Übersetzung der Bedeutungen von dem heiligen Quran - Tadschikische Übersetzung - Rowwad-Übersetzungszentrum

Nummer der Seite:close

external-link copy
32 : 24

وَأَنكِحُواْ ٱلۡأَيَٰمَىٰ مِنكُمۡ وَٱلصَّٰلِحِينَ مِنۡ عِبَادِكُمۡ وَإِمَآئِكُمۡۚ إِن يَكُونُواْ فُقَرَآءَ يُغۡنِهِمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ

[Эй муъминон] Мардону занони муҷарради худро ҳамсар диҳед ва ғуломону канизонро, ки шоистагӣ доранд [низ ҳамсар диҳед]. Агар онон тиҳидаст бошанд, Аллоҳ таоло аз бахшиш [ва лутфи] хеш бениёзашон месозад ва Аллоҳ таоло кушоишгари огоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
33 : 24

وَلۡيَسۡتَعۡفِفِ ٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ نِكَاحًا حَتَّىٰ يُغۡنِيَهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۗ وَٱلَّذِينَ يَبۡتَغُونَ ٱلۡكِتَٰبَ مِمَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡ فَكَاتِبُوهُمۡ إِنۡ عَلِمۡتُمۡ فِيهِمۡ خَيۡرٗاۖ وَءَاتُوهُم مِّن مَّالِ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ ءَاتَىٰكُمۡۚ وَلَا تُكۡرِهُواْ فَتَيَٰتِكُمۡ عَلَى ٱلۡبِغَآءِ إِنۡ أَرَدۡنَ تَحَصُّنٗا لِّتَبۡتَغُواْ عَرَضَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَمَن يُكۡرِههُّنَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ مِنۢ بَعۡدِ إِكۡرَٰهِهِنَّ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Касоне, ки [шароиту имконоти] издивоҷ надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ таоло ононро аз бахшиши хеш бениёз намояд. Ва бардагоне, ки хостори бозхарид [ва озодии хеш] ҳастанд, агар дар онон [тавоноии пардохти мол ва] шоистагӣ мебинед, [дархосташонро] бипазиред ва аз сарвате, ки Аллоҳ таоло ба шумо ато кардааст, чизе ба онон бахшед [то ба озодиашон кумак кунед]. Ҳамчунин, канизонатонро, ки мехоҳанд покдоман бошанд, ба зино водор накунед, то баҳраи [ночиз] зиндагии дунёро ба даст оваред ва агар касе, ки ононро [ба ин кор] ворид намояд, Аллоҳ таоло пас аз маҷбур шуданашон, ҳатман, [нисбат ба онон] омурзанда [ва] меҳрубон аст info
التفاسير:

external-link copy
34 : 24

وَلَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ ءَايَٰتٖ مُّبَيِّنَٰتٖ وَمَثَلٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلِكُمۡ وَمَوۡعِظَةٗ لِّلۡمُتَّقِينَ

Ва ба ростӣ, ба сӯйи шумо оёте равшан ва достоне аз зиндагии пешиниёнатон ва панде барои парҳезгорон нозил кардаем info
التفاسير:

external-link copy
35 : 24

۞ ٱللَّهُ نُورُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ مَثَلُ نُورِهِۦ كَمِشۡكَوٰةٖ فِيهَا مِصۡبَاحٌۖ ٱلۡمِصۡبَاحُ فِي زُجَاجَةٍۖ ٱلزُّجَاجَةُ كَأَنَّهَا كَوۡكَبٞ دُرِّيّٞ يُوقَدُ مِن شَجَرَةٖ مُّبَٰرَكَةٖ زَيۡتُونَةٖ لَّا شَرۡقِيَّةٖ وَلَا غَرۡبِيَّةٖ يَكَادُ زَيۡتُهَا يُضِيٓءُ وَلَوۡ لَمۡ تَمۡسَسۡهُ نَارٞۚ نُّورٌ عَلَىٰ نُورٖۚ يَهۡدِي ٱللَّهُ لِنُورِهِۦ مَن يَشَآءُۚ وَيَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡأَمۡثَٰلَ لِلنَّاسِۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ

Аллоҳ таоло нури осмонҳо ва замин аст. Масали нури Ӯ ҳаммонанди чароғдонест, ки дарунаш чароғе [афрӯхта] аст [ва] он чароғ дар шишае қарор дорад [ва] он шиша гӯӣ ситорае дурахшон аст. Ин чароғ бо [равғани] дарахти пурбаракати зайтун афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ [ва хуршед ҳамвора бар он метобад]. Равғанаш [чунон зулол аст, ки] наздик аст, бидуни тамос бо оташ шуълавар гардад. Нурест афзун бар нур. [Қалби муъмин низ бо нури ҳидоят ин гуна равшан мешавад] Ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба нури хеш ҳидоят мекунад ва Аллоҳ таоло барои мардум масалҳо мезанад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чиз доност info
التفاسير:

external-link copy
36 : 24

فِي بُيُوتٍ أَذِنَ ٱللَّهُ أَن تُرۡفَعَ وَيُذۡكَرَ فِيهَا ٱسۡمُهُۥ يُسَبِّحُ لَهُۥ فِيهَا بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ

[Ин чароғи ҳидоят] Дар масоҷидест, ки Аллоҳ таоло амр кардааст, то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад, [ва] дар он ҷо бомдодон ва шомгоҳон Ӯро ба покӣ биситоянд info
التفاسير: