クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - ルゥワード翻訳事業センター

Мурсалот

external-link copy
1 : 77

وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفٗا

Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
2 : 77

فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفٗا

Ҳамчун тундбод мераванд info
التفاسير:

external-link copy
3 : 77

وَٱلنَّٰشِرَٰتِ نَشۡرٗا

Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 77

فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقٗا

Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 77

فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا

Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
6 : 77

عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا

Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор info
التفاسير:

external-link copy
7 : 77

إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٞ

Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 77

فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ

Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад info
التفاسير:

external-link copy
9 : 77

وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ

Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад info
التفاسير:

external-link copy
10 : 77

وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ

Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад info
التفاسير:

external-link copy
11 : 77

وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ

Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад info
التفاسير:

external-link copy
12 : 77

لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ

Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст? info
التفاسير:

external-link copy
13 : 77

لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ

Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] info
التفاسير:

external-link copy
14 : 77

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ

Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист? info
التفاسير:

external-link copy
15 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
16 : 77

أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ

Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем? info
التفاسير:

external-link copy
17 : 77

ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ

Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард info
التفاسير:

external-link copy
18 : 77

كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ

Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем info
التفاسير:

external-link copy
19 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
20 : 77

أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ

Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем? info
التفاسير:

external-link copy
21 : 77

فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٖ مَّكِينٍ

Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем info
التفاسير:

external-link copy
22 : 77

إِلَىٰ قَدَرٖ مَّعۡلُومٖ

То замоне муайян info
التفاسير:

external-link copy
23 : 77

فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ

Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем info
التفاسير:

external-link copy
24 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
25 : 77

أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا

Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем? info
التفاسير:

external-link copy
26 : 77

أَحۡيَآءٗ وَأَمۡوَٰتٗا

Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон? info
التفاسير:

external-link copy
27 : 77

وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٖ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءٗ فُرَاتٗا

Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем info
التفاسير:

external-link copy
28 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
29 : 77

ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ

[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед. info
التفاسير:

external-link copy
30 : 77

ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ

Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха info
التفاسير:

external-link copy
31 : 77

لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ

На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад» info
التفاسير:

external-link copy
32 : 77

إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ

Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад. info
التفاسير:

external-link copy
33 : 77

كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ

Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
34 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
35 : 77

هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ

Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд info
التفاسير:

external-link copy
36 : 77

وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ

Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд info
التفاسير:

external-link copy
37 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
38 : 77

هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ

Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем info
التفاسير:

external-link copy
39 : 77

فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٞ فَكِيدُونِ

Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред info
التفاسير:

external-link copy
40 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
41 : 77

إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ

Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд info
التفاسير:

external-link copy
42 : 77

وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ

Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд info
التفاسير:

external-link copy
43 : 77

كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед» info
التفاسير:

external-link copy
44 : 77

إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем» info
التفاسير:

external-link copy
45 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
46 : 77

كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ

«[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред» info
التفاسير:

external-link copy
47 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
48 : 77

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ

Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
50 : 77

فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ

[Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд? info
التفاسير: