クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja

Ҳадид

external-link copy
1 : 57

سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

1. Аллоҳро ба покӣ ёд мекунад, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷамиъи махлуқоташ ва Ӯ бар халқаш пирӯзманд ва дар тадбири корашон ҳаким аст![2809] info

[2809] Тафсири Табарӣ 23\165

التفاسير:

external-link copy
2 : 57

لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

2. Фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст. Зинда мекунад ва мемиронадваӮ бар ҳар чиз тавоност. Он чи хост шуд ва он чи нахост нашуд. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 57

هُوَ ٱلۡأَوَّلُ وَٱلۡأٓخِرُ وَٱلظَّٰهِرُ وَٱلۡبَاطِنُۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ

3. Ӯст аввалин пеш аз ҳама чиз ва Ӯст охирин баъд аз ҳама чиз ва Ӯст ошкор пайдо аст, ки болотар аз Ӯ чизе нест ва Ӯст пинҳон нопайдо аст, ки пинҳонтар аз Ӯ чизе нест ва Ӯ ба ҳама чиз доност. Ва чизе дар осмон ва замин бар Ӯ пӯшида намемонад![2810] info

[2810] Тафсири Саъдӣ 1\837

التفاسير: