وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير

ژمارەی پەڕە:close

external-link copy
19 : 35

وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ

19. Ва нобинову бино баробар нестанд. info
التفاسير:

external-link copy
20 : 35

وَلَا ٱلظُّلُمَٰتُ وَلَا ٱلنُّورُ

20. ва на торикиву равшанӣ. info
التفاسير:

external-link copy
21 : 35

وَلَا ٱلظِّلُّ وَلَا ٱلۡحَرُورُ

21. ва на сояву ҳарорати офтоб. info
التفاسير:

external-link copy
22 : 35

وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَحۡيَآءُ وَلَا ٱلۡأَمۡوَٰتُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُسۡمِعُ مَن يَشَآءُۖ وَمَآ أَنتَ بِمُسۡمِعٖ مَّن فِي ٱلۡقُبُورِ

22. Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Аллоҳ ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ, пас ҳамчунон наметавонӣ ҳақиқатро бар кофироне, ки дилҳояшон мурдааст, бишунавонӣ. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 35

إِنۡ أَنتَ إِلَّا نَذِيرٌ

23. Ту ҷуз бимдиҳандае нестӣ. info
التفاسير:

external-link copy
24 : 35

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗاۚ وَإِن مِّنۡ أُمَّةٍ إِلَّا خَلَا فِيهَا نَذِيرٞ

24.Ҳароина, Мо туро ба ҳақ ба пайғамбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба ҷаннат касонеро, ки ба ту имон оварданд ва ба фармудаи ту амал намудаанд ва бим диҳӣ ба дӯзах касонеро, ки ба ту имон наовардаанд ва аз амри ту сарпечӣ кардаанд ва ҳеҷ миллате нест, магар ки дар миёнашон бимдиҳандае омада буд, то ҳуҷҷати Аллоҳро бар онҳо бар по намояд![2137] info

[2137] Тафсири Саъдӣ 1\688

التفاسير:

external-link copy
25 : 35

وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدۡ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَبِٱلزُّبُرِ وَبِٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُنِيرِ

25. Ва агар туро мушрикон дурӯғгӯ шуморанд, бегумон касоне ҳам, ки пеш аз онон будаанд, пайёмбаронашонро, ки бо мӯъҷизот ва бо навиштаҳо ва китоби равшаноибахш ба миёнашон омада буданд, дурӯғгӯ баровардаанд. info
التفاسير:

external-link copy
26 : 35

ثُمَّ أَخَذۡتُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ

26. Сипас онҳоеро, ки куфр варзиданд, ба навъҳои азоб фурӯ гирифтам. Пас бингар уқубати ман чӣ гуна буд? info
التفاسير:

external-link copy
27 : 35

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ ثَمَرَٰتٖ مُّخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهَاۚ وَمِنَ ٱلۡجِبَالِ جُدَدُۢ بِيضٞ وَحُمۡرٞ مُّخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهَا وَغَرَابِيبُ سُودٞ

27. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ, ба таҳқиқ, аз осмон борон фиристод, пас ба он меваҳои гуногун рӯйёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳое: сафед ва сурх ва рангоранг ва ба ғоят сиёҳ падид овардем. info
التفاسير:

external-link copy
28 : 35

وَمِنَ ٱلنَّاسِ وَٱلدَّوَآبِّ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ مُخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهُۥ كَذَٰلِكَۗ إِنَّمَا يَخۡشَى ٱللَّهَ مِنۡ عِبَادِهِ ٱلۡعُلَمَٰٓؤُاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ غَفُورٌ

28. Ва ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон (ҷонварон) ва чаҳорпоёни бо рангҳои гуногун падид овардем. Албатта, аз миёни бандагони Аллоҳ танҳо донишмандон, ки фармонашро итоъат мекунанд аз иқоби Ӯ метарсанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар мулкаш пирӯзманду қавӣ аст ва гуноҳи тавбакунандагонро омӯрзанда аст![2138] info

[2138] Тафсири Табарӣ 20\462

التفاسير:

external-link copy
29 : 35

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنفَقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ يَرۡجُونَ تِجَٰرَةٗ لَّن تَبُورَ

29. Ба таҳқиқ, онон, ки китоби қуръонро мехонанд ва ба он амал мекунанд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва аз он чи ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате[2139] ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунад ва барбод намеравад. info

[2139] Мурод аз тиҷорат он савобҳое, ки Аллоҳ барои бандагонаш ваъда додааст. Тафсири Бағавӣ 6\420

التفاسير:

external-link copy
30 : 35

لِيُوَفِّيَهُمۡ أُجُورَهُمۡ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ غَفُورٞ شَكُورٞ

30. Зеро Аллоҳ мукофоташонро ба пуррагӣ медиҳад ва аз фазли худ подоше бар он меафзояд. Ба таҳқиқ, Аллоҳ гуноҳонашонро омӯрзанда аст ва пазирандаи сипос аст, ки некии андакро аз онҳо мепазирад[2140]! info

[2140] Тафсири Саздӣ 1\689

التفاسير: