വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ

പേജ് നമ്പർ:close

external-link copy
43 : 38

وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ أَهۡلَهُۥ وَمِثۡلَهُم مَّعَهُمۡ رَحۡمَةٗ مِّنَّا وَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ

Ва хонаводаашро [ки аз даст дода буд] дучанд ба вай бахшидем, то [нишонаи] раҳмате аз ҷониби Мо ва андарзе барои хирадмандон бошад info
التفاسير:

external-link copy
44 : 38

وَخُذۡ بِيَدِكَ ضِغۡثٗا فَٱضۡرِب بِّهِۦ وَلَا تَحۡنَثۡۗ إِنَّا وَجَدۡنَٰهُ صَابِرٗاۚ نِّعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٞ

Ва [ба ӯ фармон додем] «Дастае аз шохаҳо [-и борикро] баргир ва бо он [ҳамсаратро] бизан ва савгандатро [ки дар ҳангоми хашм ёд карда будӣ] нашикан. Бе тардид, ӯ марди шикебое буд. Чи неку бандае! Ба ростӣ, ки ӯ бисёр тавбакор буд info
التفاسير:

external-link copy
45 : 38

وَٱذۡكُرۡ عِبَٰدَنَآ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ أُوْلِي ٱلۡأَيۡدِي وَٱلۡأَبۡصَٰرِ

Ва [эй паёмбар] аз бандагони Мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, ки тавонманду бобасират буданд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 38

إِنَّآ أَخۡلَصۡنَٰهُم بِخَالِصَةٖ ذِكۡرَى ٱلدَّارِ

Мо бо [мавҳибати] ёди охират ба онон хулуси вижае бахшидем info
التفاسير:

external-link copy
47 : 38

وَإِنَّهُمۡ عِندَنَا لَمِنَ ٱلۡمُصۡطَفَيۡنَ ٱلۡأَخۡيَارِ

Онон дар пешгоҳи Мо некмард ва баргузида буданд info
التفاسير:

external-link copy
48 : 38

وَٱذۡكُرۡ إِسۡمَٰعِيلَ وَٱلۡيَسَعَ وَذَا ٱلۡكِفۡلِۖ وَكُلّٞ مِّنَ ٱلۡأَخۡيَارِ

Ва [низ] ёд кун аз Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифл, ки ҳамагӣ аз некон буданд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 38

هَٰذَا ذِكۡرٞۚ وَإِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ لَحُسۡنَ مَـَٔابٖ

Ин [Қуръон] пандест ва бе гумон, парҳезгорон [дар биҳишт] манзилгоҳе неку хоҳанд дошт info
التفاسير:

external-link copy
50 : 38

جَنَّٰتِ عَدۡنٖ مُّفَتَّحَةٗ لَّهُمُ ٱلۡأَبۡوَٰبُ

Боғҳое ҷовидон, ки дарҳояш ба рӯяшон кушодааст info
التفاسير:

external-link copy
51 : 38

مُتَّكِـِٔينَ فِيهَا يَدۡعُونَ فِيهَا بِفَٰكِهَةٖ كَثِيرَةٖ وَشَرَابٖ

Он ҷо, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд, дастури меваҳои фаровон ва нӯшиданӣ медиҳанд info
التفاسير:

external-link copy
52 : 38

۞ وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ أَتۡرَابٌ

Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд ва [ҳамагӣ] ҳамсин ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
53 : 38

هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِيَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ

Ин ҳамон неъматҳоест, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда дода мешавад info
التفاسير:

external-link copy
54 : 38

إِنَّ هَٰذَا لَرِزۡقُنَا مَا لَهُۥ مِن نَّفَادٍ

Ин ризқу рӯзӣ аз ҷониби Мост, ки ҳаргиз [қатъ намешавад ва] поён намепазирад info
التفاسير:

external-link copy
55 : 38

هَٰذَاۚ وَإِنَّ لِلطَّٰغِينَ لَشَرَّ مَـَٔابٖ

Ин [подоши парҳезкорон] аст ва саркашон бадтарин бозгаштро доранд info
التفاسير:

external-link copy
56 : 38

جَهَنَّمَ يَصۡلَوۡنَهَا فَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ

[Ҳамон] Дузах, ки дар он ворид мешаванд ва чи бад қароргоҳе аст! info
التفاسير:

external-link copy
57 : 38

هَٰذَا فَلۡيَذُوقُوهُ حَمِيمٞ وَغَسَّاقٞ

Ин [муҷозот] оби ҷӯшон ва хунобаи чирколудест, ки бояд аз он бичашанд info
التفاسير:

external-link copy
58 : 38

وَءَاخَرُ مِن شَكۡلِهِۦٓ أَزۡوَٰجٌ

Ва ҷуз инҳо кайфарҳои гуногуни дигаре ҳаммонанди он доранд info
التفاسير:

external-link copy
59 : 38

هَٰذَا فَوۡجٞ مُّقۡتَحِمٞ مَّعَكُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِهِمۡۚ إِنَّهُمۡ صَالُواْ ٱلنَّارِ

[Ба раҳбарони дузахӣ гуфта мешавад] «Ин гурӯҳ низ ҳамроҳи шумо [ба дузах] дармеоянд». [Онон посух медиҳанд] «Хуш омад бар онон мабод! Чаро ки ба оташ дармеоянд» info
التفاسير:

external-link copy
60 : 38

قَالُواْ بَلۡ أَنتُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِكُمۡۖ أَنتُمۡ قَدَّمۡتُمُوهُ لَنَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡقَرَارُ

[Пайравон] Мегӯянд: «Балки, шуморо хушомад мабод, ки ин [азоб]-ро пеши пойи мо ниҳодед. Пас, [дузах] чи бад қароргоҳе аст»! info
التفاسير:

external-link copy
61 : 38

قَالُواْ رَبَّنَا مَن قَدَّمَ لَنَا هَٰذَا فَزِدۡهُ عَذَابٗا ضِعۡفٗا فِي ٱلنَّارِ

[Сипас] Мегӯянд: «Парвардигоро, ҳар кас, ки ин [азоб]-ро барои Мо фароҳам кардааст, азобашро дар оташ дучанд кун» info
التفاسير: