クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja

ページ番号:close

external-link copy
7 : 58

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ مَا يَكُونُ مِن نَّجۡوَىٰ ثَلَٰثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمۡ وَلَا خَمۡسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمۡ وَلَآ أَدۡنَىٰ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمۡ أَيۡنَ مَا كَانُواْۖ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ

7. Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани бади махфӣ) кунанд, Аллоҳбо илмаш чаҳорумини онҳост ва панҷ кас бошанд, Аллоҳ шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, ҳар ҷо ки бошанд ва бештар аз ин, Аллоҳ бо илмаш дар куҷое бошанд, бо онҳост. Чизе аз Ӯ махфӣ намемонад. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳои баду неке, ки кардаанд, огоҳ мекунад ва ҷазояшон медиҳад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст! info
التفاسير:

external-link copy
8 : 58

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نُهُواْ عَنِ ٱلنَّجۡوَىٰ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا نُهُواْ عَنۡهُ وَيَتَنَٰجَوۡنَ بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَمَعۡصِيَتِ ٱلرَّسُولِۖ وَإِذَا جَآءُوكَ حَيَّوۡكَ بِمَا لَمۡ يُحَيِّكَ بِهِ ٱللَّهُ وَيَقُولُونَ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ لَوۡلَا يُعَذِّبُنَا ٱللَّهُ بِمَا نَقُولُۚ حَسۡبُهُمۡ جَهَنَّمُ يَصۡلَوۡنَهَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ

8. Оё на нигаристаӣ эй Паёмбар, ба яҳудиёне, ки аз наҷво[2839], ки дар нафси мӯъминон шакку шубҳаро меоварад, манъ шуда буданд, боз ҳам ба гуноҳ наҷво мекунанд. Ва бо якдигар пинҳонӣ сухан мегӯянд, сухане, ки дар он гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар аст? Ва чун (эй Паёмбар) он яҳудиён назди ту барои коре меоянд, ба тавре туро салом мегӯянд, ки Аллоҳ туро ба он тавр салом нагуфтааст[2840] ва дар байни худ мегӯянд: Чаро Аллоҳ моро ба он чӣ ба Муҳаммад мегӯем, азоб намекунад, агар ӯ паёмбари барҳақ бошад? Ҷаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест![2841] info

[2839] Яъне, роз, сухани махфӣ; суханони бадеро, ки дар миёни ҳам ба саргӯшӣ ва розгӯӣ пардохта ва бо чашму абрӯ ишора намуда ва ба ғайбат ва озор додани мӯъминон саъю кӯшиш мекунанд
[2840] Яъне, мегуфтанд: Ассому алайка яъне, марг бар ту.
[2841] Тафсири Бағавӣ 8/ 55

التفاسير:

external-link copy
9 : 58

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا تَنَٰجَيۡتُمۡ فَلَا تَتَنَٰجَوۡاْ بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَمَعۡصِيَتِ ٱلرَّسُولِ وَتَنَٰجَوۡاْ بِٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ

9. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар бо якдигар наҷво (роз, сухани махфӣ) мекунед, дар боби гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар наҷво (сухан бад) магӯед, балки дар боби некиву парҳезгорӣ наҷво кунед. Ва аз Аллоҳ битарсед бо ба ҷой овардани амрҳояш ва ба парҳез кардан аз манъ кардаҳояш, пас ҳамагон (ба амалҳо ва суханҳоятон) ба сӯи Ӯ бозмегардед ва зуд аст, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 58

إِنَّمَا ٱلنَّجۡوَىٰ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ لِيَحۡزُنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَيۡسَ بِضَآرِّهِمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ

10. Ҳароина наҷво (роз гуфтани бад), аз васвасаи шайтон аст[2842], ки мехоҳад мӯъминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармону хоҳиши Аллоҳ ба онҳо намерасонад. Ва мӯъминон бояд, ки бар Аллоҳи ягона таваккал кунанд! info

[2842] Яъне, онро зиннат медиҳад ва бармеангезад.

التفاسير:

external-link copy
11 : 58

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَكُمۡ تَفَسَّحُواْ فِي ٱلۡمَجَٰلِسِ فَٱفۡسَحُواْ يَفۡسَحِ ٱللَّهُ لَكُمۡۖ وَإِذَا قِيلَ ٱنشُزُواْ فَٱنشُزُواْ يَرۡفَعِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ دَرَجَٰتٖۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ

11. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷлисҳо ҷой васеъ кунед, пас ҷой васеъ кунед, то Аллоҳ дар дунёву охират барои шумо васеъ кунад.[2843] Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Аллоҳ онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки аҳли илм мебошанд ба дараҷаҳои баланди савоб ва мартабаҳои ризвон бардорад ва Аллоҳ таъоло ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст. Аз Ӯ чизе махфӣ намемонад ва мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад)![2844] info

[2843]Яъне, дар корҳоятон кушоиш диҳад.
[2844] Дар ин оят баландмартабагии аҳли илм ишора шудааст.Тафсири Саъдӣ 1/ 846

التفاسير: