Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko- Khoja Mirov Khoja Mir

Нур

external-link copy
1 : 24

سُورَةٌ أَنزَلۡنَٰهَا وَفَرَضۡنَٰهَا وَأَنزَلۡنَا فِيهَآ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖ لَّعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ

1. Сураест, ки онро нозил кардаем ва воҷиб сохтаем амал кардан ба аҳкоми онро ва дар он оёти равшане фиристодаем, эй мӯъминон бошад, ки панд гиред. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 24

ٱلزَّانِيَةُ وَٱلزَّانِي فَٱجۡلِدُواْ كُلَّ وَٰحِدٖ مِّنۡهُمَا مِاْئَةَ جَلۡدَةٖۖ وَلَا تَأۡخُذۡكُم بِهِمَا رَأۡفَةٞ فِي دِينِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۖ وَلۡيَشۡهَدۡ عَذَابَهُمَا طَآئِفَةٞ مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

2. Ҳар яке аз зану марди зинокорро[1740] сад зарба бизанед. Ва агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, бояд, ки дар ҳукми Аллоҳ нисбат ба он ду раҳмдил нагардед. Ва бояд, ки ба ҳангоми шиканҷа карданашон гурӯҳе аз мӯъминон ҳозир бошанд, то ҳӯшёр шаванд ва панд гиранд. info

[1740]Онҳое, ки дар ҳаёташон хонадор нашудаанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 561

التفاسير:

external-link copy
3 : 24

ٱلزَّانِي لَا يَنكِحُ إِلَّا زَانِيَةً أَوۡ مُشۡرِكَةٗ وَٱلزَّانِيَةُ لَا يَنكِحُهَآ إِلَّا زَانٍ أَوۡ مُشۡرِكٞۚ وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

3. Марди зинокор ҷуз зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудааст.[1741] info

[1741] Ин оят далел мешавад бар ҳаром будани никоҳи занони зинокор, то тавба кунанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 561

التفاسير:

external-link copy
4 : 24

وَٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَأۡتُواْ بِأَرۡبَعَةِ شُهَدَآءَ فَٱجۡلِدُوهُمۡ ثَمَٰنِينَ جَلۡدَةٗ وَلَا تَقۡبَلُواْ لَهُمۡ شَهَٰدَةً أَبَدٗاۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ

4. Касонеро, ки занони покро[1742] ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод дарра бизанед ва аз он пас ҳаргиз шаҳодаташонро напазиред, ки мардуми фосиқанд. info

[1742] Ва инчунин мардони покро. Тафсири Саъдӣ 1/ 561

التفاسير:

external-link copy
5 : 24

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

5.Ғайри касоне, ки баъд аз он тавба кунанд ва амалашонро ислоҳ намоянд. Зеро Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст! info
التفاسير:

external-link copy
6 : 24

وَٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ أَزۡوَٰجَهُمۡ وَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ شُهَدَآءُ إِلَّآ أَنفُسُهُمۡ فَشَهَٰدَةُ أَحَدِهِمۡ أَرۡبَعُ شَهَٰدَٰتِۭ بِٱللَّهِ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

6. Ва касоне, ки занони худро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва шоҳиде ҷуз худ надоранд, бояд ки савганд хӯранд ба номи Аллоҳ чаҳор бор, ҳамоно ки ӯ аз ростгӯён аст. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 24

وَٱلۡخَٰمِسَةُ أَنَّ لَعۡنَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

7. Ва бори панҷум бигӯяд, ки лаънати Аллоҳ бар ӯ бод, агар аз дурӯғгӯён бошад. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 24

وَيَدۡرَؤُاْ عَنۡهَا ٱلۡعَذَابَ أَن تَشۡهَدَ أَرۡبَعَ شَهَٰدَٰتِۭ بِٱللَّهِ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

8. Ва агар он зан чаҳор бор ба Аллоҳ савганд хӯрад, ки ҳамоно он мард дурӯғ мегӯяд, ҷазо аз ӯ бардошта мешавад. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 24

وَٱلۡخَٰمِسَةَ أَنَّ غَضَبَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَآ إِن كَانَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

9. Ва бори панҷум бигӯяд, ки хашми Аллоҳ бар ӯ (бар зан) бод, агар мард аз ростгӯён бошад.[1743] info

[1743] Ва агар зан низ қасам хӯрад дар муқобили қасами шавҳараш, қозӣ он ҳар дуро аз якдигар ҷудо мекунад ва ин моҷароро дар шариъат “мулоъана” меноманд. Тафсири Саъдӣ 1/562

التفاسير:

external-link copy
10 : 24

وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ وَأَنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٌ حَكِيمٌ

10. Чӣ мешуд эй мӯъминон, агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд ҳароина, нобуд мешудед? Ва ҳароина, Аллоҳ тавбапазиру ҳаким аст. info
التفاسير: