وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير

Зуҳо

external-link copy
1 : 93

وَٱلضُّحَىٰ

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба вақти чошт.[3107] info

[3107]Мурод аз чошт тамоми рӯз аст.

التفاسير:

external-link copy
2 : 93

وَٱلَّيۡلِ إِذَا سَجَىٰ

2. Ва савганд,[3108] ба шаб, чун бипӯшад бо торикии худ атрофро, info

[3108] Аллоҳ ба он чӣ хоҳад аз махлуқоти худ қасам ёд мекунад, аммо барои махлуқ ҷоиз нест, ба ғайри номи Аллоҳ қасам хӯрад, зеро ин амали ширк аст.

التفاسير:

external-link copy
3 : 93

مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ

3. Эй Муҳаммад, ки Парвардигорат туро тарк накардааст ба сабаби таъхири ваҳй ва бад ҳам надидааст. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 93

وَلَلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لَّكَ مِنَ ٱلۡأُولَىٰ

4. Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 93

وَلَسَوۡفَ يُعۡطِيكَ رَبُّكَ فَتَرۡضَىٰٓ

5. Ба зудӣ Парвардигорат туро эй Муҳаммад аз неъматҳои гуногун ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 93

أَلَمۡ يَجِدۡكَ يَتِيمٗا فَـَٔاوَىٰ

6. Оё туро қабл аз ин ятим наёфт ва ҷоят дод? info
التفاسير:

external-link copy
7 : 93

وَوَجَدَكَ ضَآلّٗا فَهَدَىٰ

7. Ва туро роҳгумкарда ёфт, ки намедонистӣ чӣ аст китоб ва чӣ аст имон, пас таълим дод туро он чиро, ки намедонистӣ ва ба некӯтарин амалҳо ҳидоятат кард? info
التفاسير:

external-link copy
8 : 93

وَوَجَدَكَ عَآئِلٗا فَأَغۡنَىٰ

8. Ва туро фақир ва бечиз ёфт ва ба қаноъат ва сабр сарватманд ва дороят гардонд? info
التفاسير:

external-link copy
9 : 93

فَأَمَّا ٱلۡيَتِيمَ فَلَا تَقۡهَرۡ

9. Пас ятимро маёзор info
التفاسير:

external-link copy
10 : 93

وَأَمَّا ٱلسَّآئِلَ فَلَا تَنۡهَرۡ

10. ва гадоро марон, балки таъом деҳ ва ҳоҷаташро баробар гардон info
التفاسير:

external-link copy
11 : 93

وَأَمَّا بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ فَحَدِّثۡ

11. ва аз неъмати Парвардигорат, ки ба ту арзонӣ кардааст, сухан бигӯй. info
التفاسير: