Übersetzung der Bedeutungen von dem heiligen Quran - Tadschikische Übersetzung - Rowwad-Übersetzungszentrum

Nummer der Seite:close

external-link copy
17 : 68

إِنَّا بَلَوۡنَٰهُمۡ كَمَا بَلَوۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ إِذۡ أَقۡسَمُواْ لَيَصۡرِمُنَّهَا مُصۡبِحِينَ

Мо онҳоро озмоиш кардем, ҳамон гуна ки соҳибони боғро озмудем, ҳангоме ки савганд ёд карданд, ки субҳгоҳон [ки мустамандон набошанд] меваҳои боғро бичинанд info
التفاسير:

external-link copy
18 : 68

وَلَا يَسۡتَثۡنُونَ

Ва [-ле] «иншоаллоҳ» нагуфтанд info
التفاسير:

external-link copy
19 : 68

فَطَافَ عَلَيۡهَا طَآئِفٞ مِّن رَّبِّكَ وَهُمۡ نَآئِمُونَ

Пас, азобе [фарогир] аз сӯйи Парвардигорат бар [боғи] онҳо фуруд омад, дар ҳоле ки ҳама дар хоб буданд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 68

فَأَصۡبَحَتۡ كَٱلصَّرِيمِ

Пас, он боғ [-и сабзу хуррам пас аз оташсӯзӣ] ҳамчун шаби сиёҳ шуд info
التفاسير:

external-link copy
21 : 68

فَتَنَادَوۡاْ مُصۡبِحِينَ

Он гоҳ субҳгоҳон якдигарро нидо доданд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 68

أَنِ ٱغۡدُواْ عَلَىٰ حَرۡثِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰرِمِينَ

Ки агар мехоҳед, дарав кунед, ба сӯйи киштзор [ва боғ]-и хеш биравед info
التفاسير:

external-link copy
23 : 68

فَٱنطَلَقُواْ وَهُمۡ يَتَخَٰفَتُونَ

Пас [ба сӯйи киштзор] ҳаракат карданд, дар ҳоле ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд: info
التفاسير:

external-link copy
24 : 68

أَن لَّا يَدۡخُلَنَّهَا ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكُم مِّسۡكِينٞ

«[Муроқиб бошед] Ки имрӯз ҳеҷ [ниёзманд ва] бенавое дар он [боғ] ворид нашавад!» info
التفاسير:

external-link copy
25 : 68

وَغَدَوۡاْ عَلَىٰ حَرۡدٖ قَٰدِرِينَ

Ва субҳгоҳон бо тасмими ҷиддӣ бар ҷилавгирӣ [аз вуруди мустамандон ба самти боғ] берун шуданд info
التفاسير:

external-link copy
26 : 68

فَلَمَّا رَأَوۡهَا قَالُوٓاْ إِنَّا لَضَآلُّونَ

Пас, ҳангоме ки он [боғ]-ро диданд, гуфтанд: «Яқинан мо [иштибоҳ омадаем ва] роҳро гум кардаем info
التفاسير:

external-link copy
27 : 68

بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ

балки ҳама чизро аз даст додаем info
التفاسير:

external-link copy
28 : 68

قَالَ أَوۡسَطُهُمۡ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ لَوۡلَا تُسَبِّحُونَ

Яке аз беҳтарин [ва хирадмандтарин]-и эшон гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, чаро [шукру] тасбеҳ [-и Аллоҳро] намегӯед?» info
التفاسير:

external-link copy
29 : 68

قَالُواْ سُبۡحَٰنَ رَبِّنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ

Гуфтанд: «Парвардигори мо поку муназзаҳ аст. Мусалламан, мо ситамгор будем» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 68

فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَلَٰوَمُونَ

Он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд info
التفاسير:

external-link copy
31 : 68

قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا طَٰغِينَ

[ва] Гуфтанд: «Вой бар мо, ки туғёнгар [ва саркаш] будем! info
التفاسير:

external-link copy
32 : 68

عَسَىٰ رَبُّنَآ أَن يُبۡدِلَنَا خَيۡرٗا مِّنۡهَآ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا رَٰغِبُونَ

Умедворем, ки Парвардигорамон [моро бибахшад ва] дар иваз чизе беҳтар аз он [боғ] ба мо диҳад, [чаро ки] бе гумон, мо ба сӯи Парвардигори худ рӯй овардаем» info
التفاسير:

external-link copy
33 : 68

كَذَٰلِكَ ٱلۡعَذَابُۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ

Азоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст. info
التفاسير:

external-link copy
34 : 68

إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ

Ба ростӣ, барои парҳезкорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмат аст info
التفاسير:

external-link copy
35 : 68

أَفَنَجۡعَلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ كَٱلۡمُجۡرِمِينَ

Оё мо мусулмононро ҳамчун муҷримон [ва гунаҳгорон] қарор медиҳем? info
التفاسير:

external-link copy
36 : 68

مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ

Шуморо чи шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед? info
التفاسير:

external-link copy
37 : 68

أَمۡ لَكُمۡ كِتَٰبٞ فِيهِ تَدۡرُسُونَ

Оё шумо китобе [осмонӣ] доред, ки дар он фаромегиред? info
التفاسير:

external-link copy
38 : 68

إِنَّ لَكُمۡ فِيهِ لَمَا تَخَيَّرُونَ

Ва [оё] он чиро интихоб мекунед, дар он [китоб] барои шумо [навишта шуда] аст? info
التفاسير:

external-link copy
39 : 68

أَمۡ لَكُمۡ أَيۡمَٰنٌ عَلَيۡنَا بَٰلِغَةٌ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّ لَكُمۡ لَمَا تَحۡكُمُونَ

Ё ин ки бар [уҳдаи] Мо аҳду паймони устуворе то рӯзи қиёмат доред, ки ҳар чиро ҳукм кунед, [ҳақ] барои шумо бошад? info
التفاسير:

external-link copy
40 : 68

سَلۡهُمۡ أَيُّهُم بِذَٰلِكَ زَعِيمٌ

[Эй Паёмбар,] аз онҳо бипурс кадом як аз онон дар баробари ин [иддаоҳо] мутааҳҳид аст? info
التفاسير:

external-link copy
41 : 68

أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَآءُ فَلۡيَأۡتُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ

Ва ё ин ки [маъбудон ва] шариконе доранд? Пас агар рост мегӯянд, бояд шарикон [ва маъбудони] хешро биёваранд info
التفاسير:

external-link copy
42 : 68

يَوۡمَ يُكۡشَفُ عَن سَاقٖ وَيُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ

Рӯзе, ки [соқ ошкор гардад ва] кор сахту душвор шавад ва [мардум] ба саҷда фаро хонда мешаванд, вале [кофирон ва мунофиқон] наметавонанд [саҷда кунанд] info
التفاسير: