Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko - Centro de Rowad At-Taryama

Аъроф

external-link copy
1 : 7

الٓمٓصٓ

Алиф, лом, мим, сод.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 7

كِتَٰبٌ أُنزِلَ إِلَيۡكَ فَلَا يَكُن فِي صَدۡرِكَ حَرَجٞ مِّنۡهُ لِتُنذِرَ بِهِۦ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ

[Эй Паёмбар, ин Қуръон] Китобест, ки бар ту нозил шудааст, пас, набояд дар синаат нисбат ба он тардиде бошад, [нозил шуда] то бо он [мардумро] бим диҳӣ ва барои муъминон панд [ва тазаккуре] бошад info
التفاسير:

external-link copy
3 : 7

ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ

[Эй мардум] Он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва аз [дӯстону] корсозони дигар ба ҷуз Ӯ пайравӣ накунед, чи андак панд мепазиред! info
التفاسير:

external-link copy
4 : 7

وَكَم مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَا فَجَآءَهَا بَأۡسُنَا بَيَٰتًا أَوۡ هُمۡ قَآئِلُونَ

Чи бисёр [сокинони рустоҳо] ва шаҳрҳо, ки нобудашон кардем ва азоби Мо шабҳангом ё дар ҳоле ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба суроғашон омад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 7

فَمَا كَانَ دَعۡوَىٰهُمۡ إِذۡ جَآءَهُم بَأۡسُنَآ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ

Ва чун азоби Мо ба суроғашон омад, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ба ростӣ, ки мо [кофиру] ситамгор будем» info
التفاسير:

external-link copy
6 : 7

فَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلَّذِينَ أُرۡسِلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Мусалламан, Мо аз касоне, ки [паёмбаронамон] ба сӯяшон фиристода шуданд, [дар бораи пазириши паёми ҳақ] суол хоҳем кард ва ҳатман, аз паёмбарон [низ дарбораи посухи умматҳояшон ба даъвати онон] хоҳем пурсид info
التفاسير:

external-link copy
7 : 7

فَلَنَقُصَّنَّ عَلَيۡهِم بِعِلۡمٖۖ وَمَا كُنَّا غَآئِبِينَ

Яқинан, [кирдори бандагонро] бо илм [-и худ] барояшон баён мекунем ва мо ҳаргиз ғоиб [ва ғофил аз аҳволи онон] набудаем info
التفاسير:

external-link copy
8 : 7

وَٱلۡوَزۡنُ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡحَقُّۚ فَمَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Дар он рӯз, вазн [-у меъёри санҷиши аъмол, адолат] ҳақ аст. Пас,онҳое, ки вазни аъмолашон сангин бошад, ононанд, ки растагоранд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 7

وَمَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُم بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَظۡلِمُونَ

Ва онҳое, ки вазни аъмолаш сабук бошад, онон касоне ҳастанд, ки ба хеш зиён расонидаанд, чаро ки [бо инкори Қуръон] ба оёти Мо ситам мекарданд info
التفاسير:

external-link copy
10 : 7

وَلَقَدۡ مَكَّنَّٰكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَجَعَلۡنَا لَكُمۡ فِيهَا مَعَٰيِشَۗ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ

Ва [эй мардум] ба ростӣ, ки Мо шуморо дар замин ҷой додем ва дар онҷо бароятон васоил [-у имконот]-и зиндагӣ ниҳодем. Чи андак шукр мегузоред! info
التفاسير:

external-link copy
11 : 7

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَٰكُمۡ ثُمَّ صَوَّرۡنَٰكُمۡ ثُمَّ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ لَمۡ يَكُن مِّنَ ٱلسَّٰجِدِينَ

Ва бе тардид, Мо [насли] шуморо [дар замин] падид овардем, сипас шуморо [ба беҳтарин ҳолат] шакл додем, он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Барои [бузургдошту эҳтиром, бар] Одам саҷда кунед», пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд info
التفاسير: