وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير

Иншиқоқ

external-link copy
1 : 84

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ

1. Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад info
التفاسير:

external-link copy
2 : 84

وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ

2. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад info
التفاسير:

external-link copy
3 : 84

وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ

3. ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад info
التفاسير:

external-link copy
4 : 84

وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ

4. ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 84

وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ

5. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 84

يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحٗا فَمُلَٰقِيهِ

6. Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 84

فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ

7. Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст, info
التفاسير:

external-link copy
8 : 84

فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابٗا يَسِيرٗا

8. ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 84

وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورٗا

9. ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 84

وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ

10. Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст, info
التفاسير:

external-link copy
11 : 84

فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورٗا

11. ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад.[3093] info

[3093]Яъне, бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».

التفاسير:

external-link copy
12 : 84

وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا

12. Ва ба оташи афрӯхта дарояд. info
التفاسير:

external-link copy
13 : 84

إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا

13. Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 84

إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ

14. Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 84

بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرٗا

15. Оре, Парвардигорашба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид. info
التفاسير:

external-link copy
16 : 84

فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلشَّفَقِ

16. Пас,Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд[3094] мехӯрам info

[3094] Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хӯрад, агар чунин кунад, ба шарик овардааст.

التفاسير:

external-link copy
17 : 84

وَٱلَّيۡلِ وَمَا وَسَقَ

17. ва савганд ба шаб ваҳар чиро кифаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо info
التفاسير:

external-link copy
18 : 84

وَٱلۡقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ

18. ва савганд ба моҳ, чунпурра шавад нури он, info
التفاسير:

external-link copy
19 : 84

لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٖ

19. ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.[3095] info

[3095] Яъне, аз нутфа ба хуни баста ва ба пораи гӯшт ва ба дамидни рӯҳ ва ба марг ва ба рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан ...

التفاسير:

external-link copy
20 : 84

فَمَا لَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ

20. Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд? info
التفاسير:

external-link copy
21 : 84

وَإِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقُرۡءَانُ لَا يَسۡجُدُونَۤ۩

21. Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? info
التفاسير:

external-link copy
22 : 84

بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُكَذِّبُونَ

22. Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 84

وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُوعُونَ

23. Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст. info
التفاسير:

external-link copy
24 : 84

فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

24. Пас эй Расул, ононро ба азобидардоваре мужда бидеҳ, info
التفاسير:

external-link copy
25 : 84

إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونِۭ

25. магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд. info
التفاسير: