Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Havdže Mejruf Havdže Mejr

external-link copy
6 : 4

وَٱبۡتَلُواْ ٱلۡيَتَٰمَىٰ حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغُواْ ٱلنِّكَاحَ فَإِنۡ ءَانَسۡتُم مِّنۡهُمۡ رُشۡدٗا فَٱدۡفَعُوٓاْ إِلَيۡهِمۡ أَمۡوَٰلَهُمۡۖ وَلَا تَأۡكُلُوهَآ إِسۡرَافٗا وَبِدَارًا أَن يَكۡبَرُواْۚ وَمَن كَانَ غَنِيّٗا فَلۡيَسۡتَعۡفِفۡۖ وَمَن كَانَ فَقِيرٗا فَلۡيَأۡكُلۡ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ فَإِذَا دَفَعۡتُمۡ إِلَيۡهِمۡ أَمۡوَٰلَهُمۡ فَأَشۡهِدُواْ عَلَيۡهِمۡۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ حَسِيبٗا

6. Ва ятимонро биёзмоед, то он гоҳ ки ба синни издивоҷ бирасанд, пас агар дар онҳо салоҳият дидед, амволашонро ба худашон бисупоред ва амволи онҳоро пеш аз он ки бузург (калон) шаванд, ба исроф ва шитоб нахўред.[319] Ва ҳар кас ки тавонгар ва сарватманд бошад, бояд аз гирифтани ҳаққи (уҷраи) сарпарастӣ худдорӣ кунад. Ва ҳар кас, ки ниёзманд бошад, бояд ба сурати писандида ва некў бихўрад, пас вақте ки молҳояшонро ба онҳо супоридед, касонеро аз онҳо ба шоҳидӣ гиред, дар вақти додани моли онҳо, то шоҳидеро ихтиёр кунед ва Аллоҳ барои ҳисоб кардан кофист. info

[319] Яъне, дар хурдсолии онҳо

التفاسير: