وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - ناوەندی ڕواد بۆ وەرگێڕان

ژمارەی پەڕە:close

external-link copy
30 : 3

يَوۡمَ تَجِدُ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا عَمِلَتۡ مِنۡ خَيۡرٖ مُّحۡضَرٗا وَمَا عَمِلَتۡ مِن سُوٓءٖ تَوَدُّ لَوۡ أَنَّ بَيۡنَهَا وَبَيۡنَهُۥٓ أَمَدَۢا بَعِيدٗاۗ وَيُحَذِّرُكُمُ ٱللَّهُ نَفۡسَهُۥۗ وَٱللَّهُ رَءُوفُۢ بِٱلۡعِبَادِ

[Рӯзи қиёмат] Рӯзе [аст], ки ҳар кас он чиро аз кори нек [ва бад] анҷом додааст, ҳозир мебинад ва орзу мекунад миёни ӯ ва аъмоли баде, ки анҷом додааст, фосилаи бисёре бошад; ва Аллоҳ таоло шуморо аз [нофармонӣ ва кайфари] худ барҳазар медорад; ва Аллоҳ таоло нисбат ба бандагон [-и худ] дилсӯз аст info
التفاسير:

external-link copy
31 : 3

قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

[Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ таоло шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст" info
التفاسير:

external-link copy
32 : 3

قُلۡ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡكَٰفِرِينَ

[Эй паёмбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло ва паёмбар [-и Ӯ]-ро итоат кунед"; пас, агар пушт карданд [ва сарпечӣ намуданд], ҳатман, Аллоҳ таоло кофиронро дӯст надорад info
التفاسير:

external-link copy
33 : 3

۞ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰٓ ءَادَمَ وَنُوحٗا وَءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ وَءَالَ عِمۡرَٰنَ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло Одаму Нуҳ ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён [бартарӣ дод ва] баргузид info
التفاسير:

external-link copy
34 : 3

ذُرِّيَّةَۢ بَعۡضُهَا مِنۢ بَعۡضٖۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Фарзандоне, ки бархе аз онон [дар тавҳиду ибодат] аз [пайи] бархи дигаранд; ва Аллоҳ таоло шунавову доност info
التفاسير:

external-link copy
35 : 3

إِذۡ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ عِمۡرَٰنَ رَبِّ إِنِّي نَذَرۡتُ لَكَ مَا فِي بَطۡنِي مُحَرَّرٗا فَتَقَبَّلۡ مِنِّيٓۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

[Эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки ҳамсари Имрон гуфт: "Парвардигоро, ман он чиро дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, ки озод [аз ҳар чиз дар хидмати Байт-ул-муқаддас ва парастишгари Ту] бошад; пас, аз ман бипазир, ки Ту худ шунавову доноӣ" info
التفاسير:

external-link copy
36 : 3

فَلَمَّا وَضَعَتۡهَا قَالَتۡ رَبِّ إِنِّي وَضَعۡتُهَآ أُنثَىٰ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا وَضَعَتۡ وَلَيۡسَ ٱلذَّكَرُ كَٱلۡأُنثَىٰۖ وَإِنِّي سَمَّيۡتُهَا مَرۡيَمَ وَإِنِّيٓ أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ

Пас, ҳангоме ки ӯро бизод, гуфт: "Парвардигоро, ман ӯро духтар зодаам – вале Аллоҳ таоло ба он чи ӯ ба дунё оварда буд, донотар буд – ва писар ҳаммонанди духтар нест ва ман ӯро Марям ном ниҳодам ва ӯву фарзандонашро аз [шарри] шайтони рондашуда дар паноҳи Ту қарор медиҳам" info
التفاسير:

external-link copy
37 : 3

فَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٖ وَأَنۢبَتَهَا نَبَاتًا حَسَنٗا وَكَفَّلَهَا زَكَرِيَّاۖ كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيۡهَا زَكَرِيَّا ٱلۡمِحۡرَابَ وَجَدَ عِندَهَا رِزۡقٗاۖ قَالَ يَٰمَرۡيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَاۖ قَالَتۡ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٍ

Он гоҳ Парвардигораш ӯ [Марям]-ро ба накуӣ пазируфт ва [ниҳоли вуҷудашро] ба шеваи шоистае парвариш дод ва сарпарастиашро ба Закариё супурд. Ҳар гоҳ Закариё вориди ибодатгоҳ [-и ӯ] мешуд, наздаш ғизое меёфт [пас, бо шигифтӣ] мегуфт: "Эй Марям, ин [ғизо] аз куҷо бароят омадааст"? [Марям] Мегуфт: "Ин [ғизо] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар ки бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад" info
التفاسير: