Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer

Nomor Halaman:close

external-link copy
225 : 2

لَّا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغۡوِ فِيٓ أَيۡمَٰنِكُمۡ وَلَٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا كَسَبَتۡ قُلُوبُكُمۡۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٞ

225. Аллоҳ шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудае, ки бар забонатон меояд,ҷазо намедиҳад, балки шуморо ба он чи дилҳоятон қасд кардааст, ҷазо медиҳад. Аллоҳ омӯрзандааст он касеро, ки тавба кардааст ва пурбардор аст, зуд ба ҷазо намегирад касонеро, ки нофармонбардории Ў мекунанд. info
التفاسير:

external-link copy
226 : 2

لِّلَّذِينَ يُؤۡلُونَ مِن نِّسَآئِهِمۡ تَرَبُّصُ أَرۡبَعَةِ أَشۡهُرٖۖ فَإِن فَآءُو فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

226. Барои касоне, ки савганд мехўранд, ки бо занони хеш ҳамбистарӣ намекунанд, бояд чор моҳ интизорӣ бикашанд. Пас агар қабл аз чор моҳ боз оянд, Аллоҳ гуноҳашонро омўрзандааст ва ба онҳо меҳрубон аст. info
التفاسير:

external-link copy
227 : 2

وَإِنۡ عَزَمُواْ ٱلطَّلَٰقَ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

227. Ва агар қасди талоқ карданд, бо баҳонаи қасам хўрдан ва тарки ҷимоъ карданашон Аллоҳ ба суханонашон шунаво ва ба мақсадҳояшон доност ва онҳоро бар ин кирдорашон ҷазо медиҳад! info
التفاسير:

external-link copy
228 : 2

وَٱلۡمُطَلَّقَٰتُ يَتَرَبَّصۡنَ بِأَنفُسِهِنَّ ثَلَٰثَةَ قُرُوٓءٖۚ وَلَا يَحِلُّ لَهُنَّ أَن يَكۡتُمۡنَ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ فِيٓ أَرۡحَامِهِنَّ إِن كُنَّ يُؤۡمِنَّ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِي ذَٰلِكَ إِنۡ أَرَادُوٓاْ إِصۡلَٰحٗاۚ وَلَهُنَّ مِثۡلُ ٱلَّذِي عَلَيۡهِنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيۡهِنَّ دَرَجَةٞۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

228. Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан, аз шавҳар кардан бозистанд. Зеро бидонанд, ки дар раҳми ў фарзанде нест. Барои зан раво нест, ки дар ин муддат ба шавҳар барояд, то замоне, ки идда[147] ба поён нарасад. Ва агар ба Аллоҳ ва рўзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Аллоҳ дар раҳми онон офаридааст, ё дар ҳолати ҳайз ҳастанд, пинҳон доранд. Ва шавҳаронашон агар қасди ислоҳ доранд, ба бозгардондани онҳо дар ин муддат сазовортаранд. Ва барои занон ҳаққест[148] ва ҳамчунон ки мардон бар занон ҳаққе доранд, ки бояд ба таври шоиста адо намоянд. Ва мардон бар занон дараҷаи бартарӣ доранд аз сўҳбати нек, зиндагии хуб, сарварӣ дар хона ва соҳиби талоқ ҳастанд. Аллоҳи бузург дорои иззату қаҳр аст ва ҳаким аст, ҳар чизеро дар ҷои муносиби худ мегузорад. info

[147] Яъне, се моҳ интизорӣ мекашад, то аз се ҳайз пок шавад.
[148]Яъне, мардон бояд адо бикунанд ба монанди нафақа, пўшок, муъошират, хона. Тафсири Саъдӣ 1\101

التفاسير:

external-link copy
229 : 2

ٱلطَّلَٰقُ مَرَّتَانِۖ فَإِمۡسَاكُۢ بِمَعۡرُوفٍ أَوۡ تَسۡرِيحُۢ بِإِحۡسَٰنٖۗ وَلَا يَحِلُّ لَكُمۡ أَن تَأۡخُذُواْ مِمَّآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ شَيۡـًٔا إِلَّآ أَن يَخَافَآ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِۖ فَإِنۡ خِفۡتُمۡ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِمَا فِيمَا ٱفۡتَدَتۡ بِهِۦۗ تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَعۡتَدُوهَاۚ وَمَن يَتَعَدَّ حُدُودَ ٱللَّهِ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

229. Талоқ ду бор аст. [149] Аллоҳ ҳукм мекунад, пас аз ҳар талоқ, метавонад мард занро ба зиндагии заношўӣ бозгардонад, ё ба некӣ раҳо кунад. Ва эй шавҳарон, барои шумо ҳалол нест, ки аз он чи барояшон додаед, (аз маҳр) боз пас бигиред, магар ин ки ду тараф битарсанд, ки натавонанд ҳудуди Аллоҳро бар по доранд. Дар ин ҳолат амрашонро ба сарпарастони худ пешкаш менамоянд. Пас агар сарпарастон тарсиданд, ки он ду натавонанд ҳудуди Аллоҳро барпо доранд, пас гуноҳе бар онҳо нест, ки зан дар муқобили талаби талоқаш фидя ва ивазе бипардозад. Ин ҳудуди Илоҳӣ аст, ки ҷудо мекунад байни ҳалолу ҳаром. Пас аз он таҷовуз накунед ва касе аз ҳудуди Илоҳӣ таҷовуз кунад, пас онҳо ситамкоранд. info

[149]Яъне талоқест, ки мард метатвонад бо зани худ дубора зиндагӣ кунад. (Барои донистани ин масъала ба китобҳои фиқҳ назар кунед! Тафсири Саъдӣ 1\102

التفاسير:

external-link copy
230 : 2

فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُۥ مِنۢ بَعۡدُ حَتَّىٰ تَنكِحَ زَوۡجًا غَيۡرَهُۥۗ فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِمَآ أَن يَتَرَاجَعَآ إِن ظَنَّآ أَن يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِۗ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ يُبَيِّنُهَا لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

230. Пас агар боз занро талоқ дод, (яъне талоқи сеюм) дигар бар ў ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марди дигаре дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад ва на ба нияти ҳалол кардани зан барои шавҳари аввалааш), ва ҳар гоҳ он марди дигар занро талоқ диҳад, ё шавҳари зан бимирад ва иддааш ба охир расад, пас бар ў гуноҳе нест, ки бар шавҳари аввалааш ба никоҳи нав бозгардад, агар медонанд, ки ҳудуди Аллоҳро риоят мекунанд, бозгашташонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Аллоҳ ҳастанд ва онҳоро барои мардуме, ки аҳком ва ҳудуди Ўро медонанд, баён медорад. info
التفاسير: