Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir

external-link copy
38 : 33

مَّا كَانَ عَلَى ٱلنَّبِيِّ مِنۡ حَرَجٖ فِيمَا فَرَضَ ٱللَّهُ لَهُۥۖ سُنَّةَ ٱللَّهِ فِي ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلُۚ وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ قَدَرٗا مَّقۡدُورًا

38. Бар паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар анҷом додани он чӣ ки Аллоҳ бар ӯ ҳалол кардааст[2059], ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Аллоҳ барои паёмбарони гузашта низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Аллоҳ ҳисобшуда ва дақиқ аст , бояд ҳатман иҷро шавад[2060]. info

[2059] Яъне, издивоҷ кардан занро баъди талоқи зани писархондаш. [2060] Тафсири Саъдӣ 1\666

التفاسير: