Übersetzung der Bedeutungen von dem heiligen Quran - Tadschikische Übersetzung - Rowwad-Übersetzungszentrum

Қасас

external-link copy
1 : 28

طسٓمٓ

То, син, мим.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 28

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ

Ин оёти китоби равшангар аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 28

نَتۡلُواْ عَلَيۡكَ مِن نَّبَإِ مُوسَىٰ وَفِرۡعَوۡنَ بِٱلۡحَقِّ لِقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

[бахшҳое] аз достони Мӯсо ва Фиръавнро барои касоне, ки имон овардаанд, ба дурустӣ бар ту тиловат мекунем info
التفاسير:

external-link copy
4 : 28

إِنَّ فِرۡعَوۡنَ عَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَجَعَلَ أَهۡلَهَا شِيَعٗا يَسۡتَضۡعِفُ طَآئِفَةٗ مِّنۡهُمۡ يُذَبِّحُ أَبۡنَآءَهُمۡ وَيَسۡتَحۡيِۦ نِسَآءَهُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

Бе тардид, Фиръавн дар сарзамини [Миср] бартарихоҳӣ кард ва мардумашро ба гурӯҳҳо тақсим намуд. Гурӯҳе аз ононро ба нотавонӣ [ва хорӣ] мекашонд, [чунон ки] писаронашонро мекушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ, ки ӯ аз табаҳкорон буд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 28

وَنُرِيدُ أَن نَّمُنَّ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَنَجۡعَلَهُمۡ أَئِمَّةٗ وَنَجۡعَلَهُمُ ٱلۡوَٰرِثِينَ

Ва мехостем бар Бани Исроил, ки дар он сарзамин ба нотавонӣ кашида шуда буданд, [бо нобуд кардани душманашон] миннат бигузорем ва пешвоён [-и мардум] қарорашон диҳем ва [пас аз нобудии Фиръавн] ононро ворисон [-и сарзамини Шом] намоем info
التفاسير: