വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ

Мумтаҳана

external-link copy
1 : 60

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمۡ أَوۡلِيَآءَ تُلۡقُونَ إِلَيۡهِم بِٱلۡمَوَدَّةِ وَقَدۡ كَفَرُواْ بِمَا جَآءَكُم مِّنَ ٱلۡحَقِّ يُخۡرِجُونَ ٱلرَّسُولَ وَإِيَّاكُمۡ أَن تُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ رَبِّكُمۡ إِن كُنتُمۡ خَرَجۡتُمۡ جِهَٰدٗا فِي سَبِيلِي وَٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِيۚ تُسِرُّونَ إِلَيۡهِم بِٱلۡمَوَدَّةِ وَأَنَا۠ أَعۡلَمُ بِمَآ أَخۡفَيۡتُمۡ وَمَآ أَعۡلَنتُمۡۚ وَمَن يَفۡعَلۡهُ مِنكُمۡ فَقَدۡ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ

Эй касоне, ки имон овардаед, агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби хушнудии Ман аз [ватани худ] берун омадаед, душмани Ману душмани худатонро дӯст магиред, ки ба онҳо меҳрубонӣ кунӣ; ва ҳол он ки онон ба дини ҳаққе, ки барои шумо омадааст, куфру инкор варзидаанд ва паёмбар ва шуморо овора кардаанд; чаро ки ба Аллоҳ таоло – Парвардигоратон – имон доред. Шумо пинҳонӣ бо онҳо пайванди дӯстӣ барқарор мекунед, дар ҳоле ки Ман ба он чи ки пинҳон медоред ва он чи ки ошкор месозед, донотарам; ва ҳар кас аз шумо, ки чунин [коре] кунад, яқинан роҳи ростро гум кардааст. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 60

إِن يَثۡقَفُوكُمۡ يَكُونُواْ لَكُمۡ أَعۡدَآءٗ وَيَبۡسُطُوٓاْ إِلَيۡكُمۡ أَيۡدِيَهُمۡ وَأَلۡسِنَتَهُم بِٱلسُّوٓءِ وَوَدُّواْ لَوۡ تَكۡفُرُونَ

Агар онҳо бар шумо даст ёбанд, душманонатон хоҳанд буд ва ба озоратон дасту забон мекушоянд ва дӯст доранд, ки шумо [низ] кофир гардед info
التفاسير:

external-link copy
3 : 60

لَن تَنفَعَكُمۡ أَرۡحَامُكُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُكُمۡۚ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يَفۡصِلُ بَيۡنَكُمۡۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ

Рӯзи қиёмат ҳаргиз хешовандонатон ва фарзандонатон ба ҳолатон суде нахоҳанд дошт. Аллоҳ таоло дар миёни шумо ҷудоӣ меандозад ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, биност info
التفاسير:

external-link copy
4 : 60

قَدۡ كَانَتۡ لَكُمۡ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ فِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥٓ إِذۡ قَالُواْ لِقَوۡمِهِمۡ إِنَّا بُرَءَٰٓؤُاْ مِنكُمۡ وَمِمَّا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ كَفَرۡنَا بِكُمۡ وَبَدَا بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمُ ٱلۡعَدَٰوَةُ وَٱلۡبَغۡضَآءُ أَبَدًا حَتَّىٰ تُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَحۡدَهُۥٓ إِلَّا قَوۡلَ إِبۡرَٰهِيمَ لِأَبِيهِ لَأَسۡتَغۡفِرَنَّ لَكَ وَمَآ أَمۡلِكُ لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖۖ رَّبَّنَا عَلَيۡكَ تَوَكَّلۡنَا وَإِلَيۡكَ أَنَبۡنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ

Яқинан барои шумо дар [зиндагии] Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, сармашқи хубе вуҷуд дорад; он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Аллоҳ таоло мепарастед, безорем; ба шумо кофир шудаем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ падид омадааст, то вақте ки ба Аллоҳи ягона имон оваред», магар он сухани Иброҳим, ки ба падараш [Озар] гуфт: «Ман бароят омурзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ таоло барои ту ихтиёри чизеро надорам». Парвардигоро, бар Ту таваккал кардем ва ба сӯйи Ту рӯй овардем ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯи Туст. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 60

رَبَّنَا لَا تَجۡعَلۡنَا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ وَٱغۡفِرۡ لَنَا رَبَّنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Парвардигоро, моро дастхуши [фитнаи] кофирон қарор мадеҳ ва моро биёмурз эй Парвардигори мо; ҳамоно Ту пирӯзманди ҳакимӣ» info
التفاسير: