Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir

Аҳқоф

external-link copy
1 : 46

حمٓ

1.Ҳо Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттъа дар авалли сураи Бақара гузашт.) info
التفاسير:

external-link copy
2 : 46

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

2. Ин Қуръон китобест нозил гардида аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманде, ки мағлуб намешавад ва дар тадбиру кардаҳояш боҳикмат аст . info
التفاسير:

external-link copy
3 : 46

مَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَأَجَلٖ مُّسَمّٗىۚ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَمَّآ أُنذِرُواْ مُعۡرِضُونَ

3. Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, барҳақ[2563] ва дар муддати муайян офаридаем. Ва кофирон аз он чи Қуръон бимашон медиҳад, рӯй мегардонанд. info

[2563] Яъне, то бидонанд бандагон бузургии Парвардигорашонро ва Ӯро ягона ибодат кунанд ва бидонанд, ки Ӯ таъоло қодир аст бандагонро баъд аз маргашон дубора зиндабаргардонад, то ки ҳақ ва адлро дар байнашон то вақти муаян кардашуда барпо кунад. Тафсири Саъдӣ 1/ 779

التفاسير:

external-link copy
4 : 46

قُلۡ أَرَءَيۡتُم مَّا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُواْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ لَهُمۡ شِرۡكٞ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِۖ ٱئۡتُونِي بِكِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ هَٰذَآ أَوۡ أَثَٰرَةٖ مِّنۡ عِلۡمٍ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

4.Бигӯ эй Паёмбар барои кофирон: Оё дидед он чиро ба ҷуз Аллоҳ мепарастед (аз бутон мурдагон ва тоғутҳо) , ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо бо ҳамроҳи Аллоҳ ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред![2564] info

[2564] Тафсири Табарӣ 22\92

التفاسير:

external-link copy
5 : 46

وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّن يَدۡعُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَن لَّا يَسۡتَجِيبُ لَهُۥٓ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَهُمۡ عَن دُعَآئِهِمۡ غَٰفِلُونَ

5. Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷуз Аллоҳ чизеро ба дуъо мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, чунки онҳо (бутон, ё мурдагон, ё сангҳо ва дарахтон ва монанди инҳо) аз дуъои бутпарастон бехабаранд, на худ мешунаванд ва на мефаҳманд.[2565] info

[2565] Тафсири Бағавӣ 7\252

التفاسير: