Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir

Page Number:close

external-link copy
94 : 16

وَلَا تَتَّخِذُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ فَتَزِلَّ قَدَمُۢ بَعۡدَ ثُبُوتِهَا وَتَذُوقُواْ ٱلسُّوٓءَ بِمَا صَدَدتُّمۡ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَكُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ

94. Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағжад ва ба сабаби рӯйгардониатон аз роҳи Аллоҳ ба гирифтори бад дучор шавед ва ба азоби бузург гирифтор оед. info
التفاسير:

external-link copy
95 : 16

وَلَا تَشۡتَرُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ ثَمَنٗا قَلِيلًاۚ إِنَّمَا عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

95. Паймони Аллоҳро ба баҳои андак барои моли дунё мафурӯшед, бегумон агар бидонед, он чӣ дар назди Аллоҳ аст, аз савоб бароятон беҳтар аст![1402] info

[1402] Тафсири Бағавӣ 5\41

التفاسير:

external-link copy
96 : 16

مَا عِندَكُمۡ يَنفَدُ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ بَاقٖۗ وَلَنَجۡزِيَنَّ ٱلَّذِينَ صَبَرُوٓاْ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

96. Он чи назди шумост, дар дунё фано мешавад ва он чӣ назди Аллоҳ аст, боқӣ мемонад. Ва ҳамоно ононро, ки сабр варзиданд бар вафо кардан дар осудаҳолию сахтӣ, подоши беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод.[1403] info

[1403] Тафсири Бағавӣ 5\41

التفاسير:

external-link copy
97 : 16

مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

97. ҳар зану марде, ки кори некӯ анҷом диҳад, агар ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае (яъне, ризқи ҳалолу пок) ба ӯ хоҳем дод агарчанде молу мулки каме ҳам дошта бошад ва дар охират подоши беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард.[1404] info

[1404] Тафсири ибни Касир 4\601

التفاسير:

external-link copy
98 : 16

فَإِذَا قَرَأۡتَ ٱلۡقُرۡءَانَ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ

98. Ва чун эй мӯъмин, хоҳӣ ки Қуръон бихонӣ, пас аз шайтони раҷим, ки аз раҳмати Аллоҳ ронда шудааст ба Аллоҳ паноҳ бубар.[1405] info

[1405] Тафсири Бағавӣ 5\42

التفاسير:

external-link copy
99 : 16

إِنَّهُۥ لَيۡسَ لَهُۥ سُلۡطَٰنٌ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ

99. Албатта шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Аллоҳ таваккал мекунанд, ғолибияте нест.[1406] info

[1406] Яъне шайтон бар онҳо ғолиб шуда наметавонад, ки онҳоро бар гуноҳе барад, ки омӯрзида нашавад. Тафсири Бағавӣ 5\43

التفاسير:

external-link copy
100 : 16

إِنَّمَا سُلۡطَٰنُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَوَلَّوۡنَهُۥ وَٱلَّذِينَ هُم بِهِۦ مُشۡرِكُونَ

100. Ҳамоно ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки дӯсташ медоранд ва ӯро итоъат мекунанд ва аз фармонаш берун намеоянд ва касоне, ки ба Аллоҳ ширк меоваранд.[1407] info

[1407] Тафсири Бағавӣ 5\43

التفاسير:

external-link copy
101 : 16

وَإِذَا بَدَّلۡنَآ ءَايَةٗ مَّكَانَ ءَايَةٖ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مُفۡتَرِۭۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

101. Ва чун оятеро ба ҷои ояти дигар ҷойгир кунем[1408], Аллоҳ беҳтар медонад, ки чи чизеро барои бандагонаш хубӣ меорад ва медонад дар чи чиз ҳукмашро тағйир диҳад. Мушрикон мегӯянд: Эй Муҳаммад ба дурустӣ, ки ту бар Аллоҳ дурӯғ мебандӣ, балки бештари онҳо намедонанд![1409] info

[1408] Яъне, ҳукми оятеро ба ҳукми ояти дигар бекор кунем. Тафсири Бағавӣ 5\43
[1409] Тафсири Бағавӣ 5\43

التفاسير:

external-link copy
102 : 16

قُلۡ نَزَّلَهُۥ رُوحُ ٱلۡقُدُسِ مِن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّ لِيُثَبِّتَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهُدٗى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ

102. Бигӯ: «Он Қуръонро руҳулқудс (Ҷабраил) ба ҳақу ростӣ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро устувор созад ва ҳидояту башорате бошад барои мусалмонон ».[1410] info

[1410] Тафсири ибни Касир 4\603

التفاسير: