Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajikistan - Pusat Terjemah Ruwwād

Nomor Halaman:close

external-link copy
89 : 11

وَيَٰقَوۡمِ لَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شِقَاقِيٓ أَن يُصِيبَكُم مِّثۡلُ مَآ أَصَابَ قَوۡمَ نُوحٍ أَوۡ قَوۡمَ هُودٍ أَوۡ قَوۡمَ صَٰلِحٖۚ وَمَا قَوۡمُ لُوطٖ مِّنكُم بِبَعِيدٖ

Ва эй қавми ман, душманӣ [ва мухолифат] бо ман сабаб нашавад, ки ҳаммонанди он чи ки ба қавми Нуҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид, ба шумо [низ] бирасад ва [ба хусус азоби] қавми Лут [ки аз лиҳози замону макон] чандон аз шумо дур нест info
التفاسير:

external-link copy
90 : 11

وَٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِۚ إِنَّ رَبِّي رَحِيمٞ وَدُودٞ

Ва аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардед [ва тавба кунед, ки] бе тардид, Парвардигорам меҳрубон [ва] дӯстдор [-и тавбакунандагон] аст info
التفاسير:

external-link copy
91 : 11

قَالُواْ يَٰشُعَيۡبُ مَا نَفۡقَهُ كَثِيرٗا مِّمَّا تَقُولُ وَإِنَّا لَنَرَىٰكَ فِينَا ضَعِيفٗاۖ وَلَوۡلَا رَهۡطُكَ لَرَجَمۡنَٰكَۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡنَا بِعَزِيزٖ

Онон гуфтанд: «Эй Шуайб, бисёре аз он чиро, ки мегӯӣ, намефаҳмем ва яқинан туро дар миёни худ нотавон мебинем ва агар [эҳтироми] қабилаат намебуд, мусалламан, сангсорат мекардем ва ту назди мо тавонманд [гаронқадр] нестӣ» info
التفاسير:

external-link copy
92 : 11

قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَهۡطِيٓ أَعَزُّ عَلَيۡكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَٱتَّخَذۡتُمُوهُ وَرَآءَكُمۡ ظِهۡرِيًّاۖ إِنَّ رَبِّي بِمَا تَعۡمَلُونَ مُحِيطٞ

[Шуайб] Гуфт: «Эй қавми ман, оё қабилаам назди шумо гиромитар аз Аллоҳ таоло аст, ки [фармони] Ӯро [фаромӯш кардед ва] пушти сари хеш андохтаед. Бе тардид, Парвардигорам ба он чи анҷом медиҳед, иҳота дорад info
التفاسير:

external-link copy
93 : 11

وَيَٰقَوۡمِ ٱعۡمَلُواْ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمۡ إِنِّي عَٰمِلٞۖ سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ مَن يَأۡتِيهِ عَذَابٞ يُخۡزِيهِ وَمَنۡ هُوَ كَٰذِبٞۖ وَٱرۡتَقِبُوٓاْ إِنِّي مَعَكُمۡ رَقِيبٞ

Ва эй қавми ман, шумо ба равиши худ амал кунед, ман низ [ба равиши худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби расвокунанда бар чи касе фуруд меояд ва дурӯғгӯ кист. Шумо мунтазир бошед ва ман [низ] бо шумо дар интизорам» info
التفاسير:

external-link copy
94 : 11

وَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا نَجَّيۡنَا شُعَيۡبٗا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَأَخَذَتِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلصَّيۡحَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دِيَٰرِهِمۡ جَٰثِمِينَ

Ва чун фармони Мо фаро расид, Шуайб ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш наҷот додем ва касонеро, ки ситам карданд, бонге [маргбор] фаро гирифт, пас, дар ҷойи худ ба рӯ афтоданд ва ҳалок шуданд; info
التفاسير:

external-link copy
95 : 11

كَأَن لَّمۡ يَغۡنَوۡاْ فِيهَآۗ أَلَا بُعۡدٗا لِّمَدۡيَنَ كَمَا بَعِدَتۡ ثَمُودُ

Чунон [мурданд] ки гӯӣ ҳаргиз дар он [диёр] набуданд. Ҳон! [Қавми] Мадян [аз раҳмати илоҳӣ] дур бод! Чунончи [қавми] Самуд дур шуданд info
التفاسير:

external-link copy
96 : 11

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ

Ва ба ростӣ, Мӯсоро бо оёти худ ва далеле ошкор фиристодем info
التفاسير:

external-link copy
97 : 11

إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَٱتَّبَعُوٓاْ أَمۡرَ فِرۡعَوۡنَۖ وَمَآ أَمۡرُ فِرۡعَوۡنَ بِرَشِيدٖ

Ба сӯйи Фиръавн ва бузургон [-у ашрофи қавм]-и ӯ, пас, онон аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд ва фармони Фиръавн дуруст [ва бихрадона] набуд info
التفاسير: