 60

إِنَّمَا يَنۡهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ قَٰتَلُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَأَخۡرَجُوكُم مِّن دِيَٰرِكُمۡ وَظَٰهَرُواْ عَلَىٰٓ إِخۡرَاجِكُمۡ أَن تَوَلَّوۡهُمۡۚ وَمَن يَتَوَلَّهُمۡ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

[Ӯ] Танҳо шуморо аз дӯстӣ бо касоне наҳй мекунад, ки дар [амри] дин бо шумо ҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун кардаанд ва бар берун рондани шумо [ба дигарон] кумак кардаанд; ва ҳар кас бо онон дӯстӣ кунад, ононанд, ки ситамгоронанд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 60

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا جَآءَكُمُ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ مُهَٰجِرَٰتٖ فَٱمۡتَحِنُوهُنَّۖ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِإِيمَٰنِهِنَّۖ فَإِنۡ عَلِمۡتُمُوهُنَّ مُؤۡمِنَٰتٖ فَلَا تَرۡجِعُوهُنَّ إِلَى ٱلۡكُفَّارِۖ لَا هُنَّ حِلّٞ لَّهُمۡ وَلَا هُمۡ يَحِلُّونَ لَهُنَّۖ وَءَاتُوهُم مَّآ أَنفَقُواْۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ أَن تَنكِحُوهُنَّ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّۚ وَلَا تُمۡسِكُواْ بِعِصَمِ ٱلۡكَوَافِرِ وَسۡـَٔلُواْ مَآ أَنفَقۡتُمۡ وَلۡيَسۡـَٔلُواْ مَآ أَنفَقُواْۚ ذَٰلِكُمۡ حُكۡمُ ٱللَّهِ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡۖ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки занони муъмини муҳоҷир ба назди шумо меоянд, онҳоро биозмоед; Аллоҳ таоло ба имонашон донотар аст. Пас, агар онҳоро [занони] муъмин ёфтед, эшонро ба сӯйи кофирон бознагардонед. На он занон бар эшон [кофирон] ҳалоланд ва на он [мардон] бар ин занони ҳалол; ва ҳар чи [шавҳарони кофир] харҷи [ин занон] кардаанд, ба онҳо бидиҳед; ва бар шумо гуноҳе нест, ки пас аз он ки маҳрияҳояшонро пардохтед, бо онон издивоҷ кунед; ва ба [нигаҳ доштани пайванди заношӯӣ бо] занони кофир дил набандед; [ва чун занони шумо назди онон раванд, раҳояшон кунед] ва он чиро харҷ кардаед, [аз эшон] мутолиба кунед; ва [кофирон низ] он чиро харҷ кардаанд, мутолиба кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ таоло аст, ки дар миёни шумо доварӣ мекунад; ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
11 : 60

وَإِن فَاتَكُمۡ شَيۡءٞ مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۡ إِلَى ٱلۡكُفَّارِ فَعَاقَبۡتُمۡ فَـَٔاتُواْ ٱلَّذِينَ ذَهَبَتۡ أَزۡوَٰجُهُم مِّثۡلَ مَآ أَنفَقُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ

Агар яке аз ҳамсарони шумо ба сӯйи кофирон рафт, он гоҳ шумо [дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва] ба интиқом аз кофирон бархостед, пас, ба касоне, ки ҳамсаронашон [ба сӯйи куффор] рафтаанд, ҳаммонанди он чиро, ки харҷ кардаанд, [аз ғаноим] бипардозед; ва аз Аллоҳе, ки шумо ба Ӯ имон доред, парво кунед info
التفاسير: