Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko - Centro de Rowad At-Taryama

Número de página:close

external-link copy
43 : 23

مَا تَسۡبِقُ مِنۡ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ

Ҳеҷ уммате на аз аҷали худ пешӣ мегирад ва на таъхир мекунад info
التفاسير:

external-link copy
44 : 23

ثُمَّ أَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا تَتۡرَاۖ كُلَّ مَا جَآءَ أُمَّةٗ رَّسُولُهَا كَذَّبُوهُۖ فَأَتۡبَعۡنَا بَعۡضَهُم بَعۡضٗا وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَحَادِيثَۚ فَبُعۡدٗا لِّقَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ

Сипас паёмбарони худро паёпай фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре барои [ҳидояти] уммате меомад, ӯро дурӯғгӯ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро яке пас аз дигаре ҳалок кардем ва ононро достонҳо [-и ибратомӯзе барои ояндагон] қарор додем. Пас, нобуд бод, қавме, ки имон намеоваранд! info
التفاسير:

external-link copy
45 : 23

ثُمَّ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ وَأَخَاهُ هَٰرُونَ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ

Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти [нуҳгонаи] хеш ва далоили ошкор фиристодем info
التفاسير:

external-link copy
46 : 23

إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمًا عَالِينَ

Ба сӯйи Фиръавн ва ашрофи [қавми] ӯ, вале онон гарданкашӣ карданд ва гурӯҳе бартарихоҳ буданд info
التفاسير:

external-link copy
47 : 23

فَقَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لِبَشَرَيۡنِ مِثۡلِنَا وَقَوۡمُهُمَا لَنَا عَٰبِدُونَ

Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсони монанди худ имон биёварем, ҳол он ки қавмашон бардагони мо ҳастанд?» info
التفاسير:

external-link copy
48 : 23

فَكَذَّبُوهُمَا فَكَانُواْ مِنَ ٱلۡمُهۡلَكِينَ

Пас он дуро дурӯғгӯ ангоштанд, [ва] саранҷом ҳалок шуданд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 23

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ لَعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ

Ва бе тардид, ба Мӯсо китоби [Таврот] додем, бошад, ки [Бани Исроил] ҳидоят шаванд info
التفاسير:

external-link copy
50 : 23

وَجَعَلۡنَا ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَأُمَّهُۥٓ ءَايَةٗ وَءَاوَيۡنَٰهُمَآ إِلَىٰ رَبۡوَةٖ ذَاتِ قَرَارٖ وَمَعِينٖ

Ва писари Марям ва модарашро нишонае [аз қудрати илоҳӣ] карор додем ва ононро дар маконе баланд ва ҳамворе, ки дорои амният ва обе [зулолу] ҷорӣ буд, ҷой додем info
التفاسير:

external-link copy
51 : 23

يَٰٓأَيُّهَا ٱلرُّسُلُ كُلُواْ مِنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَٱعۡمَلُواْ صَٰلِحًاۖ إِنِّي بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٞ

Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам info
التفاسير:

external-link copy
52 : 23

وَإِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱتَّقُونِ

Ва дар ҳақиқат, ин дини шумо дини воҳид [ба номи ислом] аст ва ман Парвардигоратон ҳастам. Пас, аз ман парво кунед [битарсед] info
التفاسير:

external-link copy
53 : 23

فَتَقَطَّعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡ زُبُرٗاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ

Аммо [пайравонашон ихтилоф карданд ва] дар кори динашон миёни худ фирқа-фирқа ва пароканда гаштанд ва ҳар гурӯҳе ба он чи наздашон аст, дилхушанд [чаро ки худро бар ҳақ медонанд] info
التفاسير:

external-link copy
54 : 23

فَذَرۡهُمۡ فِي غَمۡرَتِهِمۡ حَتَّىٰ حِينٍ

Пас, [эй Паёмбар] ононро то вақте [ки азоб фаро мерасад] дар ҷаҳлу нодонишон раҳо кун info
التفاسير:

external-link copy
55 : 23

أَيَحۡسَبُونَ أَنَّمَا نُمِدُّهُم بِهِۦ مِن مَّالٖ وَبَنِينَ

Оё гумон мекунанд, он чи аз сарвату фарзандон, ки ба онон медиҳем, info
التفاسير:

external-link copy
56 : 23

نُسَارِعُ لَهُمۡ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ بَل لَّا يَشۡعُرُونَ

[барои ин аст, ки] шитобон некиҳоро ба эшон бирасонем? [На, ҳаргиз чунин нест] Балки онон [ҳақиқатро] дарнамеёбанд info
التفاسير:

external-link copy
57 : 23

إِنَّ ٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ خَشۡيَةِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ

Касоне, ки аз бими Парвардигорашон тарсонанд info
التفاسير:

external-link copy
58 : 23

وَٱلَّذِينَ هُم بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ يُؤۡمِنُونَ

Ва касоне, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд info
التفاسير:

external-link copy
59 : 23

وَٱلَّذِينَ هُم بِرَبِّهِمۡ لَا يُشۡرِكُونَ

Ва касоне, ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд info
التفاسير: