Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Havdže Mejruf Havdže Mejr

Broj stranice:close

external-link copy
64 : 29

وَمَا هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا لَهۡوٞ وَلَعِبٞۚ وَإِنَّ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَ لَهِيَ ٱلۡحَيَوَانُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ

64. Зиндагонии ин дунё нест, ҷуз бозиву беҳудагӣ, ки дилҳо ба он саргарм мешаванд ва баданҳо ба он бозӣ мекунанд. Ба сабабе, ки дар он зебу зиннатҳо ва шаҳватҳо ороста шудааст. Баъд аз он зуд аз байн меравад. Ва зиндагии ҷаҳони охират, зиндагии ростин аст, агар мушрикон ин дунёи фониро медонистанд ҳеҷгоҳ бар сарои абадӣ тарҷеҳ намедоданд.[1938] info

[1938] Тафсири Саъдӣ 1\635

التفاسير:

external-link copy
65 : 29

فَإِذَا رَكِبُواْ فِي ٱلۡفُلۡكِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ إِذَا هُمۡ يُشۡرِكُونَ

65. Ва чун мушрикон ба киштӣ савор шаванд аз ғарқ шудани дар баҳр битарсанд, он ҳангом Аллоҳро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд ва чун аз ғарқ шудан наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, дар он ҳолат боз ширк меоваранд, info
التفاسير:

external-link copy
66 : 29

لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ وَلِيَتَمَتَّعُواْۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ

66. то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, ношукрӣ кунанд ва чанд рӯзе аз лаззатҳои зудгузари дунё бархурдор шаванд. Албатта ба зудӣ хоҳанд донист, вайронаи амалашонро ва он чӣ Аллоҳ омода кардааст барояшон азоби дардовари рӯзи қиёматро.[1939] info

[1939] Тафсири Бағавӣ 6/ 255 Ин оят барои мушрикон таҳдид ва ваъда ба азоб аст.

التفاسير:

external-link copy
67 : 29

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا جَعَلۡنَا حَرَمًا ءَامِنٗا وَيُتَخَطَّفُ ٱلنَّاسُ مِنۡ حَوۡلِهِمۡۚ أَفَبِٱلۡبَٰطِلِ يُؤۡمِنُونَ وَبِنِعۡمَةِ ٱللَّهِ يَكۡفُرُونَ

67. Оё надидаанд кофирони Макка, ки Мо ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон рабуда мешаванд ва дар ҳама ҷойи берун аз ҳарам куштору ғорат мекунанд? Оё ба (бутҳои) ботил имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрӣ мекунанд?[1940] info

[1940] Тафсири Табарӣ 20/62

التفاسير:

external-link copy
68 : 29

وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُۥٓۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوٗى لِّلۡكَٰفِرِينَ

68. Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме, ки ҳақ (яъне, Қуръон) ба сӯи ӯ ояд, дурӯғ мешуморад? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест, ки паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро дурӯғ мебароранд?[1941] info

[1941] Тафсири Бағавӣ 6/256

التفاسير:

external-link copy
69 : 29

وَٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ فِينَا لَنَهۡدِيَنَّهُمۡ سُبُلَنَاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَمَعَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

69. Касонеро, ки дар роҳи пирӯзии дини Мо кӯшиш кунанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва Аллоҳ, ҳароина, бо некӯкорон аст, онҳоро нусрат, муҳофизат ва ҳидоят мекунад! info
التفاسير: