Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir

Page Number:close

external-link copy
52 : 15

إِذۡ دَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَقَالُواْ سَلَٰمٗا قَالَ إِنَّا مِنكُمۡ وَجِلُونَ

52. Он гоҳ, ки фариштагон бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим низ ҷавоби салом гуфт ва барояшон таъом пешкаш намуд, вале онҳо нахӯрданд ва Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»[1303] info

[1303] Тафсири ибни Касир 4\540

التفاسير:

external-link copy
53 : 15

قَالُواْ لَا تَوۡجَلۡ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ

53. Фариштагон гуфтанд: «Матарс, эй Иброҳим мо туро ба писари доное[1304] мужда медиҳем». info

[1304] Вай Исҳоқ аст

التفاسير:

external-link copy
54 : 15

قَالَ أَبَشَّرۡتُمُونِي عَلَىٰٓ أَن مَّسَّنِيَ ٱلۡكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ

54. Иброҳим ба тааҷҷуб гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам ва ҳамсарам низ пир аст.Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»[1305] info

[1305] Тафсири Саъдӣ 1\432

التفاسير:

external-link copy
55 : 15

قَالُواْ بَشَّرۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡقَٰنِطِينَ

55. Гуфтанд: «Мо туро ба ростӣ мужда додаем, пас аз ноумедон мабош!»[1306] info

[1306]Ҳеҷ шакке нест дар он, ки Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст. Тафсири Саъдӣ 1\432

التفاسير:

external-link copy
56 : 15

قَالَ وَمَن يَقۡنَطُ مِن رَّحۡمَةِ رَبِّهِۦٓ إِلَّا ٱلضَّآلُّونَ

56. Иброҳим гуфт: «Ба ҷуз гумроҳон кист, ки аз раҳмати Парвардигораш ноумед шавад?» info
التفاسير:

external-link copy
57 : 15

قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ أَيُّهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ

57. Гуфт: «Эй фиристодагон, чӣ кори муҳиме доред?» info
التفاسير:

external-link copy
58 : 15

قَالُوٓاْ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمٖ مُّجۡرِمِينَ

58. Фариштагон гуфтанд: «Мо ба сӯи қавми гунаҳкорон фиристода шудаем ва ҳамаро нобуд мекунем, info
التفاسير:

external-link copy
59 : 15

إِلَّآ ءَالَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمۡ أَجۡمَعِينَ

59. магар хонадони Лутро, ки ҳамаашонро наҷот медиҳем, info
التفاسير:

external-link copy
60 : 15

إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَآ إِنَّهَا لَمِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ

60. магар ҳамсарашро, ки муқаррар намудаем, ки аз боқимондагон дар азоб бошад». info
التفاسير:

external-link copy
61 : 15

فَلَمَّا جَآءَ ءَالَ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلُونَ

61. Чун фариштагон назди хонадони Лут омаданд, info
التفاسير:

external-link copy
62 : 15

قَالَ إِنَّكُمۡ قَوۡمٞ مُّنكَرُونَ

62. Лут барояшон гуфт: «Шумо гурӯҳи ношиносед». info
التفاسير:

external-link copy
63 : 15

قَالُواْ بَلۡ جِئۡنَٰكَ بِمَا كَانُواْ فِيهِ يَمۡتَرُونَ

63. Фариштагон гуфтанд матарс: «Балки, барои ту он чизеро (азоберо), ки дар он шак мекарданд, овардаем. info
التفاسير:

external-link copy
64 : 15

وَأَتَيۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

64. Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем, ки Аллоҳ қавми туро ҳалоккунандааст. info
التفاسير:

external-link copy
65 : 15

فَأَسۡرِ بِأَهۡلِكَ بِقِطۡعٖ مِّنَ ٱلَّيۡلِ وَٱتَّبِعۡ أَدۡبَٰرَهُمۡ وَلَا يَلۡتَفِتۡ مِنكُمۡ أَحَدٞ وَٱمۡضُواْ حَيۡثُ تُؤۡمَرُونَ

65. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони худро ва мӯъминонро берун бибар ва худ аз паи онҳо рав ва онҳо пеш-пеши ту ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад[1307]. Ва ҳар ҷо, ки Аллоҳ фармонатон дод, зуд биравед, то дар амон бимонед.[1308] info

[1307] Яъне, ақибнишинӣ накунад, то ба азоб дучор нагардад.
[1308] Тафсири Табарӣ 17\116

التفاسير:

external-link copy
66 : 15

وَقَضَيۡنَآ إِلَيۡهِ ذَٰلِكَ ٱلۡأَمۡرَ أَنَّ دَابِرَ هَٰٓؤُلَآءِ مَقۡطُوعٞ مُّصۡبِحِينَ

66. Ва барои Лут ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, ҳамаи онҳо нобуд ва решакан хоҳанд шуд. info
التفاسير:

external-link copy
67 : 15

وَجَآءَ أَهۡلُ ٱلۡمَدِينَةِ يَسۡتَبۡشِرُونَ

67. Ва Аҳли шаҳр аз дидани меҳмонон (фариштагон) шодикунон омаданд. info
التفاسير:

external-link copy
68 : 15

قَالَ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ ضَيۡفِي فَلَا تَفۡضَحُونِ

68. Лут барояшон гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед. info
التفاسير:

external-link copy
69 : 15

وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُخۡزُونِ

69. Аз Аллоҳ битарсед ва маро шармсор масозед». info
التفاسير:

external-link copy
70 : 15

قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ نَنۡهَكَ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

70. Қавми Лут гуфтанд: «Магар туро аз меҳмондорӣ ва паноҳ додани мардум манъ накарда будем?» info
التفاسير: