Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko - Centro de Rowad At-Taryama

Қоф

external-link copy
1 : 50

قٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡمَجِيدِ

[Қоф];[1] савганд ба Қуръони арҷманд [ки растохез омаданӣ аст] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 50

بَلۡ عَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡ فَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا شَيۡءٌ عَجِيبٌ

Мушрикон аз ин ки ҳушдордиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ мекунанд ва мегӯянд: «Моҷарои аҷибе аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 50

أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗاۖ ذَٰلِكَ رَجۡعُۢ بَعِيدٞ

Он ҳангоме ки мурдем ва хок шудем [дубора барангехта хоҳем шуд?]. Ин бозгаште баид аст» info
التفاسير:

external-link copy
4 : 50

قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنقُصُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۡهُمۡۖ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظُۢ

Бе тардид, зарроте, ки замин аз бадани онон мекоҳад, [ҳамаро] медонем; ва китобе нигоҳбон дар ихтиёр дорем [ки ҳарчи бар онон муқаддар гашта, дар он сабт аст] info
التفاسير:

external-link copy
5 : 50

بَلۡ كَذَّبُواْ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَهُمۡ فِيٓ أَمۡرٖ مَّرِيجٍ

Вақте ки [Қуръон, яъне каломи] ҳақ бар онон расид, такзибаш карданд; пас, дар ҳолати саргардонӣ [ва парешонӣ] ҳастанд [ва дар бораи Қуръон ҳайронанд] info
التفاسير:

external-link copy
6 : 50

أَفَلَمۡ يَنظُرُوٓاْ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَوۡقَهُمۡ كَيۡفَ بَنَيۡنَٰهَا وَزَيَّنَّٰهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٖ

Оё кофирон осмонро бар фарозашон наменигаранд, ки чи гуна онро барафроштем ва [ба зевари ситорагон] оростем ва орӣ аз [ҳар гуна] нуқсу халал аст? info
التفاسير:

external-link copy
7 : 50

وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ

Ва заминро густурдем ва кӯҳҳои собит дар он пай афкандем ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо [шодиангезе] дар он рӯёнидем info
التفاسير:

external-link copy
8 : 50

تَبۡصِرَةٗ وَذِكۡرَىٰ لِكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ

[Онҳоро офаридем] То барои ҳар бандаи тавбакор муҷиби бинишу панд бошад info
التفاسير:

external-link copy
9 : 50

وَنَزَّلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ مُّبَٰرَكٗا فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ جَنَّٰتٖ وَحَبَّ ٱلۡحَصِيدِ

Ва аз осмон бороне пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳо [-и мева] ва [мазореи] дона [ҳо]-и даравкарданӣ рӯёнидем info
التفاسير:

external-link copy
10 : 50

وَٱلنَّخۡلَ بَاسِقَٰتٖ لَّهَا طَلۡعٞ نَّضِيدٞ

Ва дарахтони саркашидаи хурмо бо хушаҳои барҳамнишаста info
التفاسير:

external-link copy
11 : 50

رِّزۡقٗا لِّلۡعِبَادِۖ وَأَحۡيَيۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ ٱلۡخُرُوجُ

Барои рӯзии бандагон; ба василаи он [борон] сарзамини хазонзада ва хушкро ҳаёт бахшидем; хуруҷ аз қабрҳо [дар қиёмат] низ ҳамин гуна аст info
التفاسير:

external-link copy
12 : 50

كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَأَصۡحَٰبُ ٱلرَّسِّ وَثَمُودُ

Пеш аз онон низ қавми Нуҳу аҳолии «Рас» [чоҳ] ва қавми Самуд [паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд info
التفاسير:

external-link copy
13 : 50

وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ وَإِخۡوَٰنُ لُوطٖ

Ва [ҳамчунин қавми] Оду Фиръавн ва қавми Лут info
التفاسير:

external-link copy
14 : 50

وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ وَقَوۡمُ تُبَّعٖۚ كُلّٞ كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ

ва аҳолии «Айка» [қавми Шуайб] ва қавми «Туббаъ»; ҳар як [аз онон] паёмбарони [илоҳӣ]-ро дурӯғгӯ шумурданд; пас, ваъдаи азоби ман [бар онон] таҳаққуқ ёфт info
التفاسير:

external-link copy
15 : 50

أَفَعَيِينَا بِٱلۡخَلۡقِ ٱلۡأَوَّلِۚ بَلۡ هُمۡ فِي لَبۡسٖ مِّنۡ خَلۡقٖ جَدِيدٖ

Оё мо дар офариниши нахустин фуру мондем [то аз бозофаринии он оҷиз бошем]? [Ҳаргиз] Балки онон аз офариниши ҷадид дар [ҳайрат ва] тардиданд info
التفاسير: