Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione in tagico - Khoja Mirov Khoja Mir

Numero di pagina: 280:267 close

external-link copy
119 : 16

ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٌ

119. Пас бегумон Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ анҷомдиҳандаи кори зиште шаванд, сипас тавба кунанд аз гуноҳони худ ва ислоҳ шаванд ва ба он чи ки Аллоҳ дӯст медорад ва розӣ аст, амал намоянд , ҳамоно Парвардигори ту баъд аз тавбаашон барои онҳо омӯрзандаву меҳрубон аст![1426] info

[1426] Тафсири Табарӣ 17\316

التفاسير:

external-link copy
120 : 16

إِنَّ إِبۡرَٰهِيمَ كَانَ أُمَّةٗ قَانِتٗا لِّلَّهِ حَنِيفٗا وَلَمۡ يَكُ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

120. Дар ҳақиқат Иброҳим пешвои аҳли ҳидоят итоъаткунанда ва фармонбари Аллоҳ ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд. Ва аз мушрикон набуд. info
التفاسير:

external-link copy
121 : 16

شَاكِرٗا لِّأَنۡعُمِهِۚ ٱجۡتَبَىٰهُ وَهَدَىٰهُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ

121. Ва шукргузори неъматҳои Ӯ буд, Аллоҳ ӯро ба паёмбари баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят кард.[1427] info

[1427]Яъне ба дини Ислом, на дини яҳуд ва насоро. Тафсири Табарӣ 17\316

التفاسير:

external-link copy
122 : 16

وَءَاتَيۡنَٰهُ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

122. Ва бинобар итоъати Парвардигораш ва шукргузории неъматаш ва ихлос дар ибодаташ, дар дунё ба ӯ некӣ иноят кардем ва албатта ӯ дар охират низ аз ҷумлаи солеҳон хоҳад буд.[1428] info

[1428] Тафсири Табарӣ 17\319

التفاسير:

external-link copy
123 : 16

ثُمَّ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ أَنِ ٱتَّبِعۡ مِلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفٗاۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

123. Сипас эй Паёмбар, ба ту низ ваҳй кардем, ки ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.[1429] info

[1429] Тафсири Бағавӣ 5\51

التفاسير:

external-link copy
124 : 16

إِنَّمَا جُعِلَ ٱلسَّبۡتُ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ

124. Ҳамоно бузург доштани рӯзи шанбе воҷиб гардид барои яҳудиҳое, ки дар он ихтилоф карда буданд. Албатта Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард![1430] info

[1430] Тафсири Бағавӣ 5\52

التفاسير:

external-link copy
125 : 16

ٱدۡعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِٱلۡحِكۡمَةِ وَٱلۡمَوۡعِظَةِ ٱلۡحَسَنَةِۖ وَجَٰدِلۡهُم بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ

125. Мардумро бо ҳикмат (Қуръону суннат) ва панду насиҳати некӯ ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо беҳтарин тарз бо онон гуфтугӯ кун[1431]. Бегумон Парвардигори ту ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешаванд, огоҳтар аст ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст. info

[1431] Яъне, аз хусумату азияташон рӯй гардон ва дар расонидани рисолати ҳақ камбудӣ макун. Тафсири ибни Касир 4\613

التفاسير:

external-link copy
126 : 16

وَإِنۡ عَاقَبۡتُمۡ فَعَاقِبُواْ بِمِثۡلِ مَا عُوقِبۡتُم بِهِۦۖ وَلَئِن صَبَرۡتُمۡ لَهُوَ خَيۡرٞ لِّلصَّٰبِرِينَ

126. Ва агар хоҳед, ки интиқом (қасос) кунед, пас чунон интиқом кунед, ки шуморо интиқом кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст. info
التفاسير:

external-link copy
127 : 16

وَٱصۡبِرۡ وَمَا صَبۡرُكَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُ فِي ضَيۡقٖ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ

127. Эй паёмбар! Сабр кун, ки сабри ту ҷуз ба тавфиқи Аллоҳ нест ва барояшон (яъне барои имон наёвардани кофирон, ки туро мухолифат мекунанд) ғамгин мабош ва аз макру душманиашон дилтангӣ нанамой. info
التفاسير:

external-link copy
128 : 16

إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّٱلَّذِينَ هُم مُّحۡسِنُونَ

128. Бегумон Аллоҳ бо ҳамроҳи касоне аст, ки парҳез мекунанд ва онон некӯкоронанд![1432] info

[1432]Яъне, бо нусрат ва мададаш.Тафсири ибни Касир 4\615

التفاسير: