وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - ناوەندی ڕواد بۆ وەرگێڕان

ژمارەی پەڕە:close

external-link copy
114 : 4

۞ لَّا خَيۡرَ فِي كَثِيرٖ مِّن نَّجۡوَىٰهُمۡ إِلَّا مَنۡ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوۡ مَعۡرُوفٍ أَوۡ إِصۡلَٰحِۭ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ ٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِ ٱللَّهِ فَسَوۡفَ نُؤۡتِيهِ أَجۡرًا عَظِيمٗا

Дар бисёре аз розгӯиҳои онон [мардум] хайре нест, магар [дар гуфтори] касе, ки ба [додани] садақае ё коре писандида ё созише миёни мардум фармон диҳад. Ва ҳар ки барои хушнудии Аллоҳ таоло чунин кунад, ба зудӣ подоши бузурге ба вай хоҳем дод info
التفاسير:

external-link copy
115 : 4

وَمَن يُشَاقِقِ ٱلرَّسُولَ مِنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ ٱلۡهُدَىٰ وَيَتَّبِعۡ غَيۡرَ سَبِيلِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ نُوَلِّهِۦ مَا تَوَلَّىٰ وَنُصۡلِهِۦ جَهَنَّمَۖ وَسَآءَتۡ مَصِيرًا

Ва ҳар кас пас аз он ки [роҳи ҳақ ва] ҳидоят барояш равшан шуд, бо паёмбар мухолифат кунад ва аз роҳе ҷуз роҳи муъминон пайравӣ кунад, ӯро ба он чи [барои худ баргузида ва аз он] пайравӣ кардааст, вомегузорем ва ба дузах мекашонем. Ва [ҳаққо, ки дузах] чи бад ҷойгоҳест! info
التفاسير:

external-link copy
116 : 4

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا

Аллоҳ таоло [ин] гуноҳро, ки ба ӯ ширк оварда шавад, ҳатман, намеомурзад ва ба ҷуз он [ҳар гуноҳе]-ро барои ҳар ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк оварад, пас, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст info
التفاسير:

external-link copy
117 : 4

إِن يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦٓ إِلَّآ إِنَٰثٗا وَإِن يَدۡعُونَ إِلَّا شَيۡطَٰنٗا مَّرِيدٗا

[Мушрикон] Ба ҷойи Аллоҳ таоло бутҳои модинае [ҳамчун Лоту Уззо]-ро мехонанд ва [дар ҳақиқат] ҷуз шайтони саркашро намехонанд info
التفاسير:

external-link copy
118 : 4

لَّعَنَهُ ٱللَّهُۘ وَقَالَ لَأَتَّخِذَنَّ مِنۡ عِبَادِكَ نَصِيبٗا مَّفۡرُوضٗا

[Ҳамон ки] Аллоҳ таоло ӯро аз раҳмати хеш дур сохт ва ӯ гуфт: "Аз бандагони Ту саҳми муайян бархоҳам гирифт info
التفاسير:

external-link copy
119 : 4

وَلَأُضِلَّنَّهُمۡ وَلَأُمَنِّيَنَّهُمۡ وَلَأٓمُرَنَّهُمۡ فَلَيُبَتِّكُنَّ ءَاذَانَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ وَلَأٓمُرَنَّهُمۡ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلۡقَ ٱللَّهِۚ وَمَن يَتَّخِذِ ٱلشَّيۡطَٰنَ وَلِيّٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِ فَقَدۡ خَسِرَ خُسۡرَانٗا مُّبِينٗا

Ва мусалламан, ононро гумроҳ мекунам ва ба орзуҳои ботил меафканам ва ба эшон дастур медиҳам, ки гӯши чаҳорпоёнро бишкофанд ва водорашон мекунам, то офариниши Аллоҳро тағйир диҳанд". Ва ҳар ки шайтонро ба ҷойи Аллоҳ таоло дӯст [-у корсози] худ гирад, ҳатман, зиёни ошкор кардааст info
التفاسير:

external-link copy
120 : 4

يَعِدُهُمۡ وَيُمَنِّيهِمۡۖ وَمَا يَعِدُهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ إِلَّا غُرُورًا

[Оре] Шайтон ба онон ваъда медиҳад ва дар [доми] орзуҳо меандозадашон ва ба онон ваъдае ҷуз фиреб намедиҳад info
التفاسير:

external-link copy
121 : 4

أُوْلَٰٓئِكَ مَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُ وَلَا يَجِدُونَ عَنۡهَا مَحِيصٗا

Онон [пайравони шайтон] ҷойгоҳашон дузах аст ва аз он ҳеҷ роҳи фироре намеёбанд info
التفاسير: