Traduction des sens du Noble Coran - La traduction tadjike - Centre de traduction Rawwâd

Numéro de la page:close

external-link copy
87 : 12

يَٰبَنِيَّ ٱذۡهَبُواْ فَتَحَسَّسُواْ مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلَا تَاْيۡـَٔسُواْ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ لَا يَاْيۡـَٔسُ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ

Эй писаронам, биравед ва дар бораи Юсуф ва бародаронаш ҷустуҷӯ кунед [ва хабар бигиред] ва аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс нашавед, [чаро ки] ҷуз гурӯҳи кофирон, касе аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс намегардад» info
التفاسير:

external-link copy
88 : 12

فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَيۡهِ قَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهۡلَنَا ٱلضُّرُّ وَجِئۡنَا بِبِضَٰعَةٖ مُّزۡجَىٰةٖ فَأَوۡفِ لَنَا ٱلۡكَيۡلَ وَتَصَدَّقۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَجۡزِي ٱلۡمُتَصَدِّقِينَ

Пас, чун [писарони Яъқуб ба Миср рафтанд ва] бар ӯ [ Юсуф] ворид шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз, ба мо ва хонадонамон [дар асари фақру хушксолӣ] сахтии фаровоне расидааст ва [инак] колои ночиз [ва моли андаке барои хариди ғалла] бо худ овардаем, пас, паймонаро бароямон комил кун ва бар мо садақа [ва бахшиш] кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандагонро подош медиҳад» info
التفاسير:

external-link copy
89 : 12

قَالَ هَلۡ عَلِمۡتُم مَّا فَعَلۡتُم بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذۡ أَنتُمۡ جَٰهِلُونَ

[Юсуф] Гуфт: «Оё донистед, ки вақте [аз оқибати коратон] бехабар будед, дар ҳаққи Юсуф ва бародараш чи кардед»? info
التفاسير:

external-link copy
90 : 12

قَالُوٓاْ أَءِنَّكَ لَأَنتَ يُوسُفُۖ قَالَ أَنَا۠ يُوسُفُ وَهَٰذَآ أَخِيۖ قَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَآۖ إِنَّهُۥ مَن يَتَّقِ وَيَصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

[Онон] Гуфтанд: «Оё ба ростӣ, ту [ҳамон] Юсуфӣ»? Ӯ гуфт: «[Оре] Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Яқинан, Аллоҳ таоло бар мо миннат ниҳод. Ба ростӣ, ҳар ки парҳезкорӣ ва шикебоӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад» info
التفاسير:

external-link copy
91 : 12

قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ ءَاثَرَكَ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَإِن كُنَّا لَخَٰطِـِٔينَ

[Бародаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, [ки] яқинан, Аллоҳ таоло туро бар мо бартарӣ додааст ва мо, ҳатман, хатокор будем» info
التفاسير:

external-link copy
92 : 12

قَالَ لَا تَثۡرِيبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡيَوۡمَۖ يَغۡفِرُ ٱللَّهُ لَكُمۡۖ وَهُوَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ

[Юсуф] Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ сарзанише бар шумо нест. Аллоҳ таоло шуморо меомурзад ва Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст info
التفاسير:

external-link copy
93 : 12

ٱذۡهَبُواْ بِقَمِيصِي هَٰذَا فَأَلۡقُوهُ عَلَىٰ وَجۡهِ أَبِي يَأۡتِ بَصِيرٗا وَأۡتُونِي بِأَهۡلِكُمۡ أَجۡمَعِينَ

[Акнун] Ин пероҳани маро бибаред ва бар рӯи падарам биандозед, то бино гардад ва [сипас] ҳамаи хонаводаи худро назди ман биёваред» info
التفاسير:

external-link copy
94 : 12

وَلَمَّا فَصَلَتِ ٱلۡعِيرُ قَالَ أَبُوهُمۡ إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَۖ لَوۡلَآ أَن تُفَنِّدُونِ

Ва чун корвон [аз Миср ба сӯйи Канъон] ба роҳ афтод, падарашон [ба атрофиёнаш] гуфт: «Агар маро камхирад нашуморед, [мегӯям, ки] яқинан, бӯйи Юсуфро эҳсос мекунам» info
التفاسير:

external-link copy
95 : 12

قَالُواْ تَٱللَّهِ إِنَّكَ لَفِي ضَلَٰلِكَ ٱلۡقَدِيمِ

[Онон] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки ҳатман, [боз ҳам] дар иштибоҳи деринаат ҳастӣ» info
التفاسير: