വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ

Сод

external-link copy
1 : 38

صٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ذِي ٱلذِّكۡرِ

Сод.[1] Савганд ба Қуръони пандомӯз [ки Аллоҳ таоло ҳеҷ шарике надорад] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 38

بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي عِزَّةٖ وَشِقَاقٖ

Аммо кофирон гирифтори таассуб [-у ҷоҳилият] ва ситезанд info
التفاسير:

external-link copy
3 : 38

كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّن قَرۡنٖ فَنَادَواْ وَّلَاتَ حِينَ مَنَاصٖ

Чи бисёр наслҳои кофирро пеш аз онон ҳалок кардем, ки [дар ҳангоми нузули азоб] фарёд мезаданд, аммо [он замон дигар] ҳангоми наҷот набуд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 38

وَعَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡۖ وَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا سَٰحِرٞ كَذَّابٌ

Мушрикон аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ карданд ва гуфтанд: «Ин мард ҷодугару дурӯғгӯст info
التفاسير:

external-link copy
5 : 38

أَجَعَلَ ٱلۡأٓلِهَةَ إِلَٰهٗا وَٰحِدًاۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ عُجَابٞ

Оё ба ҷойи маъбудони мухталиф маъбуде ягона қарор додааст? Воқеан, кори аҷибе аст» info
التفاسير:

external-link copy
6 : 38

وَٱنطَلَقَ ٱلۡمَلَأُ مِنۡهُمۡ أَنِ ٱمۡشُواْ وَٱصۡبِرُواْ عَلَىٰٓ ءَالِهَتِكُمۡۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٞ يُرَادُ

Бузургонашон ба по хостанд [ва ба пайравони худ гуфтанд]: «Биравед ва бар [парастишу ҳифзи] маъбудонатон истодагарӣ кунед. Бе тардид, [Муҳаммад бо] ин кор хостааст [ки шуморо гумроҳ кунад ва худро ба раёсат бирасонад] info
التفاسير:

external-link copy
7 : 38

مَا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِي ٱلۡمِلَّةِ ٱلۡأٓخِرَةِ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا ٱخۡتِلَٰقٌ

Мо ин [назарияи тавҳид]-ро ҳатто дар оини масеҳият ҳам нашнидаем. Ин сухан ҷуз дурӯғ [чизе] нест info
التفاسير:

external-link copy
8 : 38

أَءُنزِلَ عَلَيۡهِ ٱلذِّكۡرُ مِنۢ بَيۡنِنَاۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ مِّن ذِكۡرِيۚ بَل لَّمَّا يَذُوقُواْ عَذَابِ

Оё аз миёни [ҳамаи] мо Қуръон ба ӯ нозил шудааст»? [Чунин нест, ки онон мегӯянд] Балки онон дар [асли] ваҳйи Ман тардид доранд ва ҳанӯз азоби Маро начашидаанд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 38

أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَحۡمَةِ رَبِّكَ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡوَهَّابِ

Оё ганҷинаҳои раҳмати Парвардигори шикастнопазири бахшандаат наздашон ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
10 : 38

أَمۡ لَهُم مُّلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۖ فَلۡيَرۡتَقُواْ فِي ٱلۡأَسۡبَٰبِ

Оё фармонравои осмонҳо ва замин ва байни онҳо ҳастанд? [Агар чунин аст] Бо васоил [-у имконоти худ ба осмон] авҷ бигиранд [ва монеи нузули ваҳй гарданд] info
التفاسير:

external-link copy
11 : 38

جُندٞ مَّا هُنَالِكَ مَهۡزُومٞ مِّنَ ٱلۡأَحۡزَابِ

[Ин кофирон] Лашкаре шикастхӯрда аз ҷумла соири гурӯҳҳо [ва аҳзоби мухолифи паёмбарон] ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
12 : 38

كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ ذُو ٱلۡأَوۡتَادِ

Пеш аз онон низ қавми Нуҳ ва Од ва Фиръавни соҳибсипоҳ низ [паёмбарони Моро] такзиб карданд info
التفاسير:

external-link copy
13 : 38

وَثَمُودُ وَقَوۡمُ لُوطٖ وَأَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِۚ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلۡأَحۡزَابُ

Қавми Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Айка [қавми Шуайб] низ аз он гурӯҳҳо буданд [ки паёмбаронро такзиб карданд] info
التفاسير:

external-link copy
14 : 38

إِن كُلٌّ إِلَّا كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ عِقَابِ

Ҳар як [аз ин гурӯҳҳо] паёмбарон [-и худ]-ро такзиб карданд ва кайфари ман [дар мавридашон] таҳаққуқ ёфт info
التفاسير:

external-link copy
15 : 38

وَمَا يَنظُرُ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ مَّا لَهَا مِن فَوَاقٖ

Инон фақат бонге саҳмнокро интизор мекашанд, ки ҳеҷ бозгаште надорад info
التفاسير:

external-link copy
16 : 38

وَقَالُواْ رَبَّنَا عَجِّل لَّنَا قِطَّنَا قَبۡلَ يَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ

[Бо тамасхур] Мегӯянд: «Парвардигоро, пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб баҳраи моро [аз азоб] ба шитоб бидеҳ» info
التفاسير: