وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير

ژمارەی پەڕە:close

external-link copy
62 : 3

إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡقَصَصُ ٱلۡحَقُّۚ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

62. Ҳамоно ин қиссае, ки хабар додам туро дар бораи Исо росту дуруст аст ва дар он шакке нест. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷмаъбуде нест. Ў Аллоҳи пирўзманду ҳаким аст! info
التفاسير:

external-link copy
63 : 3

فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِٱلۡمُفۡسِدِينَ

63. Агар рўй гардонанд дар боварӣ ва пайравӣ бар ту, пас онон фасодкоронанд. Аллоҳ ба фасодкорон доност ва онҳоро тибқи аъмолашон ҷазо медиҳад. info
التفاسير:

external-link copy
64 : 3

قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۭ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡـٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ

64. Бигў: «Эй аҳли китоб[219], биёед ба сўи сухане, ки миёни мо ва шумо, баробар аст ва он иборат аст, аз ин ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва ҳеҷ чизеро шарики Ў насозем (мисли бут, салиб, тоғут ва ғайра..)[220] ва баъзе аз мо баъзе дигарро ба худоӣ нагирад. Эй мўъминон агар онон рўйгардонанд, ба аҳли китоб бигўед, шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем. info

[219]Яҳуду насоро
[220] Тафсири ибни Касир 2\56

التفاسير:

external-link copy
65 : 3

يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تُحَآجُّونَ فِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَمَآ أُنزِلَتِ ٱلتَّوۡرَىٰةُ وَٱلۡإِنجِيلُ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِهِۦٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

65. Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим алайҳиссалом ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ў нозил шудааст? Магар намеандешед нодуруст будани суханатонро дар бораи Иброҳим, оё яҳудӣ буд ё насронӣ? Ба дурустӣ, ки дини яҳудӣ ва насронӣ баъди вафоти Иброҳим пайдо шуд. info
التفاسير:

external-link copy
66 : 3

هَٰٓأَنتُمۡ هَٰٓؤُلَآءِ حَٰجَجۡتُمۡ فِيمَا لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞ فَلِمَ تُحَآجُّونَ فِيمَا لَيۡسَ لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ

66. Огоҳ шавед шумо! Шумо дар бораи он чи ки ба он илм ва огоҳӣ доштед дар амри Мўсо ва Исо ва даъво кардед, ки шумо бар дини онон ҳастед ва ҳол он ки Тавроту Инҷил ба шумо нозил шуда буд, ба ҷидол пардохтед, Пас чаро дар мавриди он чи ки дар он илм надоред ва дар китобатон зикр нашуда буд, ки Иброҳим яҳудӣ ё насронӣ буд ҷидол мекунед? Ҳол он ки Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.[221] info

[221] Тафсири Бағавӣ 2\51

التفاسير:

external-link copy
67 : 3

مَا كَانَ إِبۡرَٰهِيمُ يَهُودِيّٗا وَلَا نَصۡرَانِيّٗا وَلَٰكِن كَانَ حَنِيفٗا مُّسۡلِمٗا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

67. Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, балки ў бар ҳақ ва таслими фармони Аллоҳ буд ва аз мушрикон набуд. info
التفاسير:

external-link copy
68 : 3

إِنَّ أَوۡلَى ٱلنَّاسِ بِإِبۡرَٰهِيمَ لَلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ وَهَٰذَا ٱلنَّبِيُّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۗ وَٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

68. Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ў касонеанд, ки ба ў имон оварда ўро пайравӣ карданд ва низ ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки ба ў имон оварданд аз муҳоҷирон ва ансориҳо ҳастанд. Ва Аллоҳ сарпарасти мўъминон аст.[222] info

[222]Тафсири ибни Касир 2\58

التفاسير:

external-link copy
69 : 3

وَدَّت طَّآئِفَةٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَوۡ يُضِلُّونَكُمۡ وَمَا يُضِلُّونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ

69. Эй мўъминон Аллоҳ аз ҳасад ва ситами яҳуд хабардор месозад, ки гурўҳе аз аҳли китоб дўст доранд, шуморо аз роҳи Ислом гумроҳ кунанд, вале намедонанд, ки зиштии корашон бар худашон бармегардад ва худ ба гумроҳӣ мубтало мешаванд.[223] info

[223]Тафсири ибни Касир 2\59

التفاسير:

external-link copy
70 : 3

يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَأَنتُمۡ تَشۡهَدُونَ

70. Эй аҳли китоб! Чаро ба оёти Аллоҳ куфр меварзед, дар ҳоле, ки шумо нишонаҳои паёмбарӣ ва рисолати Муҳаммадро дар китобҳои худ мебинед.[224] info

[224]Тафсири ибни Касир 2\59

التفاسير: