[2970] Гарчанде ин оят дар шаъни баъзе аз мушрикон нозил шуда бошад ҳам, монанди Валид ибни Муғира, лекин барои мусалмон таҳзир аст, ки мабодо бо яке аз ин сифатҳои бад гирифтор нашавад. Тафсири Саъдӣ 1\879
[2973] Тафсири ибни Касир 8\197
[2978] Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: "Парвардигори Мо (дар рӯзи қиёмат) соқашро бараҳна менамояд (бе чӣ гунагӣ) ва ҳар марду зани мӯъмине барояш саҷда мекунад, вале касоне, ки дар дунё ба ҷиҳати риё ва сумъа саҷда мекарданд, мехоҳанд, ки саҷда намоянд, вале пушти онҳо монанди табақи рост қарор мегирад" яъне, қудрат ба саҷда кардан пайдо намекунанд. (Бухорӣ №4919)
[2979] Тафсири ибни Касир 8\200
[2980]Яъне, онҳоро бо молу фарзандон ва неъматҳо зиёд хоҳем кард ва онҳо пиндоранд, ки ин барояшон инъом аст, вале оқибати онро фикр намекунанд, ки ин сабаби ҳалокии онҳост.
[2982] Яъне, мурод аз он неъмат, тавфиқ додани Юнус алайҳиссалом барои тавба буд.