Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko - Centro de Rowad At-Taryama

Байина

external-link copy
1 : 98

لَمۡ يَكُنِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ مُنفَكِّينَ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ

Касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, [аз оини куфр] даст барнамедоранд, то ин ки барои онон далели равшане биёяд info
التفاسير:

external-link copy
2 : 98

رَسُولٞ مِّنَ ٱللَّهِ يَتۡلُواْ صُحُفٗا مُّطَهَّرَةٗ

Паёмбаре аз сӯи Аллоҳ таоло [биёяд], ки саҳифаҳои покро бихонад info
التفاسير:

external-link copy
3 : 98

فِيهَا كُتُبٞ قَيِّمَةٞ

Ва дар он [саҳифаҳо] навиштаҳое устувор [ва дуруст] аст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 98

وَمَا تَفَرَّقَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ

Ва касоне, ки ба онон китоб дода шуд, [аз ҷумлаи яҳудиён ва масеҳиён] пароканда нашуданд, [ва ихтилоф накарданд] магар баъд аз он ки далели равшан барои онон омад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 98

وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ

Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим info
التفاسير: