Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajikistan - Pusat Terjemah Ruwwād

Nomor Halaman: 233:221 close

external-link copy
109 : 11

فَلَا تَكُ فِي مِرۡيَةٖ مِّمَّا يَعۡبُدُ هَٰٓؤُلَآءِۚ مَا يَعۡبُدُونَ إِلَّا كَمَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُهُم مِّن قَبۡلُۚ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمۡ نَصِيبَهُمۡ غَيۡرَ مَنقُوصٖ

Пас, аз [ботил будани] он чи инон [мушрикон] мепарастанд, дар тардид мабош. Онон ин маъбудонро намепарастанд, магар ба ҳамон шакле, ки падаронашон [низ] пештар мепарастиданд ва Мо саҳмашонро [аз азоб] бекамукост ба онон хоҳем дод info
التفاسير:

external-link copy
110 : 11

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ

Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд. Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд info
التفاسير:

external-link copy
111 : 11

وَإِنَّ كُلّٗا لَّمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمۡ رَبُّكَ أَعۡمَٰلَهُمۡۚ إِنَّهُۥ بِمَا يَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ

Ва Парвардигорат [подоши] аъмоли ҳар кадомашро, ҳатман, бекаму кост хоҳад дод. Бе тардид, Ӯ ба он чи мекунанд, огоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
112 : 11

فَٱسۡتَقِمۡ كَمَآ أُمِرۡتَ وَمَن تَابَ مَعَكَ وَلَا تَطۡغَوۡاْۚ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ

Пас, [эй паёмбар] чунон ки фармон ёфтаӣ, [дар баробари мушрикон] истиқомат кун ва касе, ки ҳамроҳи ту [ба пешгоҳи илоҳӣ] рӯ овардааст [низ бояд дар диндорӣ истиқомат кунад] ва саркашӣ накунед. Бе тардид, ӯ ба он чи мекунед, биност info
التفاسير:

external-link copy
113 : 11

وَلَا تَرۡكَنُوٓاْ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ

Ба касоне, ки ситам карданд [кофирон] гароиш наёбед, ки [агар чунин кунед] оташи дузах ба шумо низ хоҳад расид ва дар баробари Аллоҳ таоло [ҳеҷ] дӯсте надоред ва он гоҳ ёрӣ намешавед info
التفاسير:

external-link copy
114 : 11

وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ طَرَفَيِ ٱلنَّهَارِ وَزُلَفٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِۚ إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّـَٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّٰكِرِينَ

Ва дар ду тарафи рӯз [оғоз ва поёни рӯз] ва соате аз шаб намоз бигзор. Бе тардид, некиҳо бадиҳоро аз байн мебарад. Ин [сухан] пандест барои пандпазирон info
التفاسير:

external-link copy
115 : 11

وَٱصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва шикебоӣ кун,[ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад info
التفاسير:

external-link copy
116 : 11

فَلَوۡلَا كَانَ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِن قَبۡلِكُمۡ أُوْلُواْ بَقِيَّةٖ يَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡفَسَادِ فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّنۡ أَنجَيۡنَا مِنۡهُمۡۗ وَٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَآ أُتۡرِفُواْ فِيهِ وَكَانُواْ مُجۡرِمِينَ

Пас, чаро дар миёни умматҳои пеш аз шумо, ҷуз андаке аз онон, ки [аз азоб] наҷоташон додем,[муъминон ва] хирадмандоне набуданд, ки [мардумро] аз фасод дар замин боздоранд? Ва касоне, ки ситам карданд, ба дунболи нозу неъмате, ки ёфта буданд, рафтанд ва гунаҳгор буданд info
التفاسير:

external-link copy
117 : 11

وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهۡلِكَ ٱلۡقُرَىٰ بِظُلۡمٖ وَأَهۡلُهَا مُصۡلِحُونَ

Ва [суннати] Парвардигорат чунин набудааст, ки шаҳрҳоро, дар ҳоле ки сокинонаш [афроде] накукор буданд, ба ситам нобуд кунад info
التفاسير: